Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хунрезиҳои мазҳабиву ҷудоиталабонаи Покистонро, ки рӯзи панҷшанбе (10-уми январ) ҳаёти беш аз 120 касро аз байн бурд, маҳкум мекунад. Дар шаҳри ҷанубу ғарбии Кветта бар асари таркиши ду бомб беш аз 90 кас, аксаран мусулмонони шиамазҳаб, ҳалок шуданд. Масъулияти ин таркишҳоро ҷангҷӯёни суннимазҳаб бар дӯш гирифтаанд.
Ду рӯз инҷониб 50 ҷасади шиаҳои кушташуда дар маркази шаҳри Кветта мебошанд ва наздикони онҳо бо тақозои таъмини амният аз дафни ин ҷасадҳо худдорӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати маҳаллӣ бояд ба истеъфо рафта, қудратро ба артиш супорад.
Сухангӯи департаменти давлатии Амрико, Виктория Нуланд, мегӯяд: "Мо ба таври возеҳ ҳамроҳ бо мардуми Покистон ин амалҳои беэҳсосу ғайриинсониро шадидан маҳкум мекунем. Зиёда аз он, мо аз хушунати тундгароён дар Покистон нигарон буда, содиқона бо ҳукумати Покистон дар муқобили террор ҳамкорӣ хоҳем кард."
Рӯзи панҷшанбе (10-уми январ) дар таркиши дигар беш аз 30 нафар кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ҷудоихоҳони балуҷ бар ӯҳда гирифтаанд.