Бо таҳвили назорати охирин боздоштгоҳ дар Афғонистон ба Кобул, раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай ва вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ дар мазҳари омм аз нармиш аломат додаву бештар пиромуни дидгоҳҳои ҳамсони тарафайн сӯҳбат карданд. Керрӣ дар пайи мулоқоташ бо Карзай дар Кобул гуфт, онҳо роҷеъ ба музокироти сулҳ бо Толибон “дар як саҳифа” қарор доранд: "Мо ҳамроҳӣ бо президент Карзайро дар даъвати Толибон барои пайвастан ба раванди сулҳ, маҳкум кардани роҳи хушунат ва ҳамроҳӣ ба раванди сиёсӣ идома медиҳем, аз ҷумла бо иттихози иқдомот барои кушодани дафтари Доҳа тибқи шароите, ки мо то имрӯз баҳс дорем."
Керрӣ изҳори итминон кард, ки Карзай ба ин ки “Амрико ба ҷуз аз омадани Толибон ба пушти миз ба хотири сулҳ манфиати дигаре ҳам дорад, бовар нахоҳад кард.” Керрӣ Кобулро итминони хотир дод, ки Вошингтон ҳимояташ аз давлати Афғонистонро идома хоҳад дод.
Карзай таҳвили назорати зиндони Багромро “як рӯзи хеле хуб” ба қалам дод. Назорати ин зиндон як мавзӯъи ҳассос дар равобити ду кишвар буд. Тавофуқ дар бораи таҳвили ин зиндон, ки ҳамчун боздоштгоҳи Парвон маъруф аст, баъди музокироти тӯлонӣ рӯзи шанбе эълон шуд. Қаблан ин таҳвил мебоист рӯзи 9 март доир мешуд, вале ба далели ихтилофи назари ҷонибҳо роҷеъ ба сарнавишти баъдии маҳбусоне, ки Амрико хатарнок унвон мекунад, ин амр ба таъхир уфтод.
Карзай қаблан Вошингтонро ба муомилот бо Толибон бо ҳадафи заиф сохтани Афғонистон айбор карда буд, ки хашми мақомоти Амрикоро барангехт.
Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ рӯзи душанбе, 25 март бо як сафари ғайримунтазира вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Ин нахустин сафари ӯ ба Афғонистон дар мақоми раҳбари Департаменти давлатии ИМА мебошад. Боздиди ӯ аз Кобул дар остонаи берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистон анҷом мешавад, ки бояд то соли 2014 комилан ниҳоӣ шавад.
Дар мулоқоти имрӯзааш бо президент Ҳомиди Карзай Керрӣ мавзӯи интиқоли масъулияти таъмини амнияти Афғонистон ба нирӯҳои ҳукуматии ин кишварро баррасӣ кард. Як мақоми амрикоӣ, ки Керриро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, гуфт, вазири амрикоӣ дар мулоқоташ бо президенти Афғонистон ин нуктаро возеҳ баён кард, ки “ИМА дар Афғонистон ӯҳдадориҳои давомдор дорад, ки баъди анҷоми мӯҳлати гузор ҳам иҷро хоҳанд шуд, вале бояд дар хотир дошт, ки ҳеҷ кор бемушкил пеш нахоҳад рафт”.
Оғози моҳи ҷорӣ Карзай Вашингтонро дар музокираҳои пинҳониаш бо Толибон гунаҳгор кард ва гуфт, ки ҳадафи онҳо бесубот нигоҳ доштани Афғонистон ба хотири ҳифзи нирӯҳои хориҷӣ дар ин кишвар аст. Вале мақомоти ИМА ин иттиҳомотро шадидан рад карданд. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен бо пахши изҳороте ин суханҳои Карзайро “хандаовар” номид.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбе дар Афғонистон ИМА назорати боздоштгоҳи низомии Баграмро, ки дар ҳудуди ин фурудгоҳи низомӣ ҷойгир аст, ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон супурд. Фармондеҳи нирӯҳои ИМА дар Афғонистон генерал Ҷозеф Данфорд дар маросими интиқоли масъулият, аз Афғонистон ба унвони як давлати “босалоҳият, тавоно ва мустақил” ситоиш кард.
Аслан тавофуқи интиқоли боздоштгоҳи воқеъ дар минтақаи Парвон ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон рӯзи шанбе ҳосил шуд. Ин маросим бояд нахуст 9 март барпо мешуд, вале маълум шуд, ки Вашингтону Кобул дар ин замина ҳанӯз ба тавофуқе даст наёфтаанд. Масъала сари таслими муттаҳамони аз назари ИМА пурхатар мерафт. Рӯзномаи The New York Times хабар дод, ки ба ИМА ба таври “хусусӣ” ваъда гирифтааст, ки муттаҳамони хатарноктарин аслан озод нахоҳанд шуд.
Ҳамакнун боздоштгоҳи мазкур тағйири ном карда ба Боздоштгоҳи миллии Афғонистон дар Парвон мубаддал шуд.
Дар маросими рӯзи душанбе генерал Данфорд таъкид кард, ки анҷоми ҷараёни интиқоли масъулият ба маънои хатми рисолати нирӯҳои ИМА дар Афғонистон нест. “Рисолати мо тағйир меёбад, вале ӯҳдадориҳо мо давомдор хоҳанд буд. Мо бо мардуми Афғонистон ҳадафҳои муштарак дорем, ки ин ҳам пешрафти миллат ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон аст”, гуфт ӯ. Баъди соли 2014 нирӯҳои боқимондаи НАТО дар тамрину кӯмаки артиши Афғонистон ва дар амалиёти зидди ҷангиёни Ал-Қоида ширкат хоҳанд кард.

Охир мебахшен Кормандои идораи замин барои ичозати замин 20000 сомони талаб мекунен мардуми нодор кучо дора икарад пули калони якчоя, камтар шуморам фикри мардуми нодира кунен, сабуктар кунен ичозатгирира барои сохтмони хона ....
Чанги Озарбойчону Арманистонро тахлил карда хулосабарори бояд намуд. Барои яроки хозиразамон сарбозу афсарони хозиразамон лозим.
Пароканда лашкар наояд ба кор Дусад марди ҷанги беш аз сад ҳазор Миллати тоҷик ҳамеша барои миллати худ қаҳрамониҳо кардааст, мекунад ва оянда хоҳад кард.Барои он, ки ғурури миллӣ дорад.Он сафсатаҳое, ки нисбати артиши мо мегуянд ин суханони нотавонбинон ва душманони миллати мо ҳастанд.
Хариду фуруши конунии одамон...
Як тоҷир шаҳраки Ҷуйбодом мехост мактаб созад ва ба мардум супорад. Бо раиси маҳалла ва ҷамоат назди мудири маорифи н Рудаки рафтем. Мудир ман иҷозатнома мегирам ва ҳаққи ман чанд мешавад? Он тоҷир ин гапро шунид ва аз сохтани мактаб даст кашид. Як тоҷир дар Кулоб аз ҳисобаш мактаб сохт ва зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Тендерҳо барои сохтмон, нашри китобҳои дастӣ ҳама монополия зери қаноти оила аст. Як пашша 1 дирам наметавонад фоида биорад. То либоси мактабӣ пайванд ба оила аст. Қудоҳо, домодҳо ва набераҳо....