Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон 9 тоҷикистонии собиқро ба шаҳрвандӣ қабул кард


Дар миёни 179 шаҳрванди нави Узбакистон, ки баъди чоряк асри интизорӣ бо фармони президенти нав Шавкат Мирзиёев соҳиби шиносномаи ин кишвар шуданд, 9 тоҷикистонии собиқ – ду тоҷику ҳафт узбактабор – ҳам ҳастанд. Ҳамаи ин афрод давоми 20-25 соли гузашта бо як амри нонавиштаи ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, наметавонистанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд.

Диплом сӯхт, таҳсили пурмашаққатам дар Донишгоҳи тиббӣ ҳам бекор шуд ва ман ба як зани хонанишини беҳуқуқ табдил шудам.

Бо ҳисобҳои тахминии Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2005, шумори ингуна сокинони Узбакистон аз 40 ҳазор нафар бештар будааст. Вале ҳукумати Узбакистон ба ҷомеа ва матбуот ҳеҷ гоҳ сабаби аслии манъи додани ҳаққи шаҳрвандиро шарҳ надодаанд.

Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин амр ҳам яке дигар аз он тасмимҳои баҳсбарангезу табъйизомези даврони Ислом Каримов буд. Коршиносон танҳо тахмин мезананд, ки эҳтимол сабаби аслии манъи додани шаҳрвандӣ баъди солҳои 1992-95 мушкил кардани шароити зисти шаҳрвандони Тоҷикистон буд, ки аз оташи ҷанги дохилӣ ба ин кишвари ҳамсоя паноҳ бурда буданд. Дар солҳои ҷанги дохилӣ садҳо тоҷикистоние, ки дар Узбакистон хешутабор доштанд, зиндагиро дар ин кишвари ҳамсоя интихоб карданд, аммо ҳеҷ гоҳ натавонистанд соҳиби шаҳрвандии Узбакистон шаванд. Санади “шахси бидуни шаҳрвандӣ дар Узбакистон” имкон ва ҳаққи онҳоро барои таҳсилу кор маҳдуд мекард.

Шиносномаҳои аввал – насиби худиҳо

Шавкат Мирзиёев барандаи интихоботи 4 декабри Узбакистон эълон шуд
Шавкат Мирзиёев барандаи интихоботи 4 декабри Узбакистон эълон шуд

Бар асоси меъёрҳои конститутсионии Узбакистон, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандони дар дохилу хориҷбударо давлати ин кишвар ба ӯҳда дорад. “Аз ин лиҳоз, дар навбати аввал муроҷиати шахсоне баррасӣ мешавад, ки ҳангоми қабули Қонуни “Шаҳрвандии Ҷумҳурии Узбакистон” ба сабабҳои мухталиф дар хориҷ аз кишвар ба сар бурдаанд,” - менависад матбуоти расмӣ. Назорати иҷрои ин раванд бар ӯҳдаи Бегиҷон Қӯқонов, муовини аввали мушовири давлатии президент вогузор шудааст.

Дар замони ҳукумати Ислом Каримов на танҳо ватандорон дар кишварҳои ҳамсоя, балки зодагони ин кишвар, ки дар пайи издивоҷ ё муҳоҷират ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, дар муддати 20-25 соли истиқлолият ҳаққи шаҳрвандӣ нагирифтанд.

Хадамоти шиносномадиҳӣ: Ҷараён шурӯъ шуд

Як масъули Хадамоти шиносномадиҳӣ дар Узбакистон дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷараёни баррасии аризаҳои 20-25 сол пеш таҳияшудаи мардум шурӯъ шудааст ва ин танҳо оғози кор аст. Ӯ гуфт, дар навбати аввал шанси онҳое барои гирифтани шаҳрвандӣ зиёд аст, ки бидуни хилофкорӣ ва нақзи қонун зиндагӣ карда, ҷои кори расмӣ доранд. Мусоҳиби мо афзуд, “мутаассифона, дар 80 дар сади ҳолатҳо аризадодаҳо ҷои кори собит надоранд ва баррасии аризаҳои онҳо барои шаҳрвандӣ осон нест”.

Вале худи афроди бидуни шаҳрвандӣ мегӯянд, ки бо мавқеи “бидуни шаҳрвандии” онҳо пайдо кардани кор ва он ҳам кори собит осон нест. Музаффар Айманови 43-сола яке аз онҳоест, ки дар гурӯҳи аввал соҳиби шиносномаи Узбакистон шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “хеле хушбахт аст” ва ин рӯзро “20 сол интизор буд”. Ҳоло ӯ бовар дорад, ки зиндагиаш комилан дигар мешавад ва ӯ метавонад ба таври расмӣ ва бидуни тарсу ҳарос кору зиндагӣ ва сайру саёҳат кунад. Ин мард мегӯяд, вақти пошхӯрии Шӯравӣ дар Узбакистон набуд ва вақте баргашт, зодгоҳаш як ҷумҳурии соҳибистиқлолу дорои қонунҳои худ буд ва дигар ҳеҷ кас ҳарфи ӯро гӯш накард.

Самарқанд – Тоҷикистон - Самарқанд

Ислом Каримов
Ислом Каримов

Дар миёни онҳое, ки солиёни зиёд мунтазири гирифтани шаҳрвандии Узбакистон ҳастанд, Моҳира, як зани 44-солаи тоҷик ҳам ҳаст. Ӯ аз тоҷикони Самарқанд аст ва мегӯяд, вақте ҷанг дар Тоҷикистон сар шуд, падараш бо фикри инки дигар зиндагӣ дар ин ҷумҳурӣ сангин мешавад, ӯро бо як хешаш дар Самарқанд оиладор кард. Дар муддати 15 соли зиндагии баъдӣ дар Узбакистон бо як табааи ин кишвар ва таваллуди 3 фарзанди зодаи Узбакистон, Моҳира ҳеҷ гоҳ натавонист шаҳрванди ин кишвар шавад ва аз рӯи ихтисосаш кор кунад.

“Диплом сӯхт, таҳсили пурмашаққатам дар Донишгоҳи тиббӣ ҳам бекор шуд ва ман ба як зани хонанишини беҳуқуқ табдил шудам”, - мегӯяд ӯ. Вай афзуд, агар дар Тоҷикистон ҷанг набуд, дар ин кишвар зиндагиро идома медод, вале он замон ҳеҷ илоҷи дигаре ба ҷуз қабули шароити воқеӣ надошт. Панҷ сол пеш Моҳира маҷбур шуд, бо фарзандонаш ба Русия равад ва имсол соҳиби шиносномаи ин кишвар шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG