Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба Мирзиёев чӣ хоҳад гуфт?


Як мақоми баландпояи Амрико гуфт, ки Кохи Сафед ният дорад аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо нахустин сафараш ба Вашингтон рафтааст, идомаи ислоҳот дар бахши иқтисод ва ҳам ҳуқуқи башарро тақозо кунад.

Лиза Кӯртис, як масъули умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 14-уми май гуфт, ки Узбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ва сари қудрат омадани Мирзиёев, дар ин кишвар "иқдомҳои бузурге" анҷом шудааст.

Дар сафари Мирзиёев ба Вашингтон инчунин нақши Чину Русия дар Осиёи Марказӣ ва ҳам имкониятҳои беҳбуди вазъи Афғонистон бо кӯмаки Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа, баррасӣ мешавад.

Айни замон ӯ ишора кард, ки мақомоти амрикоӣ аз Мирзиёев тақозо мекунанд, ки дар амри ҳалли мушкилоти тӯлониву амиқи кишвар дар бахши ҳуқуқи башар, кори иҷборӣ, озодии мазҳаб ва матбуот ба иқдомҳои муассиру давомнок даст занад. Кӯртис дар ҷараёни як нишасти Шӯрои Атлантик -- як созмони таҳқиқотӣ дар Вашингтон гуфт, "ин сафар фурсати хуб ва муҳиме барои ташвиқи ислоҳот аст."

Музокироти нухустини Мирзиёев ба президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 16-уми май дар Кохи Сафед баргузор мешавад. Дар остонаи ин нишаст рӯзи 12-уми май Узбекистон Фахриддин Тиллоев, як фаъоли ҷамъиятиро баъди чор соли ҳабс озод кард. Фаъолони ҳуқуқ ҳабси ӯро дар соли 2014 дорои ангезаҳои сиёсӣ гуфта буданд.

Дар давоми моҳҳои охир чандин тан аз фаъолони сиёсӣ аз зиндонҳо озод шуданд. Инҳо дар аҳди президенти Ислом Каримов барои фаъолиятҳои сиёсиашон пушти панҷара рафта буданд. Баъди тақрибан се моҳи шурӯи давраи президентии Мирзиёев, ӯ ин кишвари серҷамъияттарини Осиёи Марказиро ба рӯи ҷаҳониён боз кард. Ҳадафи аслӣ -- ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва навсозии иқтисоди дар ҳоли рукуди Узбекистон буд.

Фахриддин Тиллоев (аз рост)
Фахриддин Тиллоев (аз рост)

Дар сафари Амрико Мирзиёевро ҳайати калони мақомот ва соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд ва ба гуфтаи Кӯртис, ин умедворӣ вуҷуд дорад, ки дар ҷараёни ин диду боздидҳо, бо ширкатҳои амрикоӣ бо арзиши 4 миллиард доллар созишномаҳои имзо мешавад. Дар остонаи сафар дар давоми чандин моҳи охир ҳукумати Узбекистон талош кард, ки дили ширкатҳои зиёди тиҷоратӣ ва ҳукумати Амрикоро барои ҷалби бештари сармояҳо ба кишвар гарм кунад.

Дар остонаи сафари Мирзиёев, созмони мудофеи ҳуқуқи инсони Amnesty International аз Доналд Трамп тақозо кард, ки Мирзиёевро барои анҷоми ислоҳоти амиқ дар бахши ҳуқуқи башар водор кунад. Ин созмон сафари Мирзиёев ба Вашингтонро шонси хубе барои ташвиқи Тошканд дар амри роҳандозии ислоҳот арзёбӣ кард.

Дар ҳоле, ки Мирзиёев ба озод кардани зиндониҳои сиёсӣ даст задааст, ҳамзамон бисёр ходимони ҳифзи қонун ва мақомоти давлатии собиқро мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор додааст. Ин чиз мавриди нигаронии бархе гурӯҳҳо шудааст, ки шояд Мирзиёв аз роҳи поккории ин сохторҳо мехоҳад қудрати худро тақвият бидиҳад. Human Rights Watch дар гузорише, ки рӯзи 28-уми март чоп шуд, гуфт, ки ҳамоно журналистони зиёд ва мунтақидони ҳукумат таҳти фишор қарор доранд.

Дар сафари Мирзиёев ба Вашингтон инчунин нақши Чину Русия дар Осиёи Марказӣ ва ҳам имкониятҳои беҳбуди вазъи Афғонистон бо кӯмаки Узбекистон ва дигар кишварҳои минтақа баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG