Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар 9 рӯзи охир 262 нафар дар Украина кушта шуданд


Ҷудоихоҳони украин савори тонк дар наздикии Донетск. 22 январи соли 2015
Ҷудоихоҳони украин савори тонк дар наздикии Донетск. 22 январи соли 2015

Созмони Милал мегӯяд, дар 9 рӯзи охир дар Украина ба камияш 262 нафар кушта шудаанд, ки марговартарин марҳалаи пас аз оташбаси 5-уми сентябр будааст.

Шӯрои амнияти СММ бо пахши як изҳорот хостори пайдо ва муҷозот кардани муҷримони ҳамла ба истгоҳи троллейбус дар шаҳри Донетски Украина шуд. Бар асари дар ин истгоҳ таркидани тири миномёт рӯзи панҷшанбе дасти кам 13 нафар, асосан афроди солхӯрда, ба ҳалокат расиданд.

Дар изҳорот барои матбуот раиси Шӯрои амнияти СММ ба зарурати “таҳқиқи воқеъбинона” ва “ба додгоҳ кашидани муҷримон” таъкид шудааст.

Созмони Милал мегӯяд, дар 9 рӯзи охир дар Украина ба камияш 262 нафар кушта шудаанд, ки марговартарин марҳалаи пас аз оташбаси 5-уми сентябр будааст.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ҷумҳурии худхондаи Донетск Александр Захарченко дар ҳалокати сокинони осоишта низомиёни украиниро айбдор намуд ва амр кард, сарбозоне, ки дар ҷангҳо барои фурудгоҳи Донетск асир уфтодаанд, ба ҷойи фоҷиа бурда шаванд. Аммо вазорати мудофиаи Украина рӯзи ҷумъа эълом дошт, ки замони рӯй додани ҳодиса низомиёни кишвар 15 километр дуртар аз мавқеи нерӯҳои ҷудоихоҳон мустақар шуда буданд.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, изҳор намуд, ки “террористҳо боз як амали алайҳи башариятро анюом доданд ва масъулияти он бар дӯши Русия аст”.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, дар навбати худ, ҷониби Украинаро дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам намуд.

Ҷудоихоҳони рустабор ҳамлаҳо ба нерӯҳои украиниро то марзҳои маъмурии вилояти Донетск идома хоҳад дод. Дар ин бора раҳбари ҷумҳурии худхондаи Донетск Александр Захарченко рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо донишҷӯён дар Донетск хабар дод ва гуфт, ки айни ҳол нерӯҳои онҳо сӯи Майорск, Авдеевка ва Очертино ҳаракат мекунанд ва агар дар ин масирҳо бо таҳдиде рӯ ба рӯ шаванд, онро нобуд хоҳанд сохт. Ӯ афзуд, ки дигар бо Киев дар мавриди оташбас ягон хел музокирот ва созиш нахоҳанд кард. Ба гуфтаи Захарченко, ҷудоихоҳони Ҷумҳурии Луҳанск низ дар ҳама ҷабҳаҳо пеш мераванд.

Намояндаи Вазорати дифои ҷумҳурии Донетск Эдуард Басурин рӯзи 23 январ хабар дод, ки даргириҳо дар фурудгоҳи Донетск ва Горловка дубора тезутунд шуданд. Ба гуфтаи ӯ, бар асари тирборони Донетск ва Горловка даршабонарӯзи гузашта 16 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Ӯ иқрор кард, ки талафоти ҷудоихоҳон ҳам назар ба рӯзҳои пештара бузургтар буд – дар набардҳо 24 нафар кушта ва 30 тани дигарашон маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG