Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Солиҳ: Вазъи Узбакистон бадтар аз соли 1937 аст


Муҳаммад Солиҳ
Муҳаммад Солиҳ

Иттифоқи адибони Узбакистон якбораи 26 узви ин созмони эҷодиро, ки ба ақидаи ин ниҳод, “комёбиҳои бузурги даврони истиқлоли кишварро тараннум накардаанд”, аз узвият хориҷ кардааст.

Шӯрои коршиносони Иттифоқи адибони Узбакистон бо як қарораш якбора 26 тан аз шоирону нависандагони шинохтаи узбакро ба далели ин ки “комёбиҳои бузурги даврони истиқлоли кишварро тараннум накардаанд”, аз узвияти ин созмони эҷодӣ хориҷ кардааст. Дар ин қарор аз ҷумла гуфта мешавад, ки “бозбинии сифатӣ”-и ҳайъати аъзои Иттифоқи адибон длар партави паёми раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо номи “таваҷҷӯҳ ба адабиёт – таваҷҷӯҳ ба маънавият ва оянда” анҷом шудааст.

Бо қарори Шӯрои коршиносон аз ҷумла шоири мардумии Узбакистон Хуршед Даврон, нависанда Саломат Вафо, шоирон Нортӯхта Қилич, Дилором Исҳоқова, Ҳамроқул Аскар ва Сулаймон Раҳмон аз узвияти Иттифоқи адибон хориҷ карда шудаанд. Ҳамин тавр, адибони шинохтае, чун Маҳмадалӣ Маҳмудов, мутахаллис ба Эврил Тӯрон, Муҳаммад Солиҳ, ҳамчунин адибоне, ки ба далели таъқиби мақомот тарки Узбакистон кардаанд, ба мисли Ботир Норбой, Ёдгор Обид ва Юсуф Ҷумъаро, ки дар бораи қурбониёни эътирозҳои даҳ соли пеши Андиҷон марсия гуфта буд, низ аз ҳайъати ин созмони эҷодӣ берун кардаанд.

Шоираи узбак Дилором Исҳоқова гуфтааст, Иттифоқи адибон дар замони Шӯравӣ ба далели озодандешии аъзояш обрӯ дошт, вале ҳоло дигар ин муҳити озодро маҳв кардаанд. Маҳмадалӣ Маҳмудов гуфтааст, ки аз хуруҷаш аз ҳайъати ин созмон баракс хушнуд шудааст: “Дар замони мо дар ин созмон муҳити эҷодӣ ҳукмфармо буд. Адибоне, ки ҳақиқатро мегӯянд, дар ҳама давру замон азоб мекашанд. Аз ин рӯ, ман хеле хушҳолам, ки маро аз онҷо ронданд.”

Муҳаммад Солиҳ, шоири шинохтаи узбак ва рақиби Ислом Каримов дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон дар соли 1991, ки аз соли 1993 дар хориҷ ва феълан дар Туркия ба сар мебарад, дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “маро бо ронда шуданам аз узвияти Иттифоқи адибони Узбакистон метавонед табрик кунед.”

Радиои Озодӣ: Хабари ронда шуданатон аз узвияти Иттифоқи адибони Узбакистонро чӣ гуна пазируфтед?

Муҳаммад Солиҳ: Росташ, бо хушҳолӣ. Ин ба маънои эътирофи ҳунари ман аст. Вақте Иттифоқи адибони як режими худкома маро аз ҳайъаташ меронад, пас осори ман арзиш доштааст. Иттифоқи адибон кайҳо боз дигар созмони эҷодӣ нест, балки ба як маҳфили хушомадгӯёну маддоҳони режими Ислом Каримов табдил ёфтааст. Ва табиист, ки дар байни ин артиши бузурги маддоҳон ба адибони озодандеш ҷой нест. Дар Узбакистон дигарандешӣ дар адабиёт дигар як чизи ғайри қобили тасаввур шудааст. Ҳаркӣ андешаи дигар дорад, ”душмани халқ” эълонаш мекунанд. Ман аз назари режими Каримов, кайҳо боз “душмани халқ” шудаам. Қарори рондани ман аз Иттифоқи адибон ин мақоми “душмани халқ”-и маро ба таври хаттӣ тасдиқ мекунад.

Радиои Озодӣ: Иттифоқи адибон дар замони Шӯравӣ, бо вуҷуди худкомагии ҳукумат, ба ҳар сурат, бо як муҳити нисбатан бозтару озодтари эҷодиаш фарқ мекард. Ҳоло ин ҳама ба нестӣ рафтааст?

Муҳаммад Солиҳ дар Туркия
Муҳаммад Солиҳ дар Туркия

Муҳаммад Солиҳ: Дар замони Шӯравӣ, ҳатто дар даврони сиёҳи ҳукумати Иосиф Сталин, яъне дар соли 1937 ҳам чунин мавриде набуд, ки якбора 26 узви Иттифоқи адибонро аз ин созмон хориҷ кунанд. Бадбахтӣ ҳам дар ҳамин аст, ки вазъи кунунӣ дар Узбакистон ҳатто бо даврони солҳои 30 ғайри қобили қиёс шудааст. Таъқибот, аз ҷумла таъқиби эҷодкорон дар ин кишвар аз сӯи режими Каримов ба таври ғайри қобили тасаввур шадид шудааст.

Радиои Озодӣ: Худи Шумо кадом сол узви Иттифоқи адибон шуда будед?

Муҳаммад Солиҳ: Соли 1977.

Радиои Озодӣ: Он даврон муҳит фарқ мекард дар ин созмон?

Муҳаммад Солиҳ: Албатта, даврони рукуд буд ва режими Шӯравӣ назорат мекард эҷодиёти аҳли адабро. Вале мо имкони танқиди режими Шӯравиро доштем. Ҳадди ақал дар қолаби шеър ва бо истифода аз таъбирҳои адабӣ. Сонсур талош мекард, ки ба озодфикрии беш аз ҳад роҳ надиҳад, вале китобҳои мо аз ҷумла бо ашъори танқидиамон чоп мешуд. Ва бубинед, аксари ҷунбишҳои сиёсии он солҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ маҳз аз созмонҳои эҷодие, чун Иттифоқи адибону Иттифоқи рассомон, ё Иттифоқи синамогарон бархестанд.

Радиои Озодӣ: Манзуратон даврони бозсозии Михаил Горбачёв аст?

Муҳаммад Солиҳ: Бале. Солҳои бозсозӣ дар муқоиса бо ҳама 70 соли қаблии ҳукумати Шӯравӣ, албатта, даврони тилоӣ буд Вале дар муқоиса бо шароити имрӯзаваи аҳли эҷод дар Узбакистон- даврони бозсозиро метавон ду карат даврони тилоитар ном гирифт, зеро адибон дар Узбакистони имрӯза ҳатто он озодии хеле ночизеро, ки дар аҳди Шӯравӣ доштанд, аз даст додаанд ва ба ҷуз аз мадҳу санои ҳокимони имрӯза ва “отамиз” гӯён васф кардани Ислом Каримов ягон сухани дигар дар ин кишвар қадр надорад.

Радиои Озодӣ: Пас фикр мекунед, ки адабиёти узбак дар ин шароит оянда надорад?

Муҳаммад Солиҳ: Дар ин шароит на, албатта. Вале режимҳои худкома, тавре таърих нишон медиҳад, дер намепоянд ва хоҳ-нохоҳ аз байн мераванд. Баъд аз Ислом Каримов мо имкон хоҳем ёфт, ки Узбакистонро, аз ҷумла Иттифоқи адибонашро пурра аз нав бисозем. Фикр мекунам, он рӯз дер нест.

ВИДЕО: Изҳори муҳаббат ба Ислом Каримов

Изҳори муҳаббат ба Ислом Каримов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

XS
SM
MD
LG