Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти овозхонҳои узбак дар Хуҷанд баъд аз чанд соли сардӣ


Барои бори аввал дар чанд соли сардии муносибатҳои Душанбеву Тошканд ҳунармандони узбак мехоҳанд дар Тоҷикистон консерт барпо кунанд.

Барои бори аввал Фирӯза Ҷумъаниёзова, овозхони маъруфи Узбакистон дар Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунад. Ҳамчунин Шералӣ Ҷӯраев, ҳофизи дигари ин кишвар дар Истаравшан консерт медиҳад.

Консерти Шералӣ Ҷӯраев, овозхони Узбакистон рӯзи 31–уми май дар тарабхонаи “Ситораҳои Шарқ”-и маркази шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Фирӯза Ҷумъаниёзова дар консерти Далер Куттузов, ҳофизи ҷавони суғдӣ дар варзишгоҳи Хуҷанд суруд мехонад.

Далер Куттузов рӯзи 22-уми май дар суҳбат бо радио Озодӣ гуфт, ҳанӯз ду моҳ пеш ба Фирӯза Ҷумъаниёзова даъватнома фиристода, ҳоло раводид ва асноди дигари сафари ӯ ба Тоҷикистон ба даст оварда шудааст:

“Фирӯза дар ин консерти ман як дуэти якҷояамонро ҳамроҳам месарояд. Умедворам вай боз чанд суруди худро низ ба мухлисон тақдим мекунад. Ҳоло ҳама масъалаҳои сафар сад дарсад ҳал шудааст. Фирӯза 7-уми июн ба Хуҷанд меояд.”

Дуэти “Ишқӣ” -и Далер Куттузов ва Фирӯза Ҷумъаниёзова ба тоҷикӣ, ки чанд моҳ пеш сохта шуда, ба феҳрасти сурудҳои сершӯнаванда дар Суғд шомил шудааст. Далер Куттузов гуфт, ҳоло сари клипҳои дигари тоҷикӣ ҳамроҳи ин сарояндаи узбакистонӣ кор мекунанд.

Ин нахустин консерт овозхонҳои Узбакистон дар чанд соли охир дар вилояти Суғд аст. То соли 2011 ва шадидтар шудани муносибати Тошканду Душанбе овозхонҳои Узбакистон дар Хуҷанд консертҳои худро баргузор мекарданд ва Юлдуз Усмонова, Севинҷ Мӯъминова ва гурӯҳи “Шаҳрзод” дар толорҳо ҳунарнамоӣ карда буданд.

Ба навбати худ овозхонҳои тоҷик аз Хуҷанд ба Узбакистон ҷиҳати иштирок дар тӯйу сурҳои сокинон, бахусус ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва ҳунарнамоӣ дар толорҳо даъват мешуданд. Вале дар се – чор соли охир мақомоти Тоҷикистону Узбакистон бо баҳонаҳое монеъ ба сафарҳои ҳунарии овозхонҳо ба кишварҳои якдигар мешаванд.

Маҳками Баҳриддин, овозхон, оҳангсоз ва сурудсози тоҷик, ки матни бадеҳаи “Ишқӣ”-и Фирӯза Ҷумъаниёзова ва Далер Куттузовро навиштааст, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аммо бо вуҷуди баста будани марзҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳамкориҳои эҷодӣ каму беш идома мекунад ва бо хостҳои қалбии худи ҳунармандон: “Масалан, ман барои Фирӯза Ҷумъаниёзова ва Далер Куттузов барои ду клипи нав матну оҳанг сохтам, ғайр аз ин барои Фирӯза 3 суруди тоҷикӣ эҷод кардам. Ҳамчунин ду суруди овозхони дигари Узбакистон – Озодбекро ба тоҷикӣ баргардонда будам, овозааш расид, ки он сурудҳоро сароидааст. Овозхонҳои суғдӣ ҳам мераванд ба Тошканд ва он ҷо сурудҳои худро клип месозанд ва сабт мекунанд. Аммо ба кишварҳои ҳамдигар бо тартиби умумӣ барои ҳама шаҳрвандон, бо раводид равуо мекунем.”

Маҳками Баҳриддин изҳори умед кард, муносибатҳои фарҳангии кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Узбакистон дар оянда гармтар ва барои овозхонҳои ҳар ду кишвар имконоти бештари ҳамкориҳои эҷодӣ фароҳам хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG