Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ хост, ҳамкорӣ бо "Юнистрим"-ро маҳдуд кунанд


Бонки Миллии Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳии кишвар хостааст, ки ҳамагуна додугирифтро бо низоми интиқоли пул – "Юнистрим" – "таҳти назорати ҷиддӣ гиранд" ва ё "маҳдуд кунанд". Масъулони Бонки Миллӣ рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, айни замон танҳо 10 дар сади бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳии Тоҷикистон бо низоми "Юнистрим" робита доранду бас.

Пас аз як ҳамлаи ҳакерӣ ва ирсоли барномаҳои зиёновари компютерӣ тавассути имейлҳои системаи интиқоли пули "Юнистрим", бонкҳои Тоҷикистон додугирифт бо ин системаро қатъ кардаанд.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст.

"Аз муштариҳо рамзи Юнистримро қабул накунед​"

Дар маъмурияти чанде аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла "Ориёнбонк" ва "Имон Интернешнл" рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз субҳи панҷшанбе додани пул ба муштариён тавассути ин система қатъ шудааст. Масъулони "Имон Интернешнл" гуфтанд, аз номи садорати ташкилот ба ҳамаи намояндагиҳо дастур дода шуд, "дигар аз муштариён рақам (яъне рамзҳои махфии интиқоли пул)-и Юнистримро қабул накунанд".

Дар "Имон Интернешнл" дар мавриди сабабҳои расмии қатъи ҳамкорӣ бо Юнистрим шарҳе надода, гуфтанд, "ҳанӯз маълум нест, кай дубора интиқоли пул тавассути ин система барқарор мешавад".

Ҳушдор аз барномаи зиёновар

Яке аз бонкҳои бузурги кишвар - "Ориёнбонк" низ аз субҳи имрӯз интиқоли пулро тавассути Юнистрим қатъ кардааст. Аз бонкҳои Тоҷикистон айни ҳол, танҳо дар бархе аз идораҳои марказии "Амонатбонк" ба муштариёни Юнистрим хидмат мерасонанд.

Худдории бонкҳои Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо "Юнистрим" дар ҳолест, ки ду рӯз қабл ФИНЦЕРТ - Маркази мониторинг ва вокуниш ба ҳамлаҳои компютерӣ ба ташкилоти молиявию қарзии Бонки марказии Русия аз паҳншавии як барномаи зиёновар тавассути имейлҳои Юнистрим ба шариконаш дар дохил ва хориҷи Русия ҳушдор дод.

Ба қавли мақомоти Бонки марказии Русия, тавассути яке аз имейлҳои расмии Юнстрим ба коршарикони он номаҳои фишингӣ (барномаҳои ҷосусӣ) ҳамроҳ бо барномаи зиёнвори компютерӣ аз номи Юнистрим равона мешаванд.

"Як бонку ду созмони қарзӣ пули муштариҳоро медиҳанд"

Дар маркази тамос ва хидматрасонии “Юнистрим” рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, айни ҳол танҳо ду созмони қарзӣ ва як бонк дар Тоҷикистон ба муштариён пулҳои интиқолшударо тариқи ин система пардохт мекунанд. Ҳамсуҳбати мо дар “Юнистрим” гуфт, “он муштариҳое, ки ҳангоми интиқоли пул аз хориҷа гирифтани маблағашонро бо сомонӣ дар Тоҷикистон зикр кардаанд, аз “Аввалин бонки молиявии хурд”, ташкилоти молиявии "Матин" ва "Молия ва сармоя" гирифта метавонанд.”

“Матин” ва “Молия ва қарз” ду ташкилоти хурди қарзӣ ҳастанд, ки яке танҳо дар вилояти Суғд чанд идора дорад ва идораи ташкилоти дувум танҳо дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Се шарти Бонки Миллӣ

Имсол бори дувум аст, ки бонкҳои Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо низоми “Юнистрим” даст мекашанд. Моҳи апрел Бонки Миллӣ дар назди системаҳои интиқоли пул се шарте гузошта буд, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд.

  • Якум, дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд;
  • Дувум, аз бонке, ки рейтинги уствори на камтар аз дараҷаи ВВВ-ро дорад, пешниҳод кунанд;
  • Саввум, дар ширкатҳои бимаи Тоҷикистон маблағҳои ба кишвар интиқолмеёфтаро суғурта намоянд.

Масъулони Бонки Миллӣ гуфта буданд, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чун ҳангоми касод шудани ду системаи интиқоли пул -- "Мигом" ва "Лидер" қарзашонро дар назди бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз пардохт накардаанд.

Бонки Миллӣ иддао дорад, ки варшикаста шудани ин системаҳо ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон метавонад зарба занад ва аз ин рӯ бонк иҷрои чунин чораҳои бехатариро талаб дорад.

Дар анҷоми моҳи августи соли 2018 Бонки Миллӣ ба се системаи интиқоли пулии Русия – “Контакт”, “Анелик” ва аз ҷумла “Юнистрим” барои се сол иҷозаи фаъолият дод.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст.

Дар соли 2017 муҳоҷирони кории тоҷик танҳо аз Русия тариқи бонкҳо беш аз 2 миллиард доллар пул фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG