Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати амрикоӣ дар бораи интихобот ва барномаи ҳастаии Эрон


Вендӣ Шерман
Вендӣ Шерман

Амрико мегӯяд, интихоботи Эрон озоду одилона ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нахоҳад буд ва ҳам маълум нест, ки чӣ паёмаде хоҳад дошт?

Дар як мусоҳибаи хос бо Радиои Озодӣ муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар умури сиёсӣ хонум Вендӣ Шерман дар бораи интихоботи рӯзи 14 июни раёсатҷумҳурии Эрон ва музокироти барномаи ҳастаии Теҳрон сӯҳбат кард.

Ӯ мегӯяд, сарфи назар аз талошҳои зиёд то ҳол музокироти кишварҳои абарқудрати олам бо Эрон боис нашудааст, ки Теҳрон аз роҳаш гардад ва бахши ҳассоси барномаи ҳастаияшро, ки ба ақидаи бисёриҳо ҳадафҳои низомӣ дорад, канор гузорад: “Ман он нороҳатиро хуб дарк мекунам, зеро музокирот то ҳол ба натиҷае нарасидааст. Эрон ҳамоно барномаашро пеш мебарад ва таҳримҳо ҳам тавсеаи бештар пайдо мекунанд. Эрон ҳар чӣ бештар дар инзивоъ қарор мегирад ва ҳаёти мардум душвортар мегардад. Аммо ин душворӣ ба шарофати иқдомҳои СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА нест, ин душворӣ ба шарофати он тасмимҳое рӯй задааст, ки режими Эрон гирифтааст.
Воқеан ин пайти муносибе барои ҳукумати Эрон аст, ки хостаашро дақиқ кунад. Агар ин кишвар музокироти созанда раҳандозӣ кунад, ин таҳримҳо дар ин они воҳид аз байн хоҳанд рафт.”


Вендӣ Шерман дар бораи интихобот ва барномаи ҳастаии Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Ҳадаф аз таҳримҳои ҷомеаи байналмилалӣ фишор болои ҳукумати Эрон аст, вале дар воқеъ ин таҳрим ҳаёти мардуми одиро душвортар кардааст. Оё фикр намекунед, ки ба тадриҷ ин таҳрим натиҷаи баръакс дода, эрониҳоро бар зидди ИМА мешӯронад?

Шерман:
“Аввалан, мо итминон додаем, ки ғизо, доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ аз ҳар гуна таҳрим озод бошанд. Мо дар амал аъзои дастаамонро ба тамоми кишварҳои олам фиристода, ба ширкатҳои дорусозӣ, тиббӣ ва тавлиди ғизо иттилоъ додем, ки онҳо метавонанд бидуни мушкилӣ маҳсулоташонро ба Эрон содир кунанд. Онҳо ҳеҷ муҷозоте нахоҳанд дид. Ҳар ҷое ки чунин мушкил зуҳур намуд, мо саъй дорем, онро рафъ кунем. Аммо боз ҳам то ҷое ман мефаҳмам, мушкил бар пояи иқдомҳои худи режими Эрон аст. Вазири беҳдошти Эрон то замони аз кор сабудӯш шуданаш шикоят дошт, ки дар буҷаи Эрон асъори кофӣ барои харидории доруворӣ тахсис дода намешавад. Хуллас, дар ин ҷо ҳам интихоб ба дасти ҳукумати Эрон аст.”

Озодӣ: Шумо мегӯед, ки ИМА дар интихоботи 14-уми июн аз кадом яке аз номзадҳои раёсатҷумҳурии Эрон пуштибонӣ намекунад. Оё барои ИМА беҳтар намебуд, ки як номзади муътадил сари қудрат ояду ташаннуҷи авзоъ коҳиш ёбад?

Шерман: “Ин интихоби мардуми Эрон аст, на ИМА. Фаҳмиши мо ин аст, ки дар масъалаи барномаи ҳастаӣ қабули қарор ба дасти раҳбари рӯҳонии Эрон аст.”

Дар идомаи сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ мансабдори баландпояи амрикоӣ ҳамчунин гуфт, ки номзадҳои курсии президентии Эронро Шӯрои нигаҳбон интихоб кардааст. Дар ҳоле, ки худи Шӯрои нигаҳбонро касе интихоб накардаву он ба касе ҷавобгӯй нест, чӣ гуна интихоботи Эронро метавон озоду одилона ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ номид?

Амрико ва муттаҳидонаш дар Ғарб бар ин назаранд, ки ҳадафи Эрон аз таъқиби фаъолиятҳои ҳастаӣ даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаист. эрон инро ҳамеша радд мекунад ва мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG