Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина: Президент дар Чин, мардум дар майдон


Дар ҳоле, ки тазоҳурот дар шаҳри Киев, идома дорад ҳукумати Украина нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро мизбонӣ мекунад.

Дипломатҳои баландпояи ғарбӣ, ки ба Киев омадаанд, аз ҳукумати Украина хостанд, ба ҳуқуқи тазоҳургарони тарафдорони ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо эҳтиром бигузорад. Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар ин нишаст гуфт, ки ҳукумати Украина бояд ба “ҳарфи мардумаш гӯш бидиҳад."

Аммо Микола Азаров, нахуствазири Украина гуфт, ҳукуматаш омодаи муколама бо мухолифон аст, аммо айни замон, тазоҳургаронро, ки биноҳои ҳукуматиро дар Киев иҳота кардаанд, “нерӯҳои ифротӣ” хонд ва танқид кард.

Виктория Нуланд, ба ҷойи вазири умури хориҷӣ Ҷон Керрӣ дар ин нишаст ширкат мекунад. Худи вазир аз иштирок дар ин ҷамъомад даст кашидааст. Гуиддо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, ки зоҳиран ба Русия ишора мекард, дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, “таҳдидҳо ва истифода аз фишорҳои иқтисодӣ алайҳи Украина” ғайриқобили қабул аст.

Ба таъхир андохтани имзои аҳдномаи деринтизори ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо, дар ҳафтаи гузашта, хашми мардуми Украинаро барангехт ва сабаби тазоҳуроти азиме шуд, ки Украина аз замони инқилоби норанҷии соли 2005 ёд надорад. Мухолифони давлат мехоҳанд, ки ҳукумат барои ин амалкардаш, ба истеъфо биравад ва интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ баргузор шавад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00
Линки мустақим


Саркӯбии бераҳмонаи тазоҳургарон дар чанд рӯзи пеш ба оташи хашми мухолифон равған рехт. То кунун чанд ҳазор нафар аз тазоҳургарон дар майдони марказии Истиқлол дар шаҳри Киев боқӣ мондаанд ва теъдоди дигар дар атрофи биноҳои ҳукуматӣ ҳалқа задаанд. Вакилони мухолифи давлат ҳам намегузоранд, то порлумон ҷаласаҳои маъмулиашро баргузор кунад.

Дуня Миятович, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр хушунат алайҳи хабарнигорон дар ҷараёни саркӯбии тазоҳуротро маҳкум кард. Дар рӯзи шанбеи гузашта, маъмурони пулис 40 хабарнигори украинӣ ва хориҷиро дар ҷараёни тазоҳурот латту кӯб карданд. Чанде аз онҳо аз дасти маъмурони пулис маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина бо сафари расмӣ дар Чин қарор дорад ва чанд созишномае имзо кардааст, ки бар тибқи онҳо бояд ба иқтисоди Украина 8 миллиард доллар сармоя ворид шавад. Виктор Янукович имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир андохт, зеро ба гуфтаи ӯ дар сурати имзо, робитаҳои сиёсиву тиҷоратии наздикаш бо Русия латма медид.
XS
SM
MD
LG