Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳонаи ҷанг намонд? Сурия узви Паймони СММ мешавад


Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров
Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мегӯяд, дархости Сурия барои пайвастан ба Паймони силоҳҳои кимиёвиро расман пазируфтааст ва Димишқ метавонад аз 14 октябр узви ин паймон шавад.

Сурия ахиран аз бими зарбаҳои низомии Амрикову муттаҳидинаш ба СММ ҷиҳати пайвастан ба Паймони силоҳҳои кимёвӣ, ки тавлиду нигоҳдории чунин таслиҳотро манъ ва аз байн бурдани амборҳои мавҷудаи кишарҳои узвро тақозо мекунад, дархост дод.

Пайвастани Сурия ба ин паймон ва ҳам ба созмони марбутаи мавсум ба Созмони манъи силоҳҳои кимёвӣ бахше аз роҳкоеи таҳиякардаи Русияву Амрико ба манзури ҷилавгирӣ аз зарбаҳои низомӣ алайҳи режими Башор Асад, раиси ин ҷумҳурист.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки рӯзи шанбе баъди се рӯзи музокирот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Женева сӯҳбат мекард, гуфт, тибқи ин нақша, давлати Сурия бояд ҳама ҷузъиёти марбут ба захираи силоҳҳои кимиёвиашро дар зарфи як ҳафта ироа кунад: “Амрикову Русия ҷиҳати маҳви ҳарчӣ зудтар ва ба сурати ҳарчӣ амнтари силоҳҳои кимёвии Сурия мутааҳҳиданд. Мо мувофиқат кардем, ки Сурия бояд дар зарфи як ҳафта - на дар зарфи 30 рӯз, балки дар як ҳафта – рӯйхати фарогирро ироа кунад ва ҷузъиёти дигар дар ин робита дар рӯзҳои оянда расидагӣ хоҳанд шуд.”

Тавофуқи бадастомада истиқрори нозирони низомӣ дар қаламрави Русия на дертар аз моҳи ноябрро дар назар дорад. Ҳадафи онҳо аз ин маъмурият такмили раванди маҳви силоҳҳои кимёвии Сурия то миёнаҳои соли 2014 гуфта мешавад.

Ҷон Керрӣ гуфт, ду ҷониб тавофуқ кардаанд, ки агар Димишқ дар иҷрои ин нақша кӯтоҳӣ кунад, онҳо аз Шӯрои Амнияти СММ тасвиби қатъномаеро хоҳанд хост, ки ба иқдоми низомӣ дар он кишвари ҷангзадаи арабӣ иҷозат диҳад. Аммо Сергей Лавров гуфт, кӯтоҳӣ дар иҷрои ин нақша бояд ба сурати “мутақоидкунанда ва равшан” собит шавад.


Барак Обама
Барак Обама
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо истиқбол аз тавофуқи бадастомада, аз ҳукумати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват кард, то ин роҳкорро иҷро кунад. Обама дар баёнияаш гуфт, агар роҳҳои дипломатӣ натиҷа надиҳанд, “Амрико ҳамчунон омодаи иқдом боқӣ мемонад.” Пентагон – вазорати дифоъи Амрико – дар як баёнияи алоҳида гуфт, нирӯҳои амрикоӣ ҳамчунон барои зарбаҳои эҳтимолӣ алайҳи Сурия дар сангар нишастаанд.

Бритониё, Чин, Фаронса ва Эрон низ аз тавофуқи Русияву Амрико дар масъалаи Сурия истиқбол карданд. Вазири хориҷаи Чин Ванг Йӣ рӯзи якшанбе дар мулоқот бо ҳамтои фаронсавиаш Лоран Фабиус, ки бо сафаре дар Чин қарор дорад, гуфт, ин тавофуқ “имкон медиҳад, ки шиддати ташаннуҷ дар Сурия сабуктар карда шавад.” Муовини вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Амири Абдуллоҳиён гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш дигар баҳонаи ҳамла ба Сурия надоранд.

Дар худи Сурия, хабаргузории расмии САНО ин тавофуқро “як нуқтаи оғоз” ба қалам дод, вале то ҳол ҳукумати ин кишвар дар бораи азмаш барои иҷрои ин тавофуқ изҳороте надодааст. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи гурӯҳҳои чирикии мавсум ба Артиши озоди Сурия тавофуқи бадастомада байни Амрикову Русияро радд кард ва савганд хӯрд, ки набарди онҳо “то замони суқути режими Асад давом хоҳад кард.”


Салим Идрис
Салим Идрис
Салим Идрис, ки дар нишасти хабарие дар Истамбули Туркия сӯҳбат мекард, гуфт, тавофуқи ахир “танҳо ба хотири тӯл додани вақт аст.” Бино бар иддаои ӯ, низомиҳои Сурия дар рӯзҳои охир силоҳҳои кимиёвиро ба Лубнону Ироқ кӯчондаанд: “Вақте нозирони СММ ба Сурия меоянд, силоҳҳову маводи кимиёвии режим алакай дар Ироқу Лубнон аст. Ва мо метарсем, ки режим ин маводро боз ҳам алайҳи сокинони мулкӣ дар Сурия ва алайҳи ҷангиёни артиши озоди Сурия истифода хоҳад бурд.”

Дар Амрико на ҳамаи ҷиноҳҳои сиёсӣ бо тавофуқи ахир бо Русия мувофиқ будаанд. Ду сенатори ҷумҳурихоҳ ин нақшаро “амали заъфи таҳрикдиҳандаи ҷониби Амрико” номидаанд. Ҷон МакКейн, вакил аз аёлати Аризона ва Линдсӣ Граҳам, ки аз Каролинаи ҷанубӣ намояндагӣ мекунад, дар як баёнияи муштарак афзудаанд: “Агар Эрон ҳамона барои сохтани силоҳи ҳастаӣ пой бифишорад, мо паёми аз ин бадтареро барои Эрон тасаввур карда наметавонем.”
XS
SM
MD
LG