Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон "Алға, Қарақалпоқистон"-ро созмони террористӣ эълом кард


Додгоҳи олии Узбекистон ҳаракати мухолифи "Алға, Қарақалпоқистон"-ро созмони террористӣ эълом ва фаъолияташро дар ин кишвар манъ кард.

Ба гуфтаи Виталий Пономарев, мудири барномаҳои созмони ҳуқуқии "Мемориал" дар Осиёи Марказӣ, ин қарор 22 феврали имсол содир шудааст.

Бунёди Ҳелсинкии Туркманистон хабари Виталий Пономаревро 6 июн дар сомонаи худ нашр кардааст.

Қарори созмони террористӣ эълом шудани "Алға, Қарақалпоқистон" баъди он расонаӣ шуд, ки Додгоҳи ноҳияи Хоҷейлии Узбекистон ҳукми Парахат Мусапбаровро рӯзи 30 майи имсол эълом кард.

Яке аз иттиҳомҳои Мусапбаров иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ гуфта шудааст. Дар он қарори Додгоҳи олии Узбекистон дар бораи манъи "Алға, Қарақалпоқистон" ҳам зикр гаштааст.

XS
SM
MD
LG