Пайвандҳои дастрасӣ

Хоҳари ҳамлагари Ню-Йорк гуфт, ки бародараш "мағзшӯӣ" шудааст


Хонаи волидони Сайфулло Соипов дар Тошканд

Хоҳари ҷавони муттаҳам ба ҳамлаи террористӣ дар Ню йорк ба Радиои Озодӣ гуфт, хешовандонаш ба ин боваранд, ки Сайфулло Соипов “мағзшӯӣ” шудааст ва аз мақомоти Амрико мехоҳанд, ба ӯ “вақт” бидиҳанд ва одилона муҳокима кунанд. Умеда Соиповаи 27-сола ба хешовандони онҳое, ки дар ҳамлаи рӯзи 31-уми октябр кушта шуданд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар он рӯз ба гуфтаи мақомот, Сайфулло Соипов мошинашро дар Манҳеттен маҳаллаи марказии Ню Йорк ба рӯи раҳгузарон ронд ва 8 нафарро кушт ва чандин тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи Умеда Соипова, модари 50-солааш Муқаддас ду дафъа имсол ва соли гузашта ба Амрико ба дидани фарзандаш рафтааст, “ҳеҷ нишонае аз ифротӣ” шуданаш, мушоҳида накардааст. “Модарам гуфт, агар чизеро мушоҳида мекард, ӯро ба Узбакистон” бармегардонд” – мегӯяд, Умеда.

Маъмурони пулис Сайфулло Соиповро баъди фирораш аз дохили мошин аз шикамаш маҷрӯҳ карданд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо аз дохили мошин навиштаҷот бо забони арабиеро ёфтаанд, ки дар он гурӯҳи Давлати исломӣ васф шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Соипов ҳангоми фирор аз саҳнаи ҳамла “Оллоҳу акбар” садо мекард.

Баъди ҳамлаи аъзои Ал-Қоида ба Ню Йорк дар соли 2001, ҳамлаи Соипов маргбортарин ҳамла ба ин шаҳри бузурги Амрико ба ҳисоб меравад. Дар он сол ифротиён ду ҳавопайморо ба бинои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ кӯбиданд ва бештар аз 2 600 нафарро куштанд.

Сайфулло Соипов
Сайфулло Соипов

Ба гуфтаи додситонҳо, Сайфулло Соипов ҳаводори гурӯҳи Давлати исломӣ будааст ва аз коре ки кардааст, “ҳиссиёти хуб доштааст”. Ба қавли муфаттишон, ӯ ҳатто хостааст, ки дар утоқаш дар бемористон парчами гурӯҳи Давлати исломиро овезанд.

Гурӯҳи Давлати исломӣ рӯзи 3-уми ноябр аз тариқи як ҳафтаномаи ин гурӯҳ дар Интернет гуфт, ки “яке аз сарбозони Давлати исломӣ, ба чанд салибӣ дар кӯчае дар Ню Йорк ҳамла кард.” Хабарро гурӯҳи SITE Intelligence Group нашр кард, ки ба таҳқиқи вебсайтҳои ифротгароён машғул аст. Гуруҳи Давлати исломӣ Алишер Соиповро “сарбози хилофат” номидааст.

Умеда Соипова, ки телефонӣ аз Узбакистон бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт: “Мо намедонем, кӣ ӯро мағзшӯӣ кардааст, мо аз шароити ӯ огоҳ набудем. Мо намедонем, шояд бахше аз гурӯҳе шуда бошад.”

Умеда Соипова дар идомаи суҳбаташ гуфт: “Самимона гӯям, намедонам, барои пок шудани мағзи ӯ аз заҳр, чанд вақт лозим мешавад, вале бовар дорам, ки Худо хоҳад ақлаш медарояд.”

Хоҳари Сайфулло Соипов эътироф кард, ки баъди издивоҷи ӯ дар соли 2013 дар солҳои ахир акси бародараш бо риши дарозро дида тарсидаанд. “Вақте бори аввал ман ӯро дар Скайп дидам, воқеан тарсидам. Ҳамаамон тарсидем. Ман гиря кардам ва пурсидам, ки чаро ин корро кардӣ?”- гуфт ӯ.

Маҳалли ҳамла дар Манҳеттен
Маҳалли ҳамла дар Манҳеттен

Ба қавли Умеда, бародараш ҷавоб додааст, ки мошинашро чанд дафъа манъ кардаанд ва худашро задаанд, барои ҳамин риш мондааст, ки калонсол ба назар бирасад ва онҳоро “битарсонад”.

Ба қавли Умеда, аҳли хонавода як рӯз пеш аз ҳамлаи Сайфулло дар Ню Йорк бо ӯ сӯҳбати “маъмулӣ” доштааст. Сайфулло Соипов соли 2010 корти ҳаққи иқомат дар Амрико бурда ва қонунӣ дар инҷо зиндагӣ мекард.

Умеда мегӯяд: “Ман бо ӯ як рӯз пеш суҳбат кардам, руҳияааш хуб буд. Суҳбати оддӣ ва хуб буд.”

Ӯ ба хоҳараш гуфтааст, ки дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ барои гирифтани мизоҷаш аст ва ширинии дӯстдоштаи модарашро мехӯрад.

Шарипов дар шаш моҳи гузашта дар Ню Ҷерси ба ҳайси ронандаи ширкати Убер кор мекардааст.

Умеда Сoипова мегӯяд, омода аст ба Амрико биравад ва бо бародараш суҳбат кунад, ки чӣ чизе ӯро ба хушунат тела дод. Айни замон ӯ дар шифохонае дар Манҳеттен муолиҷа мегирад.

Эндрю Куомо дар маҳалли ҳамла дар Ню Йорк
Эндрю Куомо дар маҳалли ҳамла дар Ню Йорк

Эндрю Куомо, губернатори аёлати Ню Йорк гуфтааст, Сайфулло Соипов баъди вуруд ба Амрико дар соли 2010 ифротӣ шудааст. Пас аз чанд соати ҳамла, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Твиттер навишт, ки “террористи Ню Йорк” бояд ба Гуантанамо фиристода шавад, ки онҷо мақомоти Амрико даҳҳо нафарро ҳамчун “ҷанговарони душман” нигаҳ медоштанд. Вале баъдан ӯ ҳамчунин навишт, ки Сайфулло Сойипов, сазовори “ҳукми қатл” аст.

Хоҳари Сайфулло Соипов , дар вокуниш ба суол дар ин бора гирист ва гуфт: “Набояд ба ӯ зуд ҳукми қатл бидиҳанд. Мо умедворем, муҳокима одилона мешавад, мо омодаем ба онҷо равем ва агар мумкин бошад, бо ӯ гап занем.” Умеда аз мақомоти Амрико хост, “ба бародараш андак вақт бидиҳанд” ва гуфт, “агар тавонед, паёми маро ба Трамп бирасонед.”

Гуфта мешавад, ки волидони Соипов ва амакашро мақомоти Узбакистон бозпурсӣ мекунанд. Хоҳараш рӯзи 3-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хонаводаашон намедонад, ки ҳоло падару амакаш куҷоянд. Умеда афзуд, ки модараш рӯзи 3-уми ноябр баъди муолиҷаи “шок” ба хона баргашт.

Талошҳои баъдии Радиои Озодӣ дар рӯзи 3-уми ноябр барои суҳбат бо Умеда, ки дар канори Тошканд зиндагӣ мекунад, натиҷа надод.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG