Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри асрори махфии қатли Ҷон Кеннеди. Фарзияҳои КГБ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Асноди махфӣ дар бораи қатли Ҷон Кеннедӣ, раиси ҷумҳури собиқи Амрико нишон медиҳад, ки ҳангоми таҳқиқи қазияи сӯиқасд аз тарафи Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико, мақомоти шӯравӣ тахмин задаанд, ки қатли раиси ҷумҳур кори дасти гурӯҳҳои ростгаро ва ҳатто муовини Ҷон Кеннедӣ будааст.

Дар он замон Хадамоти Ҷосусии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё КГБ иддао кардааст, ки Линдон Ҷонсон, ки баъди сӯиқасд раиси ҷумҳур шуд ба ин қатл даст доштааст. Ин иттилоъ дар номаи Эдгар Ҳувер, мудири FBI ва ё Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико ба номи дастёри раиси ҷумҳур омадааст. Номаро соли 1966 фиристоданд ва он рӯзи 26-уми октябр бори аввал нашр карданд.

Нома бахше аз бастаи санадҳои махфӣ дар бораи сӯиқасд ба Ҷон Кеннедӣ аст, ки ҳамин ҳафта бо дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико нашр карданд. Доналд Трамп ба қавли Кохи Сафед дар ёддоште гуфтааст, ки бо назардошти нигарониҳои амниятии Хадамоти Истихборотии Амрико ва Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ ночор буд, баъзе аз санадҳоро махфӣ нигаҳ дорад.

Ҷон Кеннедӣ дар дохили ҳамин мошин тир хӯрд.
Ҷон Кеннедӣ дар дохили ҳамин мошин тир хӯрд.

Санадҳо рӯзҳои пурталотуми баъди сӯиқасдро тасвир мекунанд, ки 22-уми ноябри соли 1963 сурат гирифт ва маъмурони амниятии Амрико барои ёфтани гунаҳкор дар саросари ҷаҳон аломат меҷустанд.

Аммо муаррихоне, ки дар бораи Ҷон Кеннедӣ таҳқиқ мекунанд, мегӯянд, санадҳо ҳеҷ чизи муҳимеро дар бораи қатли такондиҳандаи раиси ҷумҳур дар соли 1963 ошкор намекунанд. Ҷон Кеннедиро ҳангоми сафар дар мошини болояш боз бо тири туфанг куштанд.

Бар асоси номаи раиси FBI ба номи дастёри раиси ҷумҳури Амрико, Маскав ба маъмурони қароргоҳи КГБ дар Ню Йорк дастур додааст, дар бораи Ҷонсон маълумоти бештар пайдо кунанд. Дар он дастур омадааст, ки иттилоъро аз як “манбаи FBI” гирифтаанд, ки ба онҳоро “дар гузашта бо иттилооти мӯътамад таъмин кардааст.”

Линдон Ҷонсон аз дер боз мавриди таваҷҷӯҳи фарзиясозон қарор гирифта буд, вале ҳеҷ иттиллои мӯътамад дар бораи иртиботи ӯ бо сӯиқасд вуҷуд надорад.

Бар асоси санадҳо, дар ҳамон замон FBI Иттиҳоди Шӯравиро муттаҳами асосӣ ба сӯиқасд медонистааст. Дар санадҳо омадааст, ки Ли Ҳарвей Освалд, ки раиси ҷумҳури Амрикоро кушт, бо “як узви бахши сӯиқасд дар КГБ-и Шӯравӣ” дар сафорати Амрико дар Мексика иртибот доштааст.

Ли Ҳарвей Освалд
Ли Ҳарвей Освалд

Аммо ба эътиқоди Маскав, Освалд Ли Ҳарвей як “девонаи асабонӣ” буд, ки мехост, бо иғвобарангезӣ, робитаҳои Амрикову Иттиҳоди Шӯравиро бад кунад. Ин маълумотро маъмурони амниятии Амрико баъди чанд рӯзи сӯиқасд нашр кардаанд.

Баъдтар дар соли 1964 дар моҳи май, Никита Хрушёв, раҳбари собиқи шӯравӣ бо Дрю Пирсон, як шореҳи шинохта аз Вашингтон дар шаҳри Қоҳира дар Миср, мулоқот карда ва ба ӯ гуфтааст, ки сӯиқасд, кори дасти иғвобарангезҳои ростгаро будааст. Ин иттилоъ ҳам дар бастаи санадҳои нашршуда омадааст.

Хрушёв ба Пирсон гуфтааст, ба хулосаи муфаттишон дар он замон розӣ нест, ки гуфтаанд, Освалд ва Ҷек Рубӣ молики як клуби шабона, ки Освалдро бо зарби тири туфанг кушт, танҳо амал карда бошанд.

Бино ба ин санадҳо, “Хрушёв бовар надоштааст, ки ниҳодҳои амниятии Амрико чунин нодонанд.” Пирсон чунин таасурот гирифтааст, ки “Хрушёв дар бораи иғвобарангези ростгаро андешаҳои торике доштааст” ва тамоми далелҳои мавҷудро рад мекардааст.

XS
SM
MD
LG