Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози африқоитаборон ба ҳукми сафеди Зиммерман


Ҷорҷ Зиммерман баъди судури ҳукми додгоҳ
Ҷорҷ Зиммерман баъди судури ҳукми додгоҳ

Аз сӯи додгоҳ сафед шудани қотили як навраси сиёҳпӯст дар Амрико бардоштҳои зиддунақизе ба ҷо гузоштааст.

Дар як мурофиаи додгоҳӣ дар Амрико, ки дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт, марде, ки ба як навраси сиёҳпӯсти бесилоҳ дар Станфорди аёлати Флорида оташ кушод ва вайро ба ҳалокат расонд, бегуноҳ эълон шуд. Ҳайати қозиёни додгоҳ, ки аз шаш зан иборат буд, рӯзи шанбе ҳамаи иттиҳомоти зидди Ҷорҷ Зиммерманро барои куштори Трейвон Мартини 17-сола лағв кард.

Ин куштор моҳи феврали соли 2012 рух дода буд ва Зиммерман мегӯяд, ки дар ҳамлаи шабона ба хотири дифоъ аз худ маҷбур шудааст барои аз байн бурдани шахси ҳамлакунанда, яъне Мартин оташ кушояд.


Ҳукми гумонбар ба қатли навраси африқоитабор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим

Марк О’Мара - додситони низомии Амрико аз ҳайати қозиёни додгоҳ барои чунин тасмимашон ситоиш кард: “Возеҳ аст, ки мо аз натиҷаҳо розӣ ҳастем. Ҷорҷ Зиммерман ҳеҷ гоҳ барои коре гунаҳгор набудааст, ба ҷуз ин ки худашро дифоъ кардааст. Ман хушҳолам, ки ҳайати қозиён ба масъала аз ҳамин зовия нигоҳ карданд. Ман умедворам, ҳар касе , ки фикр мекунад ва ё ба тасмими Ҷорҷ ва гузаштаи вай шубҳа дорад, ҳоло мефаҳмад, ки ҳайати қозиён барои бегуноҳ эълон кардани Ҷорҷ маълумоти кофӣ дар ихтиёр дошт.”

Агар Зиммерман гунаҳгор дониста мешуд, вайро ба ҳабси абад маҳкум мекарданд. Рӯзи шанбе дар баъзе аз шаҳрҳои Амрико мардуми африқоинажод бар зидди ҳукми Зиммерман тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд ва гуфтанд, ки ин куштор ангезаи нажодӣ дорад. Зиммерман худро испаниёинажод мегӯяд.

Сакон Ҷонс - бародарзодаи Мартин мегӯяд, ки аз ҳукми ҳайати додгоҳ “таъаҷҷубзада” аст: “Хонаводаи ман то абад аз ин ҳукм нороҳат хоҳад буд. Ин кор ба поён нарасидааст. Вале коре, ки дарди моро камтар мекунад ва бояд талош кунем, ки ин дардро камтар кунем, дуову ниёиш хоҳад буд. Ман ба ҳукм бовар дорам. Вале ҳеҷ гоҳ ин гуна шубҳа маро фаро нагирифта буд. Таъаҷҷубовар аст. Ман бовар намекунам.”


Эътирозҳо ба ҳукми додгоҳи Станфорд
Эътирозҳо ба ҳукми додгоҳи Станфорд
Ҳайати қозиёни додгоҳ барои расидан ба чунин тасмим 15 соат бо диққат роҷеъ ба ин парванда ва сабабҳои куштор машварат кард ва ин машваратҳо ду рӯзро дар бар гирифт. Вале ин парвандаро аҳолии сиёспӯсти Амрико зери суол бурдаанд ва бар ин андешаанд, ки Мартини 17-сола барои нажоди худ мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ аҳолии бағазабомада дар шаҳрҳои Сан Франсиско, Филаделфия, Чикаго ва Атланта раҳпаймоии эътирозӣ анҷом доданд. Дар Окланду Калифорния эътирозгарон ба мошинҳо ранг мепошиданд ва тирезаҳоро мешикастанд. Пулиси Лос-Анҷелес дар шаҳр ҳолати омодабош эълон кард ва эътирозгарон дар ин шаҳр парчами Амрикоро оташ заданд.
XS
SM
MD
LG