Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико: "Ба Эрон ҳушдор додаем"


Вазири дифои Амрико рӯзи сешанбеи 28-уми август гуфт, ба Эрон ҳушдор дода шудаааст, ки бояд посухгӯи рафтор ва "шароратҳои худ" дар минтақа бошад.

Ҷим Мэттис, ки рӯзи сешанбеи 28-уми август дар нишасти хабарӣ бо генерал Ҷозеф Данфурд, раиси ситоди муштараки артиши Амрико дар Пентагон сӯҳбат мекард, гуфт, "ба Эрон дар бораи шароратҳое, ки ҳамчунон дар минтақа анҷом медиҳад, ҳушдор дода шудааст, дар бораи қатлҳое, ки ба он даст мезанад, коре, ки ҳамроҳ бо Асад дар Сурия анҷом медиҳанд, таҳдидашон ба "бастани тангии Ҳурмуз ва ҳимояташон аз Ҳусиҳо бо мушакҳое, ки ба Арабистони Саудӣ партоб мешавад."

ИМА мегӯяд, ки тангии Ҳурмуз бахше аз як оброҳаи байналмилалӣ ба шумор меравад ва дар назорати Эрон нест ва Амрико ҳатман озодии рафтуомад аз ин гулӯгоҳро ҳифз мекунад.

Вазири дифои Амрико таъкид кард, ки Вашингтон ин рафтори Эронро таҳаммул намекунад ва Теҳрон бояд посухгӯи ҳама ин иқдомот бошад. Ба гуфтаи вай, Эрон агарчӣ ахиран рафторҳои худро то андозае тағйир додааст ва майли камтар ба рӯёрӯӣ дорад, аммо ҳанӯз бузургтарин омили бесуботӣ дар Ховари Миёна аст.

Амрико ба хуруҷи комили нерӯҳои эронӣ аз Сурия таъкид дорад. Вашингтон ҳамчунин шартҳои дигаре барои дастёбӣ ба созиши дубора бо Эрон бар сари барномаи атомиаш таъйн кардааст, ки аз ҷумлаи онҳо қатъи ҳимояти Теҳрон аз шӯришиёни Ҳусӣ дар Яман ва "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон мебошанд.

Нерӯҳои эронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз.
Нерӯҳои эронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз.

Мақомоти Эрон дар пайи хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ ва талоши Вашинтон барои таҳримҳои нафти Ҷумҳурии исломӣ, таҳдид кардаанд, ки тангии Ҳурмузро хоҳанд баст. Минтақае, ки муҳимтарин оброҳаи нафтии ҷаҳон ба шумор меравад. Амрико мегӯяд, ки тангии Ҳурмуз бахше аз як оброҳаи байналмилалӣ ба шумор меравад ва дар назорати Эрон нест ва Амрико ҳатман озодии рафтуомад аз ин гулӯгоҳро ҳифз мекунад.

Вазири дифои Амрико дар ин нишасти хабарӣ ба ҳимояти кишвараш аз Арабистони Саудӣ ва муттаҳидони он дар ҷанги Яман ишора кард ва гуфт, ки ин ҳимоят бидуни шарт нест. Вай ба афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Яман ишора кард ва дар ин бора ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки ҳадафи Амрико коҳиши таниш дар ин кишвари ҷангзадаи арабӣ аст.

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои низомӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ба автобуси мактабхонҳо дар Яман, ки даҳҳо кӯдак кушта шуданд, Конгресси Амрико аз ҳукумати Доналд Трамп дар бораи кӯмакҳои Вашингтон ба эътилофи арабӣ бо раҳбарии Саудӣ, тавзеҳ ва маълумот хостааст.

XS
SM
MD
LG