Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар Афғонистон "модари ҳамаи бомбаҳо"-ро истифода кард. ВИДЕО


Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар пайи партоби қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар шарқи ин кишвар 36 ҷангҷӯи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" кушта шудаанд. Ин бомбаи маъруф ба номи "модари ҳамаи бомбаҳо" шоми 13 апрел аз тарафи нирӯҳои амрикоӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, наздик ба марзи Покистон истифода шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Қудрату тавоноии тахрибкории ин бомба ба 11 тонна TNT баробар аст ва гуфта мешавад, алайҳи ғору туннелҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода шудааст. Ин бомба соли 2003 озмоиш шуда ва қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва бо воситаи ҳавопаймои борбари МC-130 бо чатр ба замин партоб мешавад.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ин бомба 9 метр дарозӣ ва 10 тонна вазн дошта, барои он истифода мешавад, ки минтақаи васеъи душманро тахриб кунад ва таъсири равонӣ ва ваҳшатноке бар нерӯҳои тарафи муқобил бигузорад.

Сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки ин нахустин бор аст, ки артиши Амрико аз ин бомба истифода кардааст. Ба гуфтаи сухангӯи Пентагон, ин бомба дар вулусволӣ ё ноҳияи Ачин дар вилояти Нангарҳор дар соати 7:32 дақиқаи шом ба вақти маҳаллӣ андохта шудааст.

Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ин бомба 9 метр дарозӣ ва 10 тонна вазн дошта, барои он истифода мешавад, ки минтақаи васеъи душманро тахриб кунад ва таъсири равонӣ ва ваҳшатноке бар нерӯҳои тарафи муқобил бигузорад.

Шон Спайсер – сухангӯи Кохи Сафед – дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе гуфт, ин ғору туннелҳо аз тарафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” барои ҳамла ба мушовирони низомии Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои Афғонистон истифода мешуданд. Вай афзуд, чораҳо барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён дар ин ҳамла андешида шуда буд.

Минтақаи Ачин дар вилояти Нангарҳори Афғонистон маҳалли ҳузури густурдаи ҷангиёни ДИИШ мебошад.
Минтақаи Ачин дар вилояти Нангарҳори Афғонистон маҳалли ҳузури густурдаи ҷангиёни ДИИШ мебошад.

Cухангӯи раиси вилояти Нангарҳор дар бораи талафоти ин ҳамлаи ҳавоӣ гуфтааст, ки шумораи зиёде аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин ҳамла кушта шудаанд, аммо ба ғайрнизомиён осебе нарасидааст. Атоуллоҳ Хугиёнӣ соатҳои дери шаби гузашта ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз ин қабл низ пойгоҳҳои ДИИШ дар минтақаи Ачин аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳадаф қарор гирифта буд, аммо ҳамлаи дишаб як "ҳамлаи вижа" буд.

Сухангӯи раиси вилояти Нангарҳор афзуд, ки "дар минтақаи Асадхели дараи Муҳманд дар вулусволии Ачин дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои хориҷӣ як паноҳгоҳи муҳими ҷангҷӯёни ДИИШ аз байн бурда шудааст. Дар гузашта низ ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба ин пойгоҳ ҳамла карда буд. Аммо ин пойгоҳ хеле мустаҳкам буд ва ба ҳамин далел, ин ҳамлаи вижа алайҳи онҳо анҷом шуд."

Президенти Амрико ин ҳамларо "муваффақиятомез" хонд.
Президенти Амрико ин ҳамларо "муваффақиятомез" хонд.

Президенти Амрико шаби шоми гузашта аз посух ба ин суол, ки фармони ин ҳамларо ӯ содир кардааст ё не, худдорӣ кард, вале гуфт, ки ба артиши кишвараш ихтиёри комил додааст.

Оқои Трамп ин бомбарон алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистонро "як воқеаи муваффақиятомез" хондааст. Мақомоти раёсати ҷумҳури Афғонистон ҳам гуфтаанд, ки ҳукумати ин кишвар аз ҷараёни партоби ин бомба ба вулусволии Ачин огоҳ будааст. Вазорати дифои Афғонистон низ бо нашри як хабарнома гуфтааст, ки дар ин ҳамла 36 тан аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" кушта шудаанд.

Ба бовари масъулони артиши Амрико, байни 600 то 800 ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва бисёре аз онҳо дар вилояти Нангарҳор мустақар мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG