Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн нашр шуд, омадааст, ки Эрон аз тариқи "ироаи кӯмакҳои молӣ, омӯзишӣ ва муҷаҳҳаз кардани гурӯҳҳои ифротӣ монанди "Ҳизбуллоҳ" -и Лубнон, ҳамчун бузургтарин кишвари пуштибони терроризм дар дунё шинохта мешавад.
Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин истифода аз нерӯи Қудси Сипоҳи посдоронро барои пиёда сохтани ҳадафҳои Эрон дар сиёсати хориҷӣ, ки "сабаби нооромӣ дар саросари Ховари Миёна мешавад", ҳамчун далели дигари қарор доштани номи Эрон дар садри ин феҳрист гуфтааст. Ба ҷуз ин, пуштибонии Теҳрон аз ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, низ яке аз далелҳои дигари дар садри ин феҳрист қарор гирифтани Эрон гуфта шудааст.
Вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки Эрон ғайр аз ҳимояти молӣ ва муҷаҳҳаз кардани "Ҳизбуллоҳ" ва ҳукумати Башор Асад, ба гурӯҳҳои зиддиисроилӣ монанди "Ҳамос" ва шибҳинизомиён дар Баҳрайн кӯмак мекунад.
Сурия ва Судон пас аз Эрон дар феҳристи давлатҳои пуштибони терроризм қарор доранд. Дар пайи барқарорсозии робитаҳои ҳасана миёни Вошингтон ва Гавана, Куба аз ин феҳрист хориҷ шудааст.
Амрико дар ҳоле ҳамчунон Эронро бузургтарин давлати пуштибони терроризм дар дунё дар соли 2015 медонад, ки дар ин сол муваффақ шуд ҳамроҳ бо дигар қудратҳои ҷаҳонӣ ба созиши ниҳоӣ дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон даст ёбад.
Вазорати умури хориҷии Амрико дар ҳоле Эронро пуштибони терроризм дар ҷаҳон ном мебарарад, ки аз ин қабл Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, Амрикоро "ҳомии терроризм" хонда буд.
Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон давоми соли 2015 "13 дарсад коҳиш ёфтааст". Аз соли 2012 ба ин тараф барои нахустин бор аст, ки вазорати умури хориҷии Амрико аз коҳиши мизони ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон хабар медиҳад.
Дар ин гузориш аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамчунин бузургтарин таҳдиди террористии ҷаҳон ном бурда шудааст. Вазорати умури хориҷии Амрико аз Афғонистон, Покистон, Ироқ, минтақаи Сайно дар Миср, Сомалӣ, Сурия, Либия, Ҷануби Филиппин, Яман ва бахшҳое аз Колумбия ба унвони "паноҳгоҳҳои амни террористӣ" дар дунё ном бурдааст.
Ҳақиқатанба инҳо аз таърих сабақаша нагирифтаанд. Ба хусус ки Тоҷикистонанба. Магар ҳамин пешво қиссаҳои гузаштагонамона нашунида бошанд? Магар намедонанд, ки пас аз сари ӯ байни фарзандонаш якдигаркушиву бадарғакуниҳо сар шуданаш мумкин? Ҳозиранба бинед байни Рустаму Озода чӣ шуда истодагиш? Рустам ҳама бизнест почоҳоша якто якто кашида гифсос. Оқибаташа Худо хайрба биёрад.
Фарки киргизхо аз дигар халкхои Мовароуннахр дар он аст ки худи миллати киргиз пулдусту бойпарвару косалесу чоплус нест.Ана барои хамин онхо дар муборизахояшон пируз хастанд.
Ассалому алайкум хамватанони ман ягон фикр накнен Э.Рахмон мехохад ки фарзандаш ё ягон нафарро аз оила чойгузини худ намояд. Вале у хуб ва якин дарк намудаст, ки ин хохишаш ягон вакт чомаи амал намепушад. Зеро дар Туркманистон дигар сенария буд он чо у фарзанди пинхони аз мардум калон кардашро оварда гузоштанд Вале агар мархум Туркманбоши низ бе восита ошкоро фарзанди худаш ба воя расонидаро дар оила мегузошт окибаташ худ бояд дарк намоед чи мешуд барои хамин дар он чо ин хама пинхони сурат гирифт. Вале дар Точикистон ягон вакт ичозат намедиханд зеро ихтиёр дар дасти Э.Рахмон мешуд эхе кайхо Рустамро мегузошт Вале оила хуб дарк намудааст, ки ин ба марг ва нести мебарад. Бинобар ин таьин намудани Рустам дар дасти у нест. Зеро давлатхои 1 муайян менамоянд, ки мешавад ва инро бояд чи мухолифони сохтаи Э.Рахмон ва худи у дарк намудаанд ва он нафар аз халки одди аст. Ба касе зиён нахохад расид. Зеро танхо хизмат барои пешрафти мардум хохад намуд. Зиндаву сарбаланд бошед.
Худо додаст мартабашона, агар амрико метавонист гумашон мекард бо марионеткаш (арабистони сауди) худо хостаст мардакора
Иродаи мардаки чияй?