Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консул: Мусофирони тоҷик дар кӯча намондаанд


Таблои парвозҳои фурудгоҳи Отатурк. 19 феврал
Таблои парвозҳои фурудгоҳи Отатурк. 19 феврал

Консули Тоҷикистон дар Истамбул бе ғизову ҷои хоб мондани мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи пурбарфи Отатуркро рад мекунад.

Рехтани барфи зиёд аз рӯзи 18 феврал ба ин тараф боиси ба таъхир уфтодани даҳҳо парвоз аз фурудгоҳи Отатурк – бузургтарин фурудгоҳи шаҳри Истамбул – “пойтахт”-и тиҷоратии Туркия ва дармондани ҳазорон мусофир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аз парвози Истамбул - Душанбе шудааст. Ин парвоз то шоми 20 феврал ба таъхир уфтодааст.

Илҳом Абдураҳмонов, консули Тоҷикистон дар Истамбули Туркия дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бино ба маълумоте, ки онҳо аз фурудгоҳи Отатурк ба даст овардаанд, шумори мусофирони парвози шаби 18 феврали ширкати “Туркиш Эйрлайнз” дар масири Душанбе – Истамбул бо шумули 7 узви экипаж 94 нафар ва аз он миён ҳамагӣ ягон 30-35 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, на 150, ки иддао мешавад.

Боришоти шадиди барф дар ду рӯзи охир боиси қатъи хеле аз парвозҳо, аз ҷумла парвози шаби гузаштаи Истамбул - Душанбе аз фурудгоҳи Отатурк шудааст. Аммо ба гуфтаи консули Тоҷикистон, тақрибан ҳамаи мусофирони тоҷикро бо ғизо ва ҷои хоб таъмин кардаанд.

Қаблан Равшан Абдуллоев, яке мусофирони парвози Истамбул –Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъди ба таъхир уфтодани ин парвоз то 150 мусофири тоҷик дар фурудгоҳи Отатурк дармондаанд. Ӯ ҳамчунин иддао кард, ки масъулони фурудгоҳ ба фарқ аз атбои кишварҳои дигар нисбат ба мусофирони тоҷик бетаваҷҷӯҳӣ нишон дода, онҳоро бо ғизову меҳмонхона таъмин накардаанд.

Вале оқои Абдураҳмонов гуфт, бино ба маълумоте, ки онҳо ба даст овардаанд, мусофирони тоҷикро билофосила бо бутерброду об таъмин карда ва сипас ба меҳмонхонаҳо тақсим кардаанд: “Мо ба ин меҳмонхонаҳо, аз ҷумла дар меҳмонхонаи “Биз ҷавеҳир”, занг задем ва бо мусофирони тоҷик сӯҳбат кардем. Онҳо мегӯянд, касе нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ зоҳир накардааст, балки вақте навбаташон омад, онҳоро баробари дигарон ба меҳмонхона фиристоданд. Дар меҳмонхонаҳо ҳам, ба гуфтаи тоҷикон, ба онҳо 3 вақт хӯрок медиҳанд ва гуфтаанд, шоми ҷумъа бо мошин то фурудгоҳ мерасонанд.”

Консули Тоҷикистон дар Истамбул гуфт, онҳо Равшан Абдуллоев ва дигар мусофирони тоҷикро низ дар фурудгоҳи Отатурк чанд бор даъват кардаанд, ки ба назди мизи меҳмонхонаҳо биояд, вале бо вуҷуди ду соати интизорӣ касе пеши онҳо ҳозир нашуд: “Шояд 1 ё 2 нафар дар ҳақиқат бе меҳмонхона монда бошанд. Вале ин бештар ба сабаби ин аст, ки онҳо шояд ба куҷо муроҷиат карданашонро намедонанд. Чунки онҷо ду навбат буд: яке барои иваз кардани билет ва якеи дигар барои гирифтани меҳмонхона. Душвор буд барои мақомоти фурудгоҳ, чунки даҳҳо парвоз қатъ шуд ва ҳазорон мусофирро бояд бо ҷои хоб таъмин мекарданд. Ин осон нест, албатта, Аммо инки масъулони фурудгоҳи Отатурк нисбат ба тоҷикон аз нигоҳи миллӣ муносибати бад карда бошанду онҳоро ҷои хоб ё ғизо надода бошанд, ба рназари ман воқеъият надорад. Муносибати туркҳо ба мардуми тоҷик хеле хуб буд ҳамеша.”

Ҷаҳонгир Зиёдов, як мусофири парвози батаъхируфтодаи Истамбул -Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз лағви парвоз як муддат нофаҳмӣ ба миён омад ва бисёре аз мусофирон аз Тоҷикистон намедонистанд, ки бояд дар назди дафтари “Туркиш Эйрлайнз” ҷамъ биоянд: "Вақте ҳама фуромад, дар он ҷо аллакай навбат хеле бузург шуда буд ва аз ин рӯ баъзеҳо нороҳат шуданд. Аммо барои одамони дар навбат буда ҳам чою об ва ҳамбургеру чизбургер оварданд."

Ҷаҳонгир Зиёдов сарусадоҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи тоҷикҳо аз сӯи масъулони фурудгоҳ ва ширкати "Туркиш Эйрлайнз"-ро рад кард ва гуфт: "Кормандони ширкат бо ҳам муносибти якхела доштанд ва касеро аз рӯи қавм ё миллат ҷудо намекарданд. Фақат одамони дар навбат буда ба занҳои кӯдакдор имкон медоданд, ки пештар раванд. Баъд аз он ки навбатамон расид, мо боз тақрибан як-ду соат интизор мондем, то моро бо меҳмонхона таъмин кунанд.Масалан, меҳмонхонае, ки ману аҳли оилаам он ҷо қарор дорем, як рӯзи иқоматаш 300 евро аст, вале ин пулро худи ширкат пардохт мекунад. Субҳона ва таоми нисфирӯзиву шом ҳам ройгон аст."

Равшан Абдуллоев, яке аз мусофирони тоҷик қаблан ба Озодӣ гуфт, ба таъхир уфтодани парвози Истамбул -Душанбе боиси дар фурудгоҳи Отатурк дармондани 150 мусофир аз Тоҷикистон шудааст ва дар байни онҳо занону кӯдакон ҳам бисёранд. Равшан Абдуллоев афзуд, масъулони фурудгоҳ ба онҳо гуфтаанд, ки дастикам то шоми 20 феврал анҷоми парвоз ба Душанбе имкон надорад: “Ба ин тартиб, мо то шоми ҷумъа инҷо мемонем. Вале дар ҳоле ки мусофирон аз кишварҳои дигарро бо ҷои хоб таъмин карданд, касе ба мусофирон аз Тоҷикистон таваҷҷӯҳ нишон намедиҳад. Ҳоло дар канори мо мусофирон аз Италияву Испания ҳам истодаанд ва онҳо ҳам ҷанҷол доранд, ки чаро масъулони фурудгоҳ онҳоро бо меҳмонхона таъмин намекунад?”

Як масъули ширкати “Туркиш эйрлайнз” дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки бар асари боридани барф 6500 мусофир дар фурудгоҳи Отатурк дармондаанд. Вале ин ҳамсӯҳбати Озодӣ гуфт, бино ба маълумоти онҳо, ҳамаи ин мусофирон, бо шумули мусофирони тоҷикро бо ғизову ҷои истироҳат таъмин кардаанд.

Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодӣ ба таъхир уфтодани парвози имрӯзаи ҳавопаймои “Туркиш Эйрлайнз” дар хатти Истамбул –Душанберо тасдиқ кард ва гуфт, қарор аст, шоми 20 феврал ду парвозро як карда, мусофирони дармондаро субҳи шанбе, ки аллакай 21 феврал фаро мерасад, ба Душанбе бирасонанд.

Рехтани барф дар ду рӯзи охир равуои нақлиёти заминиро дар Истамбул низ мушкил кардааст. Гуфта мешавад, баландии барф ба 60 сантиментр мерасад ва бисёре аз 15 миллион аҳолии Истамбул маҷбур шудаанд, пои пиёда худро ба ҷои кор бирасонанд.

Қатъ шудани парвозҳо ҳатто боиси барои чанд соат дар фурудгоҳи Отатурк дармондани бозигарони тими футболи “Бешиктош” шудааст. Ин даста мебоист барои бозӣ бо тими “Ливерпул” ба Инглистон парвоз мекард. Ин бозӣ рӯзи 19 феврал доир мешавад ва масъулони “Бешиктош” хабар доданд, ки барои бурдани футболбозон ба Ливерпул маҷбур шудаанд, ба ҷои фурудгоҳи Отатурк аз фурудгоҳи ҳамсояи Сабина Гӯксени Истамбул истифода баранд.

“Туркиш Эйрлайнз” дар масири Истамбул - Душанбе ҳафтае 3 маротиба - шоми чоршанбею ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Душанбе ба Истамбул субҳи душанбеву панҷашанбе ва шанбе парвоз мекунанд. Ба ғайр аз ин аз пойтахти Тоҷикистон ба Истамбул ширкати “Сомон Эйр” низ ҳафтае 3 парвоз дорад.

XS
SM
MD
LG