Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико шаҳрвандонашро дар рӯзҳои ид ба эҳтиёткорӣ даъват кард


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба тамоми амрикоиҳое, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, тавсия додааст, ки дар рӯзҳои истироҳати Соли нав бисёр эҳтиёт кунанд.

Сафорат бо нашри тавсияномае дар вебсайташ дар рӯзи 29-уми декабр аз ҳамлаи террористии рӯзи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара ёдовар шудааст, ки дар натиҷаи он чаҳор нафар аз ҷумла 2 шаҳрванди Амрико ба ҳалокат расиданд.

Ба ҳамин далел, сафорат ба амрикоиҳо тавсия додааст, ки ҳангоми таҷлили Соли нав дар ресторан, бар, меҳмонхонаҳои маъруф ва ҳангоми ширкат дар ҷамъомадҳо эҳтиёт кунанд. “Ҳамеша аз ончӣ ки дар атроф мегузарад, бохабар бошед, байни издиҳомҳои бузург наравед, саъй кунед, зиёд намоён набошед”, омадааст, дар тавсияномаи сафорати Амрико дар Душанбе.

Дучархаҳои саёҳони хориҷӣ дар Данғара
Дучархаҳои саёҳони хориҷӣ дар Данғара

Рӯзи 29-уми июл гурӯҳе аз ҷавонон ба 6 нафар аз сайҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамла карда 4 нафари онҳоро куштанд ва ба ду тани дигар осеб расониданд. Ин ҷавонон аввал сайёҳонро бо мошин зер карда ва сипас бо корду табар ба онҳо ҳамла бурдаанд. Дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла 2 амрикоӣ, як шаҳрванди Ҳолланд ва як сайёҳи Швейтсария кушта шуданд.

Айни замон сафорат ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида тавсия надодааст, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд, чун бар асоси меъёрҳои амниятӣ, хатари ҳаргуна ҳамла ё амали террористӣ зиёд нест. Иёлоти Муттаҳида дар сурати зиёд будани хатар дар кишваре ба шаҳрвандонаш тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар ба он кишвар хуб андеша кунанд, ё аслан ба онҷо нараванд.

Баъди ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар Данғара, вазорати умури хориҷии Амрико дар моҳи август ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дод, ки бинобар мавҷудияти хатари терроризм зимни сафару саёҳат дар Тоҷикистон ҳушёр бошанд.

Дар он замон вазорат гуфт, “Террористон дучархасаворонро ҳадаф гирифтанд ва мумкин аст, дигар маконҳо аз ҷумла клубу ресторан, ибодатгоҳ, меҳмонхонаҳо ва дигар ҷойҳоро ҳадаф бигиранд, ҳарчанд таъсисоти ҳукуматӣ шояд ҳадафи асосии онҳо бошад.“

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар тобистони имсол дар Тоҷикистон нахустин ҳамлаи террористӣ ба хориҷиён дар қаламрави Осиёи Марказӣ буд.

Дар амалиёт барои боздошти муттаҳамон ба ҳамла чаҳор нафари онҳо кушта шуданд ва Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гуруҳро дастгир карданд. Ӯ рӯзи 21-уми ноябр ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро барои огаҳ накардани мақомот аз ҷиноят аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъдан гуфт, агар кормандони мақомоти амниятӣ “фориғболӣ” намекарданд, мумкин буд, аз ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми суханронӣ дар ҳузури кормандони вазорати умури дохилӣ гуфт, гурӯҳи ҷавононе, ки дучархасаворони хориҷиро куштанд, ним сол ҳамларо тарҳрезӣ кардаанд.

Ба қавли ӯ, агар кормандони амният ва вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ва ноҳияи Панҷ корҳои пешгирӣ ва назоратро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонданд, ҳамла ба саёҳон пешгирӣ кардан мумкин буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG