Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико осори замони Куруши Кабирро баргардонд


Мақбараи Куруши Кабир дар Эрон
Мақбараи Куруши Кабир дар Эрон

Давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, як асари бостонӣ аз даврони Ҳахоманиширо ба Эрон баргардонидааст. Асари гаронбаҳоро ба Ғуломалии Хушру, намояндаи Эрон дар Созмони Милал, ки танҳо сафири расмии Ҷумҳурии Исломӣ дар Амрико маҳсуб мешавад, супурдаанд.

Дипломати баландпояи Эрон хабари бозпас гирифтани асари бостониро рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта таъйид кард. Ғуломалӣ Хушру гуфт, мақомоти интизомии аёлати Ню Йорк ин асари барҷастаро ба дасти ӯ супурданд. Ин асари бостонӣ як нақши барҷастаи 2500-солаи сангӣ аз як сарбози даврони Ҳахоманишӣ аст, ки 90 сол пеш, яъне дар соли 1928 онро аз Эрон дуздида ба хориҷ бурдаанд.

Тасвири сангии гаронбаҳоро, ки дар ихтиёри Осорхонаи ҳунарҳои зебои шаҳри Монреали Канада қарор дошт, соли 2011 дуздиданд ва он соли гузашта ногаҳон дар як музоядаи осори арзишманди таърихӣ дар Ню Йорк дида шуд. Мақомоти интизомии иёлат баъд аз огаҳӣ ёфтан аз фурӯши тасвир, онро мусодира карданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00
Линки мустақим

Як намоишгоҳи осори бостонӣ дар Ню Йорк қасд дошт, ин асари боқимонда аз даврони Ҳахоманиширо на камтар аз 1 миллиону 200 ҳазор доллар бифурӯшад, вале мақомоти додгоҳии Ню Йорк пас аз баррасии санадҳои муддаиёни тасвири сангӣ ва натиҷаҳои тафтиш дастур доданд, ки ин асари таърихӣ ба давлати Эрон баргардонда шавад. Амрико аз ин пеш ҳам осори таърихии дигареро, ки аз Эрон дуздидаанд, ба ин кишвар баргардонидааст.

Ҳахоманишиён сулолаи шоҳони Форси қадим аст, ки Куруши дуввумро асосгузори он мешуморанд. Сулолаи Ҳахоманишиён солҳои 558 то соли 330 пеш аз милод дар қаламравҳои васеи он замон Форс ҳукмронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG