Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Таҷовуз ба номус чун силоҳи ҷанг истифода мешавад


Ин духтарони язидӣ аз ғуломии шаҳвонӣ раҳо шуда дар шаҳри Дуҳок, минтақаи Курдистон паноҳ бурдаанд. Акс аз 13 январи соли 2015
Ин духтарони язидӣ аз ғуломии шаҳвонӣ раҳо шуда дар шаҳри Дуҳок, минтақаи Курдистон паноҳ бурдаанд. Акс аз 13 январи соли 2015

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, домани ҷиноятҳои ҷангиёни “Давлати Исломӣ” ва “Боко Ҳаром” дар заминаи таҷовуз ба номус, бардагии ҷинсӣ ва издивоҷҳои маҷбурӣ соли 2014 даҳшатбор зиёд буд.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, домани ҷиноятҳои ҷангиёни “Давлати Исломӣ” ва “Боко Ҳаром” дар заминаи таҷовуз ба номус, бардагии ҷинсӣ ва издивоҷҳои маҷбурӣ соли 2014 даҳшатбор зиёд буд.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ зимни муаррифии гузориши нави ин созмон аз домани ваҳшатнок азими хушунатҳои шаҳвонӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи пойбанди идеологияи экстремистӣ дар Ироқ, Сурия, Сомалӣ, Нигерия, Малӣ, Либия ва Яман содир шудаанд, амиқан изҳори нигаронӣ кард.

Раҳбари СММ мегӯяд, ки хушунатҳои шаҳвонӣ ба як тактикаи террори гурӯҳҳои ифротӣ табдил шудааст. Вай гуфт, талошҳо барои коҳиш ва ё нобуд кардани ҳузури гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, Боко Ҳаром, Аш-Шабоб, Ансору Дайн ва гурӯҳҳои марбут ба Ал-Қоида бахши муҳими муборизаи зидди хушунатҳои шаҳвонӣ дар шароити ҷанг мебошанд. Ба иттилои СММ, дар 19 кишвари ҷаҳон 45 созмоне даст ба хушунатҳои шаҳвонӣ мезананд, дар миёни онҳо, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Соҳили Оҷ, Конго, Ироқ, Малӣ, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Сурия ва Нигерия ном бурда шудаанд. Яке аз мудҳиштарин ҳодисаҳои соли 2014 – дар таърихи 14 апрел рабуда шудани 276 духтари мактабхон дар шаҳри Чибуки шимоли Нигерия аз ҷониби ҷангиёни Боко Ҳаром буд.

Дигар аз ваҳшатноктарин ҷиноятҳо марбут ба рабуда шудани даҳҳо духтарону занони язидӣ иртибот мегирад, ки баъди зери назорати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” гузаштани шимоли Ироқ, мавриди истифодаи ҷангиён қарор гирифтаанд.

Як муҳаққиқи масоили ҳуқуқи башар дар созмони “Дидбони ҳуқуқи башар” (Human Rights Watch) баъди таҳқиқоти зиёд ба чунин хулоса омадааст, ки озору азияти шаҳвонии занону духтарон дар ҷараёни ҷангҳо дар асл бахше аз ҷиноятҳои ҷангӣ аст ва бояд ба унвони ҷиноят алайҳи башарият қазоват шавад.

Муҳаққиқ Самир Мускатӣ дар гузорише дар нашрияи “Foreign Policy” саргузаштҳои даҳшатбори духтари 12-соларо бо исми рамзии Ҷалила мисол меорад, ки баъди ба дасти ҷангиёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ” афтиданаш, аз дигар аъзои хонаводааш ҷудо мешавад. Ӯро аввал дар кадом хонае дар шимолу шарқи Сурия маҳкам мекунанд ва ӯ муддати чандин рӯз аз ҷониби ҳадди аққал 6 ҷангӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор мегирад. Муҳаққиқ мегӯяд, ки чунин шеваи муносибат бо занону духтарон ва ҳатто кӯдакони синнашон ба балоғат нарасидаи язидӣ, ба таври системанок ба роҳ монда шудааст. Аксари онҳо, ки дар мақоми ғуломи шаҳвонӣ қарор доранд, аз даст ба даст мегузаранд, мавриди лату кӯб ва азияти зиёди бештар қарор мегиранд. Бар тибқи баъзе ҳисобҳо, ҷангиён ғуломҳои шаҳвонии худро бо арзиши то 2 ҳазор доллар ба ҳамдигар ба фурӯш медиҳанд.

Ҳоло Ҷалила, ки аз дасти ҷангиён раҳо шуда дар шаҳри Доҳуки Ироқ нигаҳдорӣ мешавад, мисли ҳазорҳо дигар занону духтарон дар ҳолати хеле бади равонӣ қарор дорад.

Ӯ мегӯяд, ки шаб хобаш намебарад, ҳамеша дар пеши чашмаш он даҳшатҳо мегузаранд ва ӯ дар ҳарос аст, ки мабодо дубора ба ғуломии ин афрод наафтад. Баъди дар соли гузашта аз аҳли хонавода ҷудо шуданаш, дар бораи сарнавишти онҳо ҳеҷ иттилое надорад.

Ба иттилои муҳаққиқи созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, ҷангиён на ба кӯдак, на ба занону духтарон ва на ба мардону писарон раҳм намекунанд. Самир Мускатӣ ба ин бовар аст, дар баробари мубориза бо ҷангиён, бояд дар фикри кӯмак ба қурбониҳои ин ҷангҳо – занону духтарон ва дар баъзе ҳолатҳо, писару мардони осеби ҷинсидида бояд шуд. Бо ин ки бахти баъзе аз онҳо хандида, аз ғуломии шаҳвонӣ раҳо шудаанд, барои онҳо ин охири кор нест. Бояд дар фикри баргардонидани онҳо ба ҳаёти солими бе тарсу даҳшат шуд, мегӯяд ӯ, чунки ҳоло онҳо дучори амрози равонӣ шудаанд.

Бино бар маълумоти мақомоти Тоҷикистон ду зани тоҷик низ дар Сурия баъд аз марги ҳамсаронашон аз тарафи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ба аъзои дигари ин созмон дода шуданд ва вазъи сангине доранд.

XS
SM
MD
LG