Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Қатли журналистон дар Кобул "ҳамла ба демократия" аст


Сабавун Какар ва Абдуллоҳ Ҳананзай рӯзи 30 апрел кушта шуданд

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қатли хабарнигоронро дар як ҳамлаи маргталабона дар Афғонистон маҳкум кард ва гуфт, ки ҷангҷӯён мехоҳанд бо ин ҳамла интихоботи ояндаро баҳам бизананд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, бо паёме дар Твиттер, ҳамлаҳои маргталабонаи рӯзи 30-уми апрел дар Кобулро, ки 25 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигорро кушт, “ҳамлаи бемаънӣ ва ваҳшиёна” номид.

“Матбуоти мустақил асоси демократия аст ва бо вуҷуди ҳамлаи

Дар ҷое, ки матбуот дар хатар аст, ба тамоми ҳуқуқи дигари инсон хатари бузургтар таҳдид мекунад

имрӯз, матбуоти сарзиндае, ки дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, пойдор хоҳад монд.”

Вазири умури хориҷии Амрико афзудааст, ки ин “ҳодисаро нодида намегирад”. Гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт, ки дар он якбора теъдоди зиёди кормандони матбуот дар Афғонистон ҳалок шуданд.

Ҳамлаҳои маргталабона дар Афғонистон ду ҳафта баъд аз як ҳамлаи маргталабонаи дигаре дар як маркази раъйдиҳӣ дар Кобул сурат гирифт. Дар ин ҳамла, ки рӯзи 22 апрел рух дода масъулияти онро ҳам гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт, 60 нафар кушта шуданд.

Ҳадаф - баҳам задани интихобот аст

Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико гуфт, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо халал расондан ба интихоботи порлумонии Афғонистон аст, ки қарор аст, моҳи октябри имсол баргузор шавад.

Ӯ рӯзи 30-уми апрел ба хабарнигорон дар Вашингтон гуфт: “Ин (ҳамла) барои онҳое, ки дар қуттиҳои раъйдиҳӣ пирӯз омада наметавонанд, як кори маъмулист, барои ҳамин ба бомб рӯ меоранд.”

Нӯҳ корманди матбуот замоне ба ҳалокат расиданд, ки барои инъикоси ҳамлаи маргталабона ба маҳаллаи Шаш Дарак дар Кобул рафта буданд. Дар ин замон, як бомбгузори дигар, ки худро хабарнигор муаррифӣ карда ба инҷо омадааст, абзори таркандаро ба ҳаракат даровардааст.

Дар байни қурбониён ду хабарнигори Радиои Озодӣ ва як духтари таҷрибамоӯз буд, ки қарор буд, нимаи моҳи май расман ба кор дар Радиои Озодӣ истихдом шавад. Яке дигар аз қурбониён аксбардори хабаргузории AFP будааст. Дигар хабарнигорон дар матбуоти дохилии Афғонистон кор мекардаанд.

Муҳаррам Дурронӣ мехост дар Радиои Озодӣ кор кунад
Муҳаррам Дурронӣ мехост дар Радиои Озодӣ кор кунад

Вақте матбуот таҳти хатар аст...

Сафорати Амрико дар Кобул гуфт: “Дар ҷое, ки матбуот дар хатар аст, ба тамоми ҳуқуқи дигари инсон хатари бузургтар таҳдид мекунад”.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милал гуфт, ки аз ин ҳамла ба хашм омадааст. Сухангӯи ӯ гуфтааст: “Ҳадафмандона нишон гирифтани хабарнигорон бори дигар нишон медиҳад, чӣ гуна хабарнигорон дар иҷрои масъулиятҳои муҳимашон ба хатар рӯ ба рӯ мешаванд.”

Антонио Гутерреш
Антонио Гутерреш

Антонио Гутерреш гуфтааст, онҳое, ки чунин ҷиноят мекунанд, бояд фавран ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон ҳамларо “ҳамла ба демократия ва талошҳо барои хомӯш кардани садои мазлумон” номид ва Ашраф Ғанӣ Раиси ҷумҳур гуфт, ин як намунаи “ҷинояти ҷангӣ” аст.

Рӯзи 30-уми апрел як хабарнигори Би-Би-Си-ро дар вилояти Хӯст дар марз бо Покистон куштаанд.

Афғонистон яке хатарноктарин кишварҳои ҷаҳон барои журналистон ба ҳисоб меравад. Соли гузашта 20 хабарнигор дар ин кишвар кушта шуданд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG