Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижа дар ду кишвари Африқо


Анас Ал-Либӣ дар рӯйхати террористҳое, ки сомонаи gettyimages.com нашр кардааст
Анас Ал-Либӣ дар рӯйхати террористҳое, ки сомонаи gettyimages.com нашр кардааст

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ аз амалиёти нирӯҳои вижаи кишвараш алайҳи ҷангиён дар ду кишвари қораи Африқо ситоиш кард.

Бино ба хабарҳо, нирӯҳои вижаи Амрико ахиран алайҳи раҳбарони ҷангиёни исломии қораи Африқо дар Либия ва Сомалӣ ду амалиёт доир кардаанд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки дар Индонезия бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, рӯзи якшанбе гуфт, "Амрико талошҳояш ҷиҳати ба масъулият кашондани онҳоеро, ки даст ба аъмоли террористӣ задаанд, идома медиҳад." Ҷон Керрӣ гуфт, "афроди Ал-Қоида ва созмонҳои дигари террористӣ метавонанд, ҳаракат кунанд, вале пинҳон шуда наметавонанд." Ӯ афзуд, Амрико ба масъулият кашондани афроди сиёҳкорро идома дода, умедвор аст, ки чунин аъмол дар дунё комилан аз байн бурда шаванд.

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, ин нирӯҳои вижа дар Либия Нозиҳ Абдулҳамид Ал-Руқаиро, ки дар байни ёронаш бо лақаби Анас ё Абӯанас Ал-Либӣ маъруф аст, таслим кардаанд. Амрико Анас Ал-Либиро бо ҷуроми даст доштан дар бомбгузориҳои сафоратҳои Амрико дар Кения ва Танзания дар соли 1998 таъқиб мекард. Бар асари он ҳамлаҳои террористӣ 224 нафар кушта шуда буд.

Наздикони Ал-Либӣ мегӯянд, ки ӯро рӯзи шанбе дар берун аз манзилаш дар Триполӣ – пойтахти Либия – дастгир кардаанд. Мақомоти Либия боздошти Анас Ал-Либиро ҳанӯз шарҳ надодаанд. Мақомоти Амрико низ то ин соат дар ин бора изҳороти расмие пахш накардаанд.

Дар гузашта чандин бор дар бораи боздошти Ал-Либӣ гузоришҳо нашр шуда буд, вале ҳар дафъа аз сӯи мақомҳои амрикоӣ рад мешуд. Human Rights Watch дар соли 2007 гузориш дода буд, ки ба бовари ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ин ҷангӣ дар байни беш аз 20 нафарест, ки як муддат дар зиндонҳои махфии CIA(ЦРУ) – Идораи марказии ҷосусии Амрико – нигоҳ дошта мешуд.

Вошингтон дар баҳои маълумоте, ки боздошти Нозиҳ Абдулҳамид Ал-Руқаиро муяссар гардонад, 5 миллион доллар ҷоиза низ муқаррар карда буд. Бино ба маълумотҳои дарёфӣ, Анас Ал-Либӣ 49 сол дошта, моҳи март ё майи соли 1964 дар Триполӣ ба дунё омадааст. Ӯ дар Бритониё ҳаққи паноҳандагӣ дошт ва дар шабакаи Ал-Қоида мутахассиси компутар ба шумор мерафт.

Фармондеҳи чечен дар ... Сомалӣ?

Дар ҳамин ҳол, Пентагон тасдиқ кард, ки нирӯҳои Амрико дар Сомалӣ, кишваре дар Африқои шарқӣ, амалиётеро бо ҳадафи боздошти раҳбари гурӯҳи ҷангии Аш-Шабоб анҷом додаанд. Мақомот дар дохили Сомалӣ мегӯянд, ки нирӯҳои низомии байналмилалӣ қабл аз субҳи шанбе ба шаҳри Бараве зарба задаанд. Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани ном ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, нирӯҳои амрикоӣ бо ҷангиёни Аш-Шабоб вориди даргирӣ шуда, талафоте дар суфуфи онҳо ба бор овардаанд, вале касе аз нирӯҳои Амрико дар ин задухӯрд осеб надидааст. Ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ҳадафи ин амалиёт, яъне раҳбари Ал-Шабоб дастгир шудааст ё на?

Фурӯшгоҳи "Westgate"-и Найробӣ, 23 сентябр
Фурӯшгоҳи "Westgate"-и Найробӣ, 23 сентябр
Қаблан ҷангиёни Аш-Шабоб гуфтанд, ки нирӯҳои вижаи Бритониёву Туркия шабона ба Бараве ҳамла оварда, як чирикиро куштаанд, вале дар натиҷаи ин амалиёт як афсари бритониёӣ ҳам ҷон додаву чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, дар бораи ягон навъе даст доштани ин кишвар дар амалиёти Бараве хабар надорад. Вазорати дифоъи Туркия низ ҳар навъ ширкати нирӯҳои ин кишвар дар чунин амалиёт дар қаламрави Сомалиро рад кард.

Як мақоми иктишофии Сомалӣ гуфт, ҳадафи амалиёти Бараве як фармондеҳи чечен буд, ки захмӣ шудаву як муҳофизи ӯ кушта шудааст. Пулис мегӯяд, дар ин амалиёт дар маҷмӯъ 7 тан ҷон бохтаанд.

Ин амалиёт ду ҳафта баъд аз ҳамлаи ҷангиёни Аш-Шабоб ба фурӯшгоҳи бузурги “Westgate” дар Найробӣ – пойтахти Кения – ҳамла оварда, дастикам 67 нафарро куштанд. Ҷангиён ин ҳамларо посух ба давлати Кения гуфтаанд, ки барои муқобила бо нирӯҳои Аш-Шабоб ба Сомалӣ нирӯ фиристодааст.

Нирӯҳои вижаи Амрико дар гузашта бо талаби боздошти фармондеҳони гурӯҳҳои ҷангӣ дар қораи Африқо зиёд даст ба чунин амалиёт назадаанд. Вале дар апрели соли 2011 Аҳмад Абдулқодир Варсамӣ, як ҷангии марбут ба Аш-Шабоб замоне дастгир шуд, ки дар халиҷи Адан шино мекард. Варсамиро, ба анвиштаи “The Wall Street Journal”, як муддат дар киштии ҷангии Амрико нигоҳ дошта, сипас дар Амрико ба дасти додгоҳ супурданд.
XS
SM
MD
LG