Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо коронавирус "вазъияти ҷангӣ" эълон кард


Кореяи Ҷанубӣ. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳоле, ки мавридҳои гирифторӣ ба вируси корона дар чанд кишвари дигар сабт шудааст, Кореяи Ҷанубӣ барои пешгирӣ аз густариши ин беморӣ "вазъияти ҷангӣ" эълон кардааст.

Президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин рӯзи сешанбе гуфтааст, ки кишвараш "дар ҷанг бо коронавирус" қарор дорад. Тибқи иттилои пойгоҳи хабарии "Блумберг", президенти Кореяи Ҷанубӣ дар нишасти кобинаи кишвараш ба ҳама ниҳодҳои давлатӣ дастур додааст, ки дар ҳолати омодабоши 24-соата қарор дошта бошанд.

Раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ҳамзамон аз мардумаш барои муҳайё накардани шароити мусоиди тиббӣ, узрхоҳӣ кардааст. Вай бо ишора ба коҳиши сармоягузорӣ ва тавлидот гуфтааст, ки иқтисоди кишвараш дар рӯбарӯи як вазъияти "хатарнок" қарор дорад.

Дар ҳоли ҳозир дар Кореяи Ҷанубӣ наздик ба 5 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 34 тан ҷон бохтаанд. Дар ин кишвар чораҳои сахт рӯи даст гирифта шуда, даҳҳо ҳазор нафар то ба ҳол мавриди озмоиш қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, "муҳимтарин нигаронии мо паҳн шудани корона дар Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Италия ва Ҷопон аст".

Тибқи омори расмии эълоншуда дар Эрон, дар ин кишвар то рӯзи сешанбеи 3-юми март 2336 нафар ба ин беморӣ мубтало шуда, 77 тан ба ҳалокат расиданд. Дар Италия омори гирифторон дар рӯзи душанбе аз 2 ҳазор нафар гузашт ва шумораи ҷонбохтагон ба 52 тан расид.

Дар Ҷопон 256 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда ва 6 нафар ҷон бохтанд. Ин рақам бидуни дар назар гирифтани киштии мусофирбарест, ки дар соҳили ин кишвар карантин аст. Дар он киштӣ беш аз 700 нафар ба вирус гирифтор шудаанд, ки то кунун 6 тани аз онҳо ҷон додаанд.

Дар Амрико низ теъдоди ҷонбохтагон дар рӯзи душанбеи 2-юми март ба таври ногаҳонӣ афзоиш ёфт ва ба 6 тан расид. Дар ин кишвар беш аз 90 кас ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Вируси нав охири соли гузашта дар Вуҳани Чин пайдо шуд ва мавридҳои гирифторӣ дар 60 кишвари ҷаҳон сабт шудааст. Дар ин муддат беш аз 3000 нафар ҷон бохта, ҳудуди 90 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG