Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Ҳамла ба Сурия низоми ҷаҳониро вожгун мекунад"


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳушдор додааст, ки ҳаргуна ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида ба Сурия, мумкин аст, низоми ҷаҳониро вожгун кунад ва “мавҷи нави терроризмро барангезад.”

Рӯзи панҷшанбе дар мақолае дар рӯзномаи амрикоии “Ню Йорк Таймс” Владимир Путин гуфтааст, “агар кишварҳои қудратманд, бо нодида гирифтани Созмони Милал ва бе иҷозаи Шӯрои Амният” алайҳи Сурия иқдом кунанд, Созмони Милал сарнавишти Лигаи Миллатҳоро хоҳад дошт, ки даҳсолаҳо пеш натавонист, аз ҷангҳо дар ҷаҳон пешгирӣ кунад. Ба навиштаи Владимир Путин, ҳамла ба Сурия, “талошҳои чандтарафа барои ҳалли буҳрони атомии Эрон ва муноқишаи Исроилу фаластиниёнро мушкилтар ва Ховари Миёнаву Шимоли Африқоро нооромтар хоҳад кард.”

Мақолаи Владимир Путин дар ҳоле нашр шуд, ки қарор аст, Амрикову Русия масъалаи маҳви захираҳои аслиҳаи кимиёии Сурияро баррасӣ кунанд. Сурия аз бими ҳамлаи низомии Амрико ризоият додааст, қабл аз маҳв, захираҳои ин аслиҳааш таҳти назорати нозирони байналмилалӣ қарор бигирад. Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, барои фурсат додан ба талошҳои дипломатӣ ҳамлаи низомӣ ба Сурияро ба таъхир меандозад. Ба гуфтаи Амрико, истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар канори шаҳри Димишқ, ки бештар аз 1400 нафарро кушт, кори дасти нерӯҳои давлатии Сурия будааст ва ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад, бояд подоши ин корашро бубинад.

Аммо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар “Ню Йорк Таймс“навиштааст, ки ҳама далелҳо баёнгари он аст, ки ҳамлаи рӯзи 21 август кори дасти шӯришиёни мухолифи давлати Сурия будааст. Владимир Путин ҳамчунин гуфтааст, ки “миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дигар дар симои Амрико намунае барои демократияро намебинанд, балки кишвареро мебинанд, ки танҳо ба зӯри бозу такя мекунад.“

Мақолаи Владимир Путин дар рӯзномаи амрикоӣ дар рӯзе нашр шуд, ки қарор аст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ дар шаҳри Женева шеваи таслими аслиҳаи кимиёии Сурияро баррасӣ кунанд.

Маълум нест, гуфтугӯҳо дар Женева чӣ қадар давом мекунад? Ҳангоми сафараш ба Қазоқистон дар рӯзи панҷшанбе Сергей Лавров гуфт, ки мумкин аст, мутахассисони аслиҳаи кимиёӣ аз Русия ва Амрико ва шояд Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Араб ва Созмони Милал барои Сурия дар ин гуфтугӯ ҳузур биёбанд: Бешак, мо бояд тазмин диҳем, ки Сурия ба Аҳдномаи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ бипайвандад. Бар асоси ин аҳднома, Сурия бояд анборҳо ва барномаи аслиҳаи кимиёиашро ошкор намояд ва баъди ин мутахассисон муайян кунанд, ки чӣ гуна чораҳои мушаххасе андешида шавад?“

Қабл аз тарки Вашингтон кардани Ҷон Керрӣ, Ҷен Сакӣ - сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳадафи Амрико маълум кардани он аст, ки то чӣ ҳад тарҳи таслими аслиҳаи кимиёии Сурия ҷиддӣ аст ва аз кадом роҳҳо метавон анборҳои ин аслиҳаро маълуму мушаххас ва дар ниҳоят нобуд кард?

Чунин пешниҳодро Шӯрои Миллии Сурия, як созмони мухолифони давлат, “ҳиллаи сиёсӣ” хонда ва гуфтааст, ки ҳукумати Башор Асад мехоҳад, ба ин восита аз ҳамлаи Амрико эмин бимонад. Салим Идрис, раҳбари Артиши Сурияи озод рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Ал-Ҷазира гуфтааст, онҳо хоҳони ҳамла ба Сурия ҳастанд, зеро ба гуфтаи ӯ “ҳукумати Сурия як режими дурӯғгӯст ва Путини дурӯғгӯ муаллими онҳост.”
XS
SM
MD
LG