Мақомоти Эрон аз Иёлоти Муттаҳида танқид карданд, ки ба Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии ин кишвар иҷоза надодааст, аз як дипломати эронӣ дар бемористони Ню-Йорк аёдат кунад. Зариф барои иштирок дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк аст.
Амрико ба гаштугузори вазири умури хориҷии Эрон маҳдудият ҷорӣ кардааст. Зариф танҳо ҳақ дорад, ки дар атрофи бинои Созмони Милали Муттаҳид равуо кунад.
Муҳаммадҷавод Зариф ният дошт, аз ҳоли Маҷид Тахтраванчӣ, намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, хабар гирад. Ба гузориши Департаменти давлатии Амрико, Тахтраванчӣ дар шифохонае бистарӣ аст, ки берун аз ҳудуди таъйиншуда барои равуои дипломатҳои эронист.
Пеш аз ин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба Вазорати умури хориҷии кишвараш дастур дода буд, ки монеи вуруди баъзе аз мақомҳои баландпояи Эрон ва хонаводаи онҳо ба Амрико шавад.
Ба гузориши маҷаллаи Foreign Policy, як сухангӯи Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, "Эрон солҳост, чандин шаҳрванди Амрикоро ноҳақ зиндонӣ карда ва оилаву дӯстони онҳоро ба далели ин ки наметавонанд озодона бо азизонашон дидор кунанд, ранҷ медиҳад."
Вай гуфтааст, онҳо ба намояндагии Эрон итилоъ додаанд, ки агар Теҳрон як шаҳрванди Амрикоро озод кунад, онҳо ҳам иҷозаи дидорро хоҳанд дод. Хабаргузории расмии Эрон рӯзи шанбе ба нақл аз Аббос Ироқчӣ, муовини вазири умури хорҷии ин кишвар гуфт, "Вашингтон аз як масъалаи инсонӣ баҳрабардории сиёсии мекунад."
Пас аз он Муҳаммадҷавод Зариф дар Твиттер навишт, бо Тахтраванчӣ ба воситаи телефон видеоӣ суҳбат кардааст. Ӯ навишт, "ибрози сипос аз технология, ки ман бо дӯсти чиҳилсолаи худ, бо Тахтраванчӣ, сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯ кардам."
Равобити миёни Вашингтону Теҳрон пас аз ин ки Доналд Трамп хуруҷи Амрикоро аз созиши ҳастаии соли 2015-и миёни Эрон ва қудратҳои бузурги ҷаҳон эълон кард, пуртаниш шуд. Амрико баъд аз он ба Теҳрон таҳримҳои нав бор кард.
Трамп гуфт, созиши соли 2015 ба ҳадде нест, ки монеи сохтани силоҳи атомӣ ва мушакҳои баллистикии Эрон шавад. Аммо Эрон мегӯяд, барномаи атомии ин кишвар сулҳомез аст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 25-уми сентябр дар суханронии худ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, “то замоне ки таҳрмҳои зидди ин кишвар бекор нашавад, дар иртибот ба барномаи ҳастаии худ бо Амрико музокира намекунад”.