Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО хуруҷи нирӯҳои Русия аз марзи Украинаро тасдиқ накард


Тонки Русия дар наздикии марзи Украина
Тонки Русия дар наздикии марзи Украина

Дабири кулли НАТО гуфт, ин паймони низомӣ хабарҳо дар бораи хуруҷи нирӯҳои Русия аз марз бо Украинаро тасдиқ карда наметавонад.

Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фоғ Расмуссен рӯзи 1 апрел гуфт, шавоҳиде дар даст нест, ки хуруҷи нирӯҳои Русия аз марз бо Украинаро тасдиқ кунад. Расмусен қабл аз баҳси масъалаи Украина дар нишасти вазирони кишварҳои узви НАТО дар Брюссел гуфт: "Мутаассифона, ман тасдиқ карда наметавонам, ки Русия нирӯҳояшро берун кашида истодааст. Ин чизе нест, ки мо дидан мехоҳем. Ва чунин таҷаммӯъи нирӯҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба оддӣ шудани вазъ мусоидат намекунад. Мо мехоҳем оддӣ шудани вазъро бубинем."

Расмуссен ҳамчунин гуфт, "таҷовузи Русия алайҳи Украина ... манзараи амниятии Аврупо ба сурати бунёдӣ иваз карда, бесуботиро то ба лаби марзҳои НАТО меорад." Нишасти имрӯзаи НАТо дар Брюссел нахустин нишасти ин паймони низомӣ дар пайи ишғоли низомӣ ва ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрими Украина аст.

Рӯзи 31 март вазорати дифои Русия гуфт, ба хуруҷи нирӯҳояш баъд аз анҷоми машқҳои низомӣ дар наздикии марзҳои Украина шурӯъ кардааст. Амрико низ гуфт, ки хабари хуруҷи нирӯҳои Русияро тасдиқ карда наметавонад, вале тавре сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псакӣ гуфт, агар ин хабар тасдиқ шавад, "як қадами қобили истиқбол хоҳад буд." Таҷаммӯъи густардаи нирӯҳои Русия дар марзҳои Украина нигарониҳоеро ба бор оварда буд, ки Маскав танҳо бо тасарруфи Қрим иктифо накарда, шояд бо баҳонаи ҳимоят аз аҳолиии русзабон ба вилоятҳои шарқи Украина ҳам нирӯ ворид кунад.

31 МАРТ: Таъсиси вазорати Қрим дар ҳукумати Русия
​Русия рӯзи 31 март вазорати алоҳида дар умури Қрим таъсис дод ва чанд қарордод бо Украинаро бекор кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 31 март бо судури як фармон дар ҳайати ҳукумати кишвараш вазорати алоҳида дар умури Қримро таъсис дод. Бо фармони дигари Путин, муовини вазири рушди минтақаҳои Русия Олег Савелёв вазири Русия дар умури Қрим таъин шудааст.

Бино ба хабари дигар, Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия рӯзи 31 март қарордодҳои Русияву Украина дар масъалаи истиқрори флоти баҳри Сиёҳи артиши Русия дар Қримро бо иттифоқи оро дар қироати аввал бекор кард. Украина дар соли 2010 замони будубоши флоти русия дар Севастополро то соли 2042 тамдид карда буд ва тибқи он Маскав мебоист ба Украина солона 98 миллион доллар пули иҷора ва дар фурӯши газаш ҳам имтиёз медод.

Кремл ҳоло мегӯяд, азбаски Қрим баъди тасарруфаш аз сӯи Русия дигар аз Украина нест, зааминаи ҳуқуқии ҳифзи ин қарордодҳо аз баайн рафтааст. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев, ки имрӯз ба Қрим сафар карда буд, гуфтааст, Русия танҳо аз ҳисоби бо нархи боимтиёз фурӯхтани гази табиӣ ба Украина 11 миллиард доллар зиён дидааст.

Украина сафари Медведев ба Қримро маҳкум кард

Украина сафари сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба вилояти Қримро ҳамчун "нақзи рӯирости қоидаҳои рафтори байналмилалӣ" маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Украина Евҳен Перебийнис рӯзи 31 март дар Киев ба хабарнигорон гуфт, Украина дар робита ба сафари сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба нимҷазираи Қрим ба Русия ёддошт фиристода, дар он "эътирози қатъӣ"-яш ба ин сафарро баён доштааст.
Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев рӯзи 31 март вориди Қрим шуд. Ӯ баландпоятарин мақоми Русия аст, ки баъди тасарруфи ин вилояти Украина ба он ҷо сафар мекунад. Дар рӯзи сафари ӯ ҳузури пулис дар кӯчаҳои Симферопол шадидтар шуда буд. Медведев ба Севастопол ҳам сафар мекунад.



Медведев: Маскав дар Қрим минтақаи озод месозад

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев рӯзи 31 март дар Қрим гуфт, Маскав дар ин нимҷазира ба хотири ҷалби сармоягузорон минтақаи озоди иқтисолдӣ таъсис хоҳад дод. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев, ки рӯзи душанбе дар раъси як ҳайати вазирону муовинони сарвазир ба Симферопол, маркази маъмурии Қрим омад, гуфт, ҳадафи Русия таҳияи шароитест, ки Қрим битавонад аз рушди худ сӯди зиёд бардорад.

Ӯ гуфт, маоши кормандони мақомоти маҳаллӣ ва нафақаи бознишастагон дар Қрим то ба ҳадди маошу нафақаҳо дар Русия боло бурда хоҳад шуд ва Русия барои навсозии бемористонҳои Қрим низ кумак хоҳад кард: "Тавре ман алакай гуфтам, мардуми Қрим бояд аз пайвастан ба Русия фақат фоида бубинанд. Ва вазифаи мост, ки инро замонат бидиҳем."

Маскав баъди тасарруфи Қрим барои рушди ин минтақа миллиардҳо доллар ваъдаи сармоя кардааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран ба ҳукумат амр дод, то роҳҳои таъмини молии барномаҳои давлатӣ дар Қримро ҳарчӣ зудтар баррасӣ ва ҳал кунад.

Русия бар асоси натоиҷи раъйпурсии рӯзи 16 март, ки мақомоти рӯ ба Маскави Қрим доир карданд, Қрим ва шаҳри Севастополро ҳамчун ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ин амал ба вокуниши шадидан манфии Киев ва Ғарб рӯбарӯ шудааст. Маҷмаи умумии СММ дар ҳафтаи гузашта қатъномаеро қабул кард, ки раъйпурсии Қримро ғайриқонунӣ хонда, аз кишварҳо даъват мекунад, то тасарруфи ин вилояти Украинаро эътироф накунанд.

30 МАРТ: Дидори бенатиҷаи Керрӣ ва Лавров
Гуфтугӯ миёни Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико ва Сергей Лавров, ҳамтои русаш дар бораи бӯҳрони Украина шаби якшанбеи 31-уми март пас аз чаҳор соат бидуни дастёбӣ ба натиҷаи хосе поён ёфтааст. Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, ҳарду ҷониб ҳам мувофиқа кардаанд, ки бӯҳрони Украина ба «роҳи ҳалли дипломатӣ» ниёз дорад. Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико, пас аз ин дидор дар сафорати Амрико дар Порис ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳузури нерӯҳои Русия дар марзҳои Украина «фазои тарсро дар Украина ба вуҷуд овардааст». Вай пас аз мулоқот бо Сергей Лавров дар сафорати Русия дар Порис гуфтааст, дидори онҳо «фазое, ки барои музокирот лозим аст ба вуҷуд наовард».

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс аз қавли мақомоти Амрико навиштааст, ки Керри ба Лавров пешниҳодҳое дар бораи ақиб рафтани неруҳои ҳарбии Русия аз марзҳои Украина ироа доштааст, аммо Сергей Лавров бидуни тасдиқ ё рад гуфтааст, ки ин пешниҳодҳоро бо Кремл матраҳ мекунад.

Ҳузури густурдаи нерӯҳои Русия дар марзҳои Украина, ба вижа пас аз замима шудани нимҷазираи Қрим ба Русия нигарониҳои зиёдеро дар Украина ва кишварҳои Ғарб ба миён овардааст.

Ҳавопаймои Керрӣ барои баҳси Украина аз роҳ баргашт
Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе баъди тамоси телефонӣ бо Сергей Лавров ҳавопаймояшро, ки дар роҳ аз Ховари Миёна ба Амрико дар як фурудгоҳи Ирландия барои такмили маводи сӯхт поён шуда буд, пас гардонда, амр кардааст, ба ҷои Амрико ба Фаронса парвоз кунанд.

Мулоқоти Лаврову Керрӣ дар ҷараёни тамоси телефонии шоми ҷумъаи раисиҷумҳурони Амрикову Русия Барак Обама ва Владимир Путин маслиҳат шудааст. Аз замони оғози бӯҳрони Қрим ин бори аввал буд, ки Путин худ ба Обама занг задааст. Обама аз Путин хостааст, то нирӯҳои Русияро аз марзҳои шарқии Украина пас бикашад. Кохи Сафед мегӯяд, ки Амрико пешниҳодҳое ба Русия дар мавриди роҳҳои ҳалли бӯҳрони Украина додааст. Вале вазорати хориҷаи Русия гуфт, дар асл ин Маскав пешниҳодҳое дар ин бора додааст.

Сергей Лавров рӯзи шанбе гуфт, Маскав қасди ирсоли нирӯ ба дохили Украинаро надорад, вале Русия омода ҳаст аз ҳуқуқи русҳову русзабонҳо дар Украина ҳимоят кунад.
Рифъат Чубаров
Рифъат Чубаров
Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбе қурултойи Маҷлиси тоторҳои Қрим ишғоли ин нимҷазира аз сӯи Русияро маҳкум карда, аз созмонҳои байналмилалӣ хостаанд, то мухторияти ин ақалияти қавмии сокини Қримро эътироф кунанд. Раҳбари маҷлиси тоторҳои Қрим Рифъат Чубаров дар ҳузури беш аз 200 вакил дар шаҳри Боғчасарой, пойтахти таърихии Қрим гуфт, тоторҳои Қрим низ бояд ҳаққи таъини сарнаившти худро дар шакли мухторияти миллӣ ё иҷтимоӣ дошта бошанд.

"Маликаи газ" ё "султони шоколад"? Пешбарии номзадҳо дар Украина

Бо ин ҳол, рӯзи шанбе анҷумани пешазинтихоботии чанд ҳизби асосии Украина бо ҳадафи пешбарии номзадҳол ба интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ин ҷумҳурӣ доир шуд. Порлумони Украина дар пайи барканории Виктор Янукович дар моҳи феврал ба таърихи 25 май интихоботи пеш аз мӯҳлат даъват кардааст.
Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко
Рӯзи 29 март ҳизби "Бактившина" ва ё "Падарватан" раҳбараш Юлия Тимошенкоро ба унвони номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Украина пешбарӣ кард. Хонум Тимошенко дар анҷумани ҳизб гуфт, Қримро порае аз Украина медонад ва ҷудо шуданашро қабул надорад.

Ӯ ҳамин тавр ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дарафтод ва аз ҷумла гуфт: "Путин мехоҳад мо, украиниҳоро ҷазо диҳад. Барои азми мо ба сӯи озодӣ, барои интихоби роҳи ҳамоиш бо Аврупо, барои шавқи мо ба мубориза. Посухи мо дар Қрим, ба назари ман, дуруст набуд. Агар ман интихоб шавам ва ба мақоми раисиҷумҳури Украина бирасам, ман бидуни набард ягон сантиметр аз хоки Украинаро ба таҷовузгарон нахоҳам дод."

Тимошенко, яке аз рақибони асосии Янукович дар интихоботи соли 2010, баъд аз шикасташ таҳти таъқиб қарор гирифт ва барои имзо кардани созишномаи хариди газ аз Русия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро рӯзи 22 феврал, чанд соат баъд аз суқути ҳукумати Янукович аз зиндон раҳо карданд.
Порошенко ва Кличко
Порошенко ва Кличко
Дар ҳамин ҳол, Виталий Кличко, раҳбари ҳизби "УДАР" дар анҷумани ҳизбаш аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина даст кашид ва пешниҳод намуд, ки нерӯҳои демократӣ ба ин мақом узви порлумон ва сармоядор Петро Порошенкоро чун номзади ягона пешбарӣ кунанд. Клико гуфт, худи ӯ барои мақоми шаҳрдори Киев мубориза хоҳад бурд. Қаблан Виталий Кличко гуфта буд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад.

Ҳизби минтақаҳои президенти барканоршуда Виктор Янукович, номзадии волии пешини вилояти Харков Михаил Добкинро пешбарӣ карда, ҳамзамон Янукович, сарвазири собиқ Микола Азаров ва муовини сарвазир Серҳий Арбузовро аз узвияти ҳизб хориҷ кардааст. Янукович дар номае ба ин анҷуман гуфтааст, ба ҷои интихобот дар Украина баргузории райъпурсие зарур аст, ки дар он масъалаи мухторияти вилоятҳо матраҳ шавад.

Дмитрий Ярош, раҳбари "Правий сектор", яке аз созмонҳои тунди қавмгарои Украина аз тариқи худпешбарӣ номзадиашро ба интихоботи рӯзи 25 май гузошта, ба ин хотир 2,5 миллион ҳривна, муодили 228 000 доллар, маблағи гаравро низ алакай ба Кумиссиюни интихобот супурдааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи 25 май баргузор мешавад ва ба навиштаи расонаҳои чопи Киев, аллакай 15 довталаб ҳуҷҷатҳои худро ба Комиссиюни марказии интихобот пешниҳод карда, 5 нафар сабти ном шудаанд. Сабти номзадҳо то 4 апрел идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG