Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯ задани видеои тирандозии 21-уми май дар Хоруғ


Дар шабакаҳои нашри видео наворе пайдо шуд, ки манзараи умумии тирандозии рӯзи 21-уми майи соли равон дар Хоруғро нишон медиҳад.

Дар ин навор, ки манбаи нашраш маълум набуда, зоҳиран, аз дурбини бинои Раёсати умури дохилии Хоруғ сабт шудааст, лаҳзае пеш аз тирандозии рӯзи 21-уми май ва ҷараёни он дида мешавад. Дар оғоз, мошини боркаше аз кӯчаи паҳлуи шӯъбаи умури дохилӣ берун меояд ва роҳро мебандад. Вақте як мошини сафед ва як мошини сиёҳ ба ин "роҳбандон" наздик мешаванд, мошини сафед ба воситаи пиёдароҳ аз он мегузарад ва мошини сиёҳ ҳадафи тирандозӣ қарор мегирад. Рӯшан дида намешавад, ки оё аз дохили мошини сиёҳ ба сӯи кормандони умури идохилӣ тирандозӣ сурат мегирад ё на, вале дертар аз як нафар аз миёни онҳо меафтад ва ӯро аз саҳнаи воқеа мебаранд. Ин нишон медиҳад, ки аз дохили мошини сиёҳ тирандозии ҷавобӣ сурат гирифтааст.

Эҳтимол меравад, ин мошинест, ки дар дохили он Муннавар Шанбиев, Ферайдун Абдурасулов ва Собир Худоихонов нишаста буданд. Мақомот онҳоро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекунанд.

Шоми он рӯз Амрихудо Дамдор, муовини якуми раиси вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин воқеа ҳангоми дастгир кардани як гурӯҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Ӯ гуфт, ин амалиёти боздоштро раёсати корҳои дохилаи вилоят анҷом дод. Дар ин навор дида мешавад, ки амалиёт дар маркази шаҳр ва дар ҳоле баргузор шудааст, ки раҳгузарон аз канори ин ҷода мегузаштанд. Воқеа сабаби тазоҳурот ва дертар ҳамлаи гурӯҳи ҷавонон ба биноҳои маъмурии шаҳр, аз ҷумла шӯъбаи умури дохилӣ ва додситонӣ гашта буд. Сокинони Хоруғ рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки мардум ба дунболи тирпарронӣ дар назди идораи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ ҷамъ омада, талаб доранд, ки боздоштшудаҳоро озод карда ва маъмурони ОМОН-ро, ки алайҳи сокинони Хоруғ тир кушодаанд, ба масъулият бикашонанд.

Манбаи Озодӣ дар Хоруғ он замон гуфта буд, ки дар ҷараёни амалиёти боздошти як гурӯҳ аз ҷавонони маҳаллӣ, ки зоҳиран ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуданд, 2 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд. Як манбаи наздик ба созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бо такя ба "манобеи боварбахш" хабар дод, ки "пулис дар шаҳри Хоруғ як мошини ҳомили 3 ҷавонмардеро, ки "раҳбарони ғайрирасмии ҷавонон" ба шумор мерафтаанд, манъ мекунад ва "бигӯ-бигӯ"-и байни онҳо мунҷар ба тир хӯрдани ҳарсе мусофири ин мошин мешавад." Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, дар ин тирпарронӣ Давид Ниёзбеков ном афсари нирӯҳои вижаи мавсум ба ОМОН низ ҷароҳат бардоштааст.

XS
SM
MD
LG