Бино бар хабарҳо, 20 тан аз 27 нафар дар мактаби ибтидоии “Сэндӣ” кушта шуда, 14 тани онҳо кӯдакон будаанд. Ин воқеа, ки рӯзи 14-уми декабр ба вуқӯъ пайваст, яке аз бадтарин куштори мактабиён дар таърихи Амрико шумурда мешавад.
Полис мегӯяд, Адам Ланзаи 20-сола гумонбари тирандозист, ки низ дар ин моҷаро кушта шудааст.
Хабарҳое низ ҳаст, ки вай пеш аз тирандозӣ дар мактаб, падари худро ба қатл расондааст. Модари ӯ дар кӯдакистони ин мактаб дарс медодааст ва низ дар миёни қурбониён аст. Бино бар хабарҳо шогирдони ин зан низ ҳадаф қарор гирифтаанд. Полис мегӯяд, ҳоло амнияти мактаб ва мардуми ноҳия таъмин аст.
Дар мактаби ибтидоии мазкур кӯдакистоне низ буда, ки дар он тифлони аз 5 то 10-сола парасторӣ мешудаанд.
Як сокини Нютаун ба хабарнигорн гуфт, «марди ниқобпӯше ба маҳзи ворид шудан ба мактаб оғоз ба тирпаронӣ кард.» Вай изҳори ҳайрат кард, ки чӣ гуна ин мард ноаён вориди мактаб шудааст.
Раисиҷумҳури Иёоти Муттаҳида, Барак Обама, дар робита ба ин воқеа изҳор дошт, ки фоҷиаи бузург дили мардуми кишварро шикастааст. Вай гуфт: “Бисёрии кушташудагони имрӯза кӯдакон буданд. Тифлони зебои байни 5 то 10-сола. Тамоми умри онҳо– зодрӯзҳо, хатми мактаб, никоҳ ва соҳиби фарзанди худ шудан ҳанӯз дар пеш буд. Ҳамчунин омӯзгорон кушта шуданд, марду зане, ки ҳаёти худро барои ёрӣ ба татбиқи орзуи кӯдакон бахшидаанд. Дили мо имрӯз шикастааст.”
Ҳамла ба мактаби Нютаун яки дигар аз силсилаи қатлҳои дастаҷамъонаи пурқурбонист, ки имсол дар Иёлоти Муттаҳида ба вуқӯъ пайваст. Аввали сол марди мусаллаҳ 12 нафарро дар як кинотеатри Колорадо ба қатл расонд. Мусаллаҳи дигар дар ибодатгоҳи сикхҳо дар Висконсин пеш аз он ки худро кушад, ҷони шаш нафарро рабуд.