Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимони амрикоӣ - дар Роғун


Нирӯгоҳи Роғун дар нақша
Нирӯгоҳи Роғун дар нақша

Гурӯҳе аз олимони зилзилшиноси Амрико дар маҳалли нирӯгоҳи Роғун, дар шарқи пойтахти Тоҷикистон ба ташхиси ҷанбаи сейсмологии ин минтақа машғуланд.

Файзулло Бобоев, ёвари раиси Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳафт олими соҳаи сеймологияи ИМА бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ду рӯзи пеш ба Душанбе омаданд ва ҳоло дар маҳлли ниругоҳи Роғун қарор доранд."

Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, "ин олимон, ки аз Пажуҳишгоҳи бузурги сейсмологии ИМА ҳастанд, дар муддати чанд рӯзи оянда ташхиси мустақили илмиро дар заминаи тобоварии минтақаи ниругоҳи Роғун ба зилзила анҷом медиҳанд."

Ин масъули Академияи улуми Тоҷикистон гуфт, ки гурӯҳи олимони амрикоиро масъулону мутахаасисони Пажуҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони ба зилзила тобовари Академияи улуми Тоҷикистон ба раҳбарии академик Собит Неъматуллоев ҳамроҳӣ дорад.

Қарор аст, маъмурияти ин гурӯҳ аз олимони амрикоӣ ба маҳали сохтмони ниругоҳи Роғун охири ҳафтаи ҷорӣ ба поён расад ва пас аз баргашт, онҳо гузориши комилеро дар маврид ташхиси ҷанбаи сейсмологии ниругоҳи Роғун дар як нишаст бо ҳузури мақомот, олмиону мутахасисони соҳа ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ироа кунанд.

Гуфта мешавад, маъмурияти олимони сеймологи амрикоӣ барои ташхиси нируголҳи Роғун дар чорчуби ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо давлати Тоҷикистон дар заминаи экспертизаи байналмилалии ниругоҳи Роғун сурат мегирад.

Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғунро як василаи асосии раҳоияш аз панҷаи буҳрони нирӯи барқ медонад. Ин кишвар феълан ҳар зимистон маҷбур аст, интиқоли барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳояшро дар манотиқи рустоӣ ва шаҳристонҳо бо ҳамагӣ 5-6 соат дар шабонарӯз маҳдуд кунад.

Аммо ҳукумати Узбакистон мухолифи сохтани нерӯгоҳи Роғун буда, мегӯяд, дар сурати бунёди ин нирӯгоҳ заминҳои кишташ беоб хоҳанд монд. Тошканд ҳамчунин ба паёмадҳои экологии ин сохтмон таъкид мекунад. Ҳукумати Узбакистон ҳамин тавр мегӯяд, бунёди нерӯгоҳи Роғун дар маҳалли зилзилахезе чун Тоҷикистон, метавонад боиси фалокати бузурги табиӣ дар Осиёи Марказӣ шавад.

Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд ва Узбакистон, ки аз фурӯшандагони аслии барқ дар Осиёи Марказист, намехоҳад, дар ин бозор рақиб пайдо кунад. Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, дар сурати бунёди 3600-мегаваттии Роғун, ки 60 дарсади сохтмонаш алакай анҷом шудааст, Тоҷикистон метавонад ҳам худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва ҳам ба ҳамсояҳо нерӯи барқи арзон фурӯшад. Тарҳи Роғун чанд сол боз яке аз мояҳои аслии тирагии равобит миёни ин ду ҳамсоякишвар шудааст.

Баъди чанд соли ҷустуҷӯҳои бенатиҷаи сармоя барои бунёди Роғун, Душанбе дар соли 2010 барои шурӯъи мустақилонаи ин сохтмони барояш "ҳаётан муҳим" иқдом кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ бо ваъдаи фоидаҳои азим баъди сохтани он аз мардум 186 миллион доллар ҳам ҷамъ овард.

Вале баъди ҳамагӣ се моҳи саҳмияфурӯшӣ дар пайи мухолифатҳои Тошканд маҷбур шуд, анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва экологии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Ин кор инак севуним сол боз тӯл мекашад ва то ҳол маълум нест, ки Бонки ҷаҳонӣ натиҷаҳои ниҳоии ин арзёбиро кай эълон хоҳад кард?

Дар Тоҷикистон бисёриҳо, ки аз тӯл кашидани ин ташхисҳо сахт хаста шудаанд, ҳарчӣ бештар садоҳое баланд мешаванд, ки набояд дигар рӯ ба раҳми Бонки ҷаҳонӣ нишаст. Аммо ба гуфтаи мақомот, Душанбе, ки сармояи кофӣ барои бунёди ин нирӯгоҳро надорад, илоҷе ба ҷуз аз интизорӣ надорад. Интизорие, ки маълум нест, чанд соли дигар тӯл хоҳад кашид ва табъан оё чанд соли дигар мардуми Тоҷикистон шабҳои зимистонро ҳамчунон зери равшании хираи "чароғҳои бобоӣ" рӯз хоҳанд кард?
XS
SM
MD
LG