Ба таъкиди Вазорат, ин афрод дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, барои солҳои 2023-2027 ба кор фаро гирифта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар кишвар дар нимсолаи якуми соли 2024 зиёда аз 100 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Дар гузашта бархе аз корфармоён гуфта буданд, шумори бекорон зиёд аст, аммо ҳангоми даъват ба ҷойи кор аксари онҳо бо сабаби камии маош ё пешниҳоди корро намепазиранд ё зуд онро тарк мекунанд.
Бекорӣ ё кор бо маоши кам аз мушкилҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон буда, ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои дарёфти кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд.
Танҳо ба ҳисоби мақомоти Русия ҳоло беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд. Шумораи воқеии онҳо бештар аз ин гуфта мешавад.