Пайвандҳои дастрасӣ

Дар остонаи мулоқоти Зеленский бо Трамп Украина аз ИМА силоҳ дархост кард


Августи соли 2018. Сарбози украинӣ мушаки зиддитонкии навъи “Ҷавелин”-ро интиқол медиҳад

Украина, ки дар ду минтақаи шарқиаш бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар ҳоли ҷанг аст, бори аввал расман ба таъминоти таҷҳизоти низомии амрикоӣ дархост дод.

Сафорати ИМА дар Киев дар саҳифаи расмии худ дар Твиттер бо нашри изҳороти собиқ сафири Амрико дар Украина Уилям Тейлор эълон кард, ки ин кишвар рӯзи 7 июл ба унвонии ИМА чунин дархост додааст. Тейлор раҳбарии ҳайати дипломатии Амрико дар Киевро дар ҷараёни интихоботи парлумонии рӯзи 21 июл ба ӯҳда гирифтааст.

Тейлор дар изҳороташ гуфт: “Мо ба баррасии ин дархост шурӯъ кардем. ИМА қотеона дар канори Украина қарор дорад ва истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ислоҳоти бахши дифоии ин кишварро пуштибонӣ мекунад”.

ИМА аз соли 2014, замони ишғоли Қрим ва шурӯи даргириҳо дар Донбасс, ба Украина кӯмаки низомӣ, аз ҷумла, мушакҳои зиддитонкии “Ҷавелин” ироа мекунад.

Моҳи гузашта зимни схуанронӣ дар Кумитаи равобити хориҷии Сенат Ҷон Ҳербст, собиқ сафири Амрико дар Украина гуфт, ки Русия ба ҷангандаҳо беш аз 450 тонк ва 700 адад силоҳҳои сангин додааст.

Дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 июл Ҳербст гуфт, ки Киев шояд таъмини шумори бештари мушакҳои “Ҷавелин”-ро дархост мекунад. Тонкҳо як мушкили муҳими нирӯҳои Украина боқӣ мемонад.

Вале бо ин вуҷуд, Украина барои хариди силоҳи амрикоӣ миллиардҳо доллар надорад.

Дархости дарёфти аслиҳа дар ҳоле садо медиҳад, ки президенти Украина Владимир Зеленский ният дорад дар нахустин сафари расмиаш ба ИМА бо президенти ин кишвар дидору гуфтугӯ кунад.
Сафар дар ҳафтаҳои наздик сурат мегирад ва аз замони пирӯзии Зеленский дар интихоботи моҳи апрели имсол ин аввалин мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурии Амрико хоҳад буд.

Бо ин ки Трамп ба тавсеаи равобит бо Русия майл нишон додааст, тавсеаи содироти мол аз Амрикоро як бахши муҳими сиёсати иқтисодии худ қарор додааст.

Эҳтимолан, мавзӯи фурӯшҳои низомӣ ба Украина яке аз масоили калидии мавриди баррасии ду раҳбар мешавад.

Бо ин вуҷуд, Ҳербст гуфт, ки замони садо додани дархости таъминоти аслиҳа набояд нодида гирифта шавад. Вай гуфт, ки ба иттилои ӯ ин мавзӯъ муддате пеш мавриди баррасӣ қарор гирифтааст

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG