Лимити қаблии “Барқи Тоҷик” танҳо соатҳои шабонаро дар бар мегирифт, вале зоҳиран лимити наву шадидтар, ки аз 1 ноябр ҷорӣ мешавад ва қатъ кардани интиқоли барқ аз субҳ то шомро низ дар назар дорад, ҳокист, ки Тоҷикистонро боз як зимистони дигари камбарқ дар пеш аст.
"Барқи Тоҷик" аммо мегӯяд, ба далели гармтар омадани тирамоҳ, мавриди истифода қарор гирифтани нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ва ҳам бо шарофати чароғҳои каммасраф тавонистааст, лимити барқро нисбат ба соли гузашта 19 рӯз дертар ҷорӣ кунад. Ҳарчанд мунтақидон мегӯянд, ки дертар ҷорӣ шудани лимит бештар ба интихоботи президентӣ рабт дошт, то ба чароғҳои каммасраф ё гармии тирамоҳу тавлидоти ҳарду Сангтӯда.
Дар иттилоияи “Барқи Тоҷик” гуфта мешавад, ки “акнун дар қаламрави кишвар рӯзона аз соати 9-00 то 17-00 интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Дар соатҳои шабона бошад, аз соати 22-00 то 05-00-субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад.” Ин маҳдудият, ба истиснои пойтахт ва шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Турсунзодаву Чкалов боқӣ қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегирад.
“Барқи Тоҷик” ин навбат ҳам пойин рафтани сатҳи об дар обанборҳоро далели тасмимаш ба шадидтар сохтани лимити нирӯи барқ номида, гуфтааст, “ШСХК «Барқи тоҷик» хотиррасон менамояд, ки ин тадбир ба он мусоидат менамояд, ки обанбор дар сатҳи ҳар қадар баланд нигоҳ дошта шуда, манфиати истеҳсолияш беҳтар гардад ва таъминоти мардум ва хоҷагии халқи кишвар дар фасли зимистон, ки имсол хеле сард пешгӯӣ мешавад, нисбатан мӯътадил ҷараён гирад.”
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи Тоҷик" ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол лимитро дертар, яъне аз 1 ноябр ҷорӣ карданд, чунки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 имкони тавлиди барқ дар Тоҷикистон бештар шуда буд. Далели дигари дертар ҷорӣ шудани лимит, ба гуфтаи оқои Ёдгорӣ, имсол гармтар омадани тирамоҳ ва ҳамчунин ба истифодаи чароғҳои каммасраф гузаштани аҳолӣ будааст.
“Барқи Тоҷик” “бо мақсади риояи ҷадвали маҳдудият” телефонҳои боварӣ ташкил додааст, ки муштариён метавонанд дар сурати риоя нашудани лимити таъйиншуда ба ин шумораҳо занг бизананд:
Рақамҳои телефонҳои боварӣ: 235-86-74;
235-86-84
610-60-50
295-202
Лимити барқ дар Тоҷикистон имсол каме дертар – аз 26 октябр – ҷорӣ шуд. Бисёриҳо ба ин умед буданд, ки мақомот ҳадди ақал то баргузории интихоботи президентӣ, яъне то 6 ноябр, ба қатъи интиқоли нирӯи барқ “ҷуръат” намекунанд, ки мабодо боиси боло рафтани норозигии мардум ва коҳиш ёфтани шонси пирӯзии раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон шаванд.
Аммо “Барқи Тоҷик” рӯзи 26 октябр эълон кард, ки дар соатҳои шабона, яъне аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ интиқоли барқро ба ҷуз аз пойтахт ва чандӯ шаҳри саноатии дигар, дар боқӣ манотиқи кишвар қатъ мекунад. Нозирҷон Ёдгорӣ, суханӯи ширкати «Барқи тоҷик» рон дафъа сард шудани ҳаво ва паст шудани сатҳи оби дарёи Вахшро далели ба оғози лимит тасмим гирифтани ин ширкат номида буд. Оқои Ёдгорӣ таъкид кард, ки маҳдудияти барқ имсол назар ба соли гузашта 19 рӯз дертар шурӯъ шудааст.
Тоҷикистон бо он ки 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва зарфияти рӯдхонаҳояш барои тавлиди 527 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ кифоят мекунад, ҳар зимистон ба иллати камбуди тақрибан 3-5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ маҷбур аст, дар саросари кишвар лимити барқ ҷорӣ кунад. Ин лимит, ки ибтидо 7 соат ва инак 15 соат дар шабонарӯзро фаро мегирад, дар поёни зимистон ва моҳҳои аввали баҳор, ки авҷи беобии дарёҳост, аз марзи 20 соат дар шабонарӯз мегузарад ва сокинони бархе манотиқ ҳатто шикоят мекунанд, ки рӯзҳову ҳафтаҳо рӯи барқро намебинанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ибтидо ваъда дода буд, ки лимити барқ дар Тоҷикистон то 15 апрели соли 2009 ва бино ба як суханронии дигараш, дар соли 2012 комилан аз байн хоҳад рафт. Аммо умеди Душанбе ба рафъи ин умдатарин мушкили иҷтимоии давлати Эмомалӣ Раҳмон баъди сохта шудани ҳарду нирӯгоҳи якуму дуюми Сангтӯда низ ҷомаи амал напӯшид ва ҳоло мақомот мегӯянд, ки танҳо дар сурати сохта шудани нирӯгоҳи азими Роғун метавон ба лимити барқ дар Тоҷикистон билохира нуқта гузошт.
Дар оғози соли 2010, баъди чандин соли ҷустуҷӯи бенатиҷаи сармояи хориҷӣ барои сохтани нирӯгоҳи Роғун, ду ваъдаи ҳарду рӯи қоғазмондаи Русия барои бунёди он, ҳукумати Тоҷикистон барои шурӯъи мустақилонаи ин сохтмони барояш “ё ҳаёт, ё мамот” ибтикор кард ва дар як маъракаи нимаиҷборӣ барои оғози ин сохтмон аз мардум ва ширкатҳо қариб 900 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар бо қурби соли 2010, низ ҷамъ овард.
Вале ин тарҳ ба мухолифати шадиди кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, дучор шудааст ва ҳукумати Тоҷикистон ъба ин далел анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣё ва зистмуҳитии тарҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ супурд, ки бо вуҷуди гузашти беш аз 3 сол хулосаҳояшро дар бораи тарҳи нирӯгоҳи Роғун ҳанӯз нашр накардааст.
Мардуми Тоҷикистон дар чунин шароити пуразоб вориди боз як зимистони бебарқу бегаз мешаванд. Дар шароите, ки аз 1 ноябр, ҳанӯз як моҳ қабл аз оғози расмии мавсими сармо, лимити барқ барои аксари аҳолии ин кишвар бо ҳамагӣ 9 соат дар шабонарӯз – 4 соат субҳ ва 5 соат шом – маҳдуд шудааст.