Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Нирӯҳои амниятии Эрон "барои куштани эътирозгарон тир кушоданд"


Вилояти Курдистон. Саҳнаи баъди саркӯби эътирозҳо
Вилояти Курдистон. Саҳнаи баъди саркӯби эътирозҳо

Масъули ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид нирӯҳои амниятии Эронро ба "хушунати сангин" ба зидди эътирозгарон ва "тирандозӣ ба хотири куштор" гунаҳкор кард. Моҳи ноябри имсол бо сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ дар Эрон эътирозҳои хиёбонӣ сар зад ва мақомот ин эътирозҳоро саркӯб карданд.

Мишел Бачелет, раҳбари Кумисиюни ҳуқуқи башари СММ рӯзи 6-уми декабр гуфт, аз ношаффофии иттилоъ дар заминаи қурбониҳо ва тарзи бархӯрд бо ҳазорҳо боздоштшуда баъди намоишҳои эътирозӣ огаҳ шудааст.

Бачелет дар изҳороташ гуфт: "Видеоҳои қобили эътимод истифодаи хушунати сангин алайҳи эътирозгаронро нишон медиҳанд. Инчунин аъзои мусаллаҳи нирӯҳои амниятӣ аз болои боми раёсати адлияи як шаҳр истода, тирандозӣ мекунанд ва ҳам дигаре аз дохили чархболе тир мекушояд”.

Ӯ инчунин гуфт: “Мо видеоҳоеро дастрас кардем, ки дар он нирӯҳои амниятӣ ба сӯи эътирозгарони бесилоҳ ҳангоми фирор аз пушт тир мекушоянд. Дар видеоҳои дигар дидем, ки ба таври мустақим ба рӯи одамон ваё узвҳои бадани бисёр муҳими онҳо тир мекушоянд, бо забони дигар гӯем, барои куштан тир холӣ мекунанд”. Бачелет ин ҳодисаҳоро “нақзи ошкори меъёрҳои байналмилалӣ дар заминаи истифодаи нирӯ” ва “поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи инсон” номидааст.

Баъди он ки ҳукумат аз болоравии 200-дарсадии нархи сӯзишворӣ хабар дод, 15 ноябр эътирозҳо сар зад, вале базудӣ аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ саркӯб шуд. Тахминан як ҳафта интернет ҳам дар кишвар дастнорас буд.

Бо ин вуҷуд хабарҳо дар бораи вазъи дохили Эрон дар ҷараёни эътирозҳову баъди ин ба берун баромад ва Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International рӯзи 2-юми декабр гуфт, бовар меравад, дар ин саркӯбҳо дастикам 208 нафар кушта шудааст. Департаменти давлатии Амрико гуфт, ҳангоми саркӯби эътирозҳо эҳтимол беш аз ҳазор нафар кушта шудааст.

Аз ҷумла, мушовири аршади сиёсии Котиби давлатии Амрико ва намояндаи вижа дар умури Эрон Браян Ҳук дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон рӯзи 5-уми декабр гуфт, дар видеоҳое, ки ба Департаменти давлатӣ дастрас шуд, дида мешавад, нирӯҳои сипоҳи посдорон бе огаҳӣ ба сӯи мардум оташ мекушоянд.

Ӯ гуфт: “Мо гузоришҳое гирифтем, ки чандсад нафар дар дохил ва атрофи Теҳрон ҳам кушта шуданд. Бо ошкор шудани ҳақиқат аз дохили Эрон, чунин ба назар мерасад, ки режим метавонист аз замони шурӯи эътирозҳо беш аз ҳазор шаҳрвандро бикушад. Мо наметавонем дилпур бошем, чунки режим намегузорад иттилоъ ба берун барояд. Дар миёни кушташудаҳо ҳадди ақал 10 кӯдак, аз ҷумла 13 ва 14-солаҳо ҳастанд. Мо аз аъзои оилаи қурбониҳо ин иттилоъро дарёфт кардем, ки талош карданд ҷасадҳои онҳоро берун оварданд."

Браян Ҳук инчунин аз мақомоти Теҳрон тақозо кард, эътирозгарони боздоштшударо, ки шуморашон, ба гуфтаи ӯ 7 ҳазор нафар аст, озод кунанд.”

Мақомоти эронӣ ҳанӯз дар бораи шумори кушташудаҳо ҳеч иттилоъ нашр накардаанд.

Дар наворҳои видеоии паҳншуда аз дохили Эрон дида мешавад, ки эътирозҳо ба бебандуборӣ табдил шуда, дар баъзе ҷой мардум ба идораҳои полис ҳамла кардаву нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро оташ мезананд ваё фурӯшгоҳҳоро ғорат мекунанд.

Бачелет аз мақомоти эронӣ тақозо кард, ки дар заминаи эътирозҳо “шаффофияти бештар” ба намоиш гузоранд, боздоштшудаҳоро бо мурофиаҳои одилона таъмин карда, “тафтиши зуд, мустақил ва бетарафонаи ҳамаи қонуншиканиҳои рухдода, аз ҷумла кушторҳои эътирозгаронро ба роҳ монанд. Инчунин хабарҳои марбут марг ва бархӯрди бад бо боздоштшудаҳо”-ро таҳқиқ кунанд. Бачелет гуфт, саҳнаҳое, ки аз Эрон дида мешаванд, “фавқулода нигаронкунанда” ҳастанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG