Бино ба гузориши телевизиони Си Эн Эн, Амрико даҳҳо сарбози Арабистони Саудиро, ки барои омӯзиш омадаанд, ба ватанашон рондааст. Қарори рондани сарбозон ба ватанашон ба тирандозии маргбори як сарбози нерӯҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ дар як пойгоҳи баҳрӣ дар шаҳри Флорида иртибот дорад. Дар тирандозии моҳи гузашта се сарбози амрикоӣ кушта шуданд.
Си Эн Эн рӯзи 11-уми январ аз қавли чанде аз манобеи беном гузориш дод, ки сарбозони рондашуда ба кӯмак ба лейтенанти Саудӣ, ки рӯзи 6-уми декабр сарбозони амрикоиро дар пойгоҳи Пенсакола кушт, муттаҳам намешаванд. Телевизион аз қавли ду манбаъ навиштааст, ки баъзе аз онҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ иртибот доштаанд, аз компютер ва ё телефонҳои баъзеи дигар порнографияи кӯдакона ва ё аксҳои кӯдакони урёнро пайдо кардаанд.
Ин сарбозон гурӯҳе аз 850 донишҷӯёни Арабистони Саудӣ будаанд, ки барои таҳсилу тамрин ба Амрико омадаанд. Тирандозе, ки дар шаҳри Флорида баъди ҳамла ба сарбозони амрикоӣ дар маҳалли ҳодиса кушта шуд, Муҳаммад Саид Алшамронӣ ном дошта ва 21-сола будааст. Ба қавли мақомот, ӯ дар Интернет аз Усома бин Лодан, раҳбари кушташудаи созмони Ал-Қоида иқтибос оварда ва Амрикоро танқид мекардааст.
Ба қавли Си Эн Эн, қарори ихроҷи донишҷӯёни Саудӣ, баъди арзёбии васеи вазорати дифои Амрико аз шеваҳои интихоб ва тафтиши донишҷӯёни хориҷие қабул шудааст, ки барои таҳсили низомӣ ба Иёлоти Муттаҳида меоянд. Баъди тирандозӣ дар Флорида, вазорати дифои Амрико зери танқид қарор гирифт.
Вазорати мазкур қарор дар бораи ихроҷи донишҷӯёни Арабистони Саудиро ба Си Эн Эн шарҳ надода ва хостааст, ки ба вазорати адлияи Амрико муроҷиат кунанд. Сафорати Саудӣ дар Вашингтон ҳам ба дархостҳо барои шарҳи қазия то ҳол посух надодааст.
Ҳиҷоби Нилуфар Раҷабова духтари зиндонии наҳзатӣ Раҳматуллои Раҷабро маҷбурӣ аз сараш гирифтанд. Толибон бо фармони нав ҳиҷобу бурқаро маҷбурӣ ба сари занону бонувони афғон бор карданд.
Чанд рӯз пеш ба ҳамкасбони мо аз радиои озодӣ дар шаҳри Душанбе ҳамла сурат гирифт. Дар ин ҳамла ҳадди ақал панҷ ҷиноят содир шудааст: барқасд расонидани зарари ҷисмонӣ, таҳдид ба марг ва ба саломатӣ, азхуд кардани моликияти ғайр, халал расонидан ба фаъолияти касбии инсон ва шаҳрванд, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бидуни рақами қайди давлатӣ рондани воситаи нақлиёт дар дохили пойтахт ва ғ… аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки “обро бо хун нашӯста”, фаъолияти бемамонияти инсон ва шаҳрвандро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин намоянд ва омилони ҳамла ба хабарнигорон пайдо карда шуда, мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷазо дода шаванд. Дар ғайри ин сурат аз ҷигари сӯхта нолае сар медиҳем, ки иҷобати он то ҳафт пуштатонро нобут хоҳад кард, бо эҳтиром идораи барномаҳои хабарии шабакаи иттилоотии “Ҷаҳоннамо”
ин Ҳукумат дигар роҳ надорад -"разделяй и властвуй", шиори он аст...Лекин оқибати кораш - турб мешавад
Бародар аввал ту таърихи точиконро хон ,бад фикрк акидаатро навис,Манкурт кист?Оё медони? барзагов
Кал агар табиб будӣ, сари худ даво намудӣ! Ягон фарди Бадахшон ҳаққи маънавии ҷудоиталабиро (сепаратизм) надорад, Тоҷикистон бо Бадахшон комил аст, Бадахшон бо Тоҷикистон! Мисле, ки сарро аз бадан ҷудо созӣ, ҳам сар мемирад, ҳам бадан. Истибдод фақат сокинони боми ҷаҳонро не, дигар манотиқи кишварро ҳам бо шеваҳои гуногун мекушад, садҳо бор марги мармузи сарбоз, марги мармузи муҳоҷир, марги мармузи маҳбусон, марги мармузи бетормуз дар сарҳад, чӣ қирғиз, чӣ афғон, чӣ Сурияву Ироқ ҳама аз дасти истибдод аст. Ҳаққи ҳалоли худро талаб мекунед, офарин аҳсан, вале зикре аз ҷудоиталабӣ ба забон наоред, нишонаи бешуурист.