Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ то ҳол ба Роғун "ОК" надодааст


Марҳалаи чоруми машварати намояндагони кишварҳо ва ҷомеаи маданӣ барои натиҷаи таҳқиқи нерӯгоҳи обии Роғун дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Нигина Алиева, ҳамоҳангзсози Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ин машварати видеоӣ дар дафтари душанбегии Бонки ҷаҳонӣ рӯзҳои 17, 18 ва 21-уми октябр баргузор шуд ва иштироккунандагон бо дафтарҳои ин ниҳоди молӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳам дар Вашингтону Кобул ва Порис сӯҳбати мустақими видеоӣ барпо кардаанд.

Ба гуфти Нигина Алиева, ин машварат бо мақсади шиносоии ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои поёноб бо натиҷаи таҳқиқоти фаннии тарҳи нирӯгоҳи Роғун доир шудааст. Дар ҷараёни ин нишаст барои намояндагони кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва беш аз 30 созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Алма-Ато, Остона, Ишқобод, Душанбе, Кобул ва Тошканд конфаронси видеоӣ гузаронда шудааст.

Марҳалаи чоруми машварат бо кишварҳои поёноб бо масъалаи бехатарии садди нерӯгоҳи Роғун бахшида шуда, Нигина Алиева гуфт, дар он ду гузориш шунида шуд. Яке натиҷаи корҳои геологӣ ва геотехникии таҳқиқоти садди обанбор ва обнигоҳдорӣ, дувум - баҳогузорӣ ба рафти корҳоинирӯгоҳи Роғун, хусусан анҷоми корҳои зеризаминӣ ва сохтмону тармими нақбҳо.

Дар машварати пешина дар моҳи феврал, ки дар шаҳри Алма-Ато сурат гирифт, аз ҷумла пажӯҳиши муқаддамотии ҷуғрофиёии соҳили рости рӯдхонаи Вахш ва таҳқиқи обшиносӣ ва ё гидрологии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуда буд, ки дар он омадааст, “маҳаллу навъи садди интихобшуда, барои бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.”

Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғунро як василаи асосии раҳоияш аз панҷаи буҳрони нирӯи барқ медонад. Ин кишвар феълан ҳар зимистон маҷбур аст, интиқоли барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳояшро дар манотиқи рустоӣ ва шаҳристонҳо бо ҳамагӣ 5-6 соат дар шабонарӯз маҳдуд кунад.

Аммо ҳукумати Узбакистон мухолифи сохтани нерӯгоҳи Роғун буда, мегӯяд, дар сурати бунёди ин нирӯгоҳ заминҳои кишташ беоб хоҳанд монд. Тогшканд ҳамчунин ба паёмадҳои экологии ин сохтмон таъкид мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, дар сурати бунёди 3600-мегаваттии Роғун, ки 60 дарсади сохтмонаш алакай анҷом шудааст, Тоҷикистон метавонад ҳам худро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад ва ҳам ба ҳамсояҳо нерӯи барқи арзон фурӯшад. Ҳукумати Узбакистон пайваста гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун дар маҳалли зилзилахезе чун Тоҷикистон, метавонад боиси фалокати бузурги табиӣ дар Осиёи Марказӣ шавад ва ё кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро “лабташна” бигузорад.

Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд ва Узбакистон, ки аз фурӯшандагони аслии барқ дар Осиёи Марказист, намехоҳад, дар ин бозор рақиб пайдо кунад. Ҳамин тарҳ чанд сол боз яке аз мояҳои аслии тирагии равобит миёни ин ду ҳамсоякишвар шудааст.

Баъди чанд соли ҷустуҷӯҳои бенатиҷаи сармоя барои бунёди Роғун, Душанбе дар соли 2010 барои шурӯъи мустақилонаи ин сохтмони барояш "ҳаётан муҳим" иқдом кард ва тавассути як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ бо ваъдаи фоидаҳои азим баъди сохтани он аз мардум 186 миллион доллар ҳам ҷамъ овард.

Вале баъди ҳамагӣ се моҳи саҳмияфурӯшӣ дар пайи мухолифатҳои Тошканд маҷбур шуд, анҷоми ташхиси фанниву иқтисодӣ ва экологии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Ин кор инак севуним сол боз тӯл мекашад ва то ҳол маълум нест, ки Бонки ҷаҳонӣ натиҷаҳои ниҳоии ин арзёбиро кай эълон хоҳад кард?

Дар Тоҷикистон бисёриҳо, ки аз тӯл кашидани ин ташхисҳо сахт хаста шудаанд, ҳарчӣ бештар садоҳое баланд мешаванд, ки набояд дигар рӯ ба раҳми Бонки ҷаҳонӣ нишаст. Аммо ба гуфтаи мақомот, Душанбе, ки сармояи кофӣ барио бунёди ин нирӯгоҳро надорад, илоҷе ба ҷуз аз интизорӣ надорад. Интизорие, ки маълум нест, чанд соли дигар тӯл хоҳад кашид ва табъан оё чанд соли дигар мардуми Тоҷикистон шабҳои зимистонро ҳамчунон зери равшании хираи "чароғҳои бобоӣ" рӯз хоҳанд кард?
XS
SM
MD
LG