Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи овозхонҳои узбак ба Тоҷикистон боз шуд. САДО


Акс аз бойгонӣ.

Қарор аст дар ду моҳи оянда чаҳор ҳунарманди маъруфи узбакистонӣ дар Тоҷикистон консерти худро баргузор кунанд. Овезаҳои таблиғотӣ баёнгари он аст, ки бархе овозхонҳои узбак мехоҳанд дар Тоҷикистон ҳам дили мухлисони навро ба даст оваранд.

Шӯрӯъ аз нимаи моҳи август то сентябр қарор аст чаҳор овозхони узбак - Улуғбек Раҳматуллоев, Зиёда Қобилова, Зулола Мӯсоева, маъруф бо номи Шаҳзода ва гурӯҳи “Боҷалар” дар Душанбе консерт баргузор кунанд. Ширкати «Huseniyon Production» баргузории консерти овозхони узбакистонӣ Шаҳзодаро дар рӯзҳои 17 ва 18 август дар "Амфитеатр"-и Душанбе барномарезӣ кардааст.

Роҳи овозхонҳои узбак баъди баргузории рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон дар моҳи майи имсол боз шуд ва ҳоло чанд ширкати продюсерӣ барои баргузории консертҳои калон, овозхонҳои узбакро даъват мекунанд.

Азамат Ҳусейн, раҳбари ширкати «Huseniyon Production», ки дар гузашта консерти Далер Хонзода, овозхони узбакистониро баргузор кардааст, рӯзи 8-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, овозхонҳои узбак пас аз баргузории консертҳояшон дар Тоҷикистон, мухлисони бештар пайдо мекунанд. Ба гуфтаи Азамат, баргузории ингуна консертҳо маъруфияти онҳоро дар Тоҷикистони ҳамсоя бештар мекунад ва онҳо метавонанд мустақим дар тӯю маросимҳои мардум ҳам даъват шаванд.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ширкати онҳо дар гузашта консерти овозхонҳоро аз Руминияву Украина ва Русия баргузор кардааст, аммо ба бовари ӯ, тоҷикон бештар майл ба тамошои ҳунари овозхонҳои узбак доранд, ҳарчанд забонашон фарқ мекунад. “Вале аз баргузории консертҳо маълум аст, ки овозхонҳои узбакистонӣ дар кишвари мо ҳаводори бештар доранд”, - таъкид кард Азамат.

Роҳи овозхонҳои узбак ба Тоҷикистон боз шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00
Линки мустақим

Бархе мухлисон мегӯянд, бо ин, ки дар солҳои раҳбарии президент Ислом Каримов робитаҳои ҳунарии овозхонҳои узбак ва тоҷик камранг шуда буд, қаробати зеҳниву фарҳангии ин ду мардуми ҳамсоя ҳамеша вуҷуд дошт ва ҳоло бо наздиктар шудани ҳамкориҳои ду кишвар, умедвориҳо барои ҳамкориҳои бештар ба вуҷуд омадааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Узбакзабонҳо дар Тоҷикистон, бештар аз 15 дарсади аҳолӣ ва ё 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Нуралӣ, як сокини узбакзабони шаҳри Турсунзода, ки аз ҳоло чиптаи консерти Шаҳзодаро харидорӣ кардааст, баргузории чунин чорабинҳо ва даъвати овозхонҳоро иқдоми хуб ва аз омилҳои бо ҳам наздик кардани мардуми ин ду кишвар мебошанд. Вай гуфт, бо он ки таронаҳои овозхонҳои узбакистониро аз телевизион ва интернет гӯш мекард, ҳоло акнун фурсати ба таври зинда дидани онҳоро ҳам пайдо шудааст.

Роҳи овозхонҳои узбак баъди баргузории рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон дар моҳи майи имсол боз шуд. Ҳамин тавр дар чанд моҳи ахир ширкатҳои продюсерие, ки ба даъвати овозхонҳо аз кишварҳои Эрону Афғонистон ва Русия машғул буданд, ҳоло барои баргузории консертҳои калон, овозхонҳои узбакро даъват мекунанд. Онҳо мегӯянд, шоу-бизнес пеш аз ҳама кори тиҷорату даромад ва манфит аст ва ҳунармандон истеъдоди худро ба бозор мебароранду мухлисон дар сурати эҳтиёҷ омода ҳастанд ба ин барномаҳо сармоягузорӣ кунанд.

Марҳабо Азизова, продюсери тоҷик, ки ба даъват ва ташкили консерти ҳунармадони хориҷӣ дар Тоҷикистон ихтисос дорад, рӯзи 8-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барномаи консертии овозхон Зиёда Қобиловаро дар Тоҷикистон моҳи сентябр барномарезӣ кардааст.

Барномаи консертии ҳунармандони узбак дар Тоҷикистон.
Барномаи консертии ҳунармандони узбак дар Тоҷикистон.

Вай гуфт, ризоияти ин овозхони узбакро ба даст овардааст ва рӯзҳои наздик тамоми асноди сафари ӯ ба Тоҷикистон, аз ҷумла раводиди сафар ба Тоҷикистонро таҳия мекунанд. Азизова гуфт, нармиш дар муносибати Душанбеву Тошканд кори онҳоро ҳам осон кард ва акнун даъвати ин ё он сароянда барои баргузории консерт барояшон мушкилӣ нахоҳад дошт

То соли 2011 ва сард шудани муносибати Тошканду Душанбе чанд овозхони узбакистонӣ бештар дар Душанбеву Хуҷанд консертҳои худро баргузор мекарданд. Консертҳои Юлдуз Усмонова, Фирӯза Ҷумъаниёзова ва чанд нафари дигар ҳамеша як ҳодисаи хуби фарҳангӣ будааст. Вале дар шаш соли гузашта ин сафарҳо ба таври қобили мулоҳиза кам шуд.

Ҷонибеки Мурод, хонандаи попи тоҷик, ки бо Сардор Раҳимхон овозхони узбак таронаи муштарак хондааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, овозхонҳои узбакистонӣ ҳамеша ҳаводору мухлиси худро дошту дорад. Аз ин хотир, ҳамеша ҳангоми баргузории консерти онҳо дар Тоҷикистон толорҳо пур аз тамошобин мешавад.

Ҷонибеки Мурод
Ҷонибеки Мурод

Ба гуфтаи Ҷонибеки Мурод, овозхонҳои узбак дастгири ҳамдигар ҳастанд ва аз ин хотир дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ худро муаррифӣ карда метавонанд ва дар бозори шоу-бизнеси фаротар аз минтақа ҳам роҳашонро ёфтаанд. Таронаҳои узбакӣ бароҳат дар Озарбойҷону манотиқи Қафқози Шимолӣ, дар бархе кишварҳои аврупоии назири Булғористон ҳам тавассути радиову телевизион ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ харидор пайдо кардаанд.

Ҷонибеки Мурод гуфт, ҳамкориҳои ҳунармандони ҳарду кишвар на танҳо барои шикастани ташнагии ду мардуми дӯст, балки барои пешбурди барномаҳои муштарак, ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам пешбурди шоу-бизнес муфид хоҳад буд.

Зимнан Ҷонибек ва овозхонҳои дигар, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Меҳрнигори Рустам, Садриддини Нажмиддин ва дигарҳо дар чанд соли гузашта бо роҳҳои инфиродӣ ҳамкориҳои эҷодиро бо студияҳои сабти клипҳои видеоии Тошканд барпо карда чандин таронаҳои худро дар пойтахти Узбакистон сабт ва ба бозор арза кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (14)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG