Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари нооромиҳои Хоруғ 10 миллион ҳисоб шудааст


Хоруғ. 21 май
Хоруғ. 21 май
Зарари ворида бар асари ҳаводиси рӯзҳои 21 -24 май дар шаҳри Хоруғ, тибқи шумориши муқадамотӣ, бештар аз 10 миллион сомонӣ будааст. Давлат Абдураҳмонов, як масъули ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Бадахшон рӯзи 2-юми июн ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари сӯхторе, ки дар натиҷаи эътирози мардум ба амал омада, бинои додситонӣ, раёсати корҳои дохилӣ ва додгоҳро фаро гирифт, бештар аз 10 миллион сомонӣ зиён расидааст. Вай гуфт, Шералӣ Хайруллоев, ёвари президент оид ба масъалаи амният ва дифоъ дар мулоқот бо мардум ин рақами пешакиро зикр кард, вале ба гуфтаи Абдураҳмонов, мизони воқеии хисорот хеле бештар аз ин рақам аст. Абдураҳмонов зикр кард, мояи нигаронии бештар аз он аст, ки дар бинои додситонии вилоят, додгоҳ ва умури дохила бар асари сӯхтор ҳамаи парвандаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки «хеле муҳим» буданд, нобуд шудаанд. Вай афзуд барои барқарор кардани ин ҳуҷҷатҳо идораҳои дигар машғул хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Абдураҳмонов, ҳоло гуруҳи корӣ зарари ворида бар асари ҳаводиси нооромиҳои Хоруғро омӯхта истодааст ва имкон дорад рақами дақиқро рӯзҳои оянда баён кунанд.
Рӯзи 21 май дар пайи як тирпарронӣ дар маркази Хоруғ, ки мунҷар ба ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳат бардоштани 4 тани дигар шуд, мардум ба шӯр омада, биноҳои милиса, додситонӣ ва додгоҳи вилояти Бадахшонро оташ заданд.
XS
SM
MD
LG