Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯри худу бинои дигарон?


Гурӯҳи миллатгарои “Правий сектор”-и Украина рӯзи сешанбе, якуми апрел, меҳмонсарои “Днепр”, дар маркази Киевро тарк намуд ва ба як пойгоҳаш дар канори пойтахт баргашт.

Ба иттилои расмӣ, аъзои ин гурӯҳ дар дохили меҳмонсаро, ки чанд моҳ ба қароргоҳашон табдил шуда буд, силоҳашонро ба мақомти ҳифзи тартибот таслим карданд. Шаби гузашта баъди тирандозӣ аз сӯи як узви “Правий сектор” дар маркази Киев ва ҷароҳат бардоштани се кас, кормандони милиса ва дастаҳои худдифои Майдон меҳмонхонаи “Днепр”-ро муҳосира карданд. Ба гуфтаи табибон, вазъи як тан аз маҷрӯҳон вазнин аст. Аз ин пеш хабаргузориҳо навиштанд, ки шахси муҷрим дар меҳмонсарои “Днепр” боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Дар ҳоле, ки расонаҳои чопи Русия пайваста дар бораи бедодгариҳои гурӯҳҳои тундрави Украина, аз ҷумла, гурӯҳи “Правий сектор” матлабҳо нашр мекунанд, дар худи Русия ҳамлаҳо ба афроди ғайриславянӣ, ба вижа, мардуми Осиёи Марказӣ ва Қафқоз рӯ ба афзоиш аст. Вера Алберович, як тан аз масъулони маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари “Сова”, воқеъ дар Маскав, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ибтидои сол бар асари ҳамлаҳои нажодпарастони рус ҳафт нафар кушта шудаанд. Тайи се моҳ афроди ғайрирус 29 бор дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав, Владимир, Иркутск, Сахалин, ҳамчунин Карелияву Тотористон ва минтақаи Перм мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи хонум Алберович, нажодпарастҳои рус ба вижа моҳи март фаъол буданд.

Соли гузашта бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои фашистии Маскав 20 нафар кушта ва 170 нафар маҷрӯҳ шуда буданд. Коршиноси маркази ”Сова” мегӯяд, ки то соли 2013 ҳамлаҳо дар пояи адовати қавмӣ дар Русия рӯ ба коҳиш буданд, аммо аз соли гузашта теъдоди онҳо боло рафт ва ин раванд соли равон ҳам идома дорад. Ӯ мегӯяд:

"Чаро ин ҳамлаҳо рӯй медиҳанд, возеҳ нест, аммо ҳадсу фарзияҳое ҳастанд ва яке аз онҳо иҷтимоӣ аст, яъне, насли нави миллатгароҳо арзи вуҷуд кардааст, дуввум - фаъолияти мақомоти ҳифзи тартибот дар баробари хушунати гурӯҳҳои миллатгаро заифтар шудааст, мутаассифона, ин ниҳодҳо ҳоло бештар ба тарғибу ташвиқ машғуланд ва на ба мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноӣ дар хиёбонҳо. Ва саввум - албатта, фаъолшавии нерӯҳои сиёсӣ ҳам дар ин раванд нақш дорад, яъне соли гузашта на фақат нерӯҳои либералӣ ва гурӯҳҳои эътирозӣ, балки миллатгароҳои навбаромад ҳам фаъол шуданд."

Вера Алберович меафзояд, ки дар Русия аз ҳама бештар сокинони Осиёи Марказӣ мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегиранд. Дар хатҳои баъдӣ мардуми Қавқоз, ҳамҷинсгароҳо ва нерӯҳои зиддифашистӣ қарор доранд.

Зимнан, охирин куштори як муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ шаби 29-уми март дар минтақаи Люблинои Маскав рӯй дод - дар бадани ӯ изи 11 зарбаи корду табарро ошкор карданд. Кумитаи тафтишоти Русия, дар робита ба ин ҳодиса бар пояи банди аввали моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия, яъне куштор, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Омилони ин куштор ошкор нашудаанд, аммо Елена Рябинина, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсони Русия мегӯяд, зоҳиран ин муҳоҷири узбак қурбони ҳамлаи нажодпарастони рус шудааст.
XS
SM
MD
LG