Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танишҳои лафзӣ миёни Эрон ва Арабистон


Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ.
Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ.

Як рӯз пас аз он, ки вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки "дахолат"-и Теҳрон дар Яман, Сурия, Ироқ ва Лубнон қобили қабул нест, Эрон таъкид кард, ки ба ҳимояти худ аз кишварҳои ёдшуда идома медиҳад.

Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки "мо мунтазири рӯзе ҳастем, ки робитаҳои хубе бо Эрон барпо кунем. Аммо ин ба рафтори Эрон вобаста аст ва ба ин, ки ба масъалаҳои минтақа дахолат накунад. Аз терроризм ҳимоят накунад ва аз равишҳое, ки аъмоли онҳо ба манофеи мардум ва минтақа латма ворид мекунад, даст бардорад."

Як рӯз пас аз ин суханон, Ҳусайн Абдулилоҳиён, муовини арабӣ-африқоии вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, "Теҳрон бар хилофи бархе тарафҳо, ки аз терроризм ҳимоят ва истифодаи абзорӣ мекунанд ва амнияти минтақаро ба бозӣ гирифтаанд, ба таври комил аз Ироқ, Лубнон, Яман ва Сурия ва кишварҳои дар маърази таҳдидоти террористӣ, ҳимоят мекунад."

Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон --ИРНА, вай таъкид кардааст, ки амнияти Эрон, Ироқ, Яман ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба ҳам пайвастааст. Муовини вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки "мо аз равобити хуб бо Риёз истиқбол мекунем ва интизор дорем, ки Арабистони Саудӣ дар минтақа нақши созанда ифо кунад ва бо рӯи даст гирифтани сиёсатҳои дуруст ва санҷида, монеи густариши ҷангу тақвияти терроризм ва бештар шудани ноамнӣ, дар минтақа шавад."

Таниш дар равобити дипломатӣ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ пас аз мудохилаи низомии ин кишвар дар Яман боло гирифт ва вазорати умури хориҷии Эрон дар робита ба ин масъала, дар ду моҳи гузашта се бор кордори Арабистони Саудӣ дар Теҳронро эҳзор кардааст.

Эрон дар Яман аз шӯришиёни шиамазҳаби ҳусӣ ҳимоят мекунад. Дар ҳоле, ки Арабистони Саудӣ хостори бозгашти давлати Абдурабуҳ Мансур Ҳодӣ ба қудрат аст, ки тавассути СММ ва аксари кишварҳои ҷаҳон ба унвони давлати қонунии Яман шинохта мешавад. Дар Сурия низ Эрон қотеъона аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунад, аммо Арабистони Саудӣ аз мухолифони сарсахти режими Димишқ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG