Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот номи "Халиҷи Форс"-ро аз як китоби дарсӣ берун кард


Вазорати маорифи Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи душанбеи 9 январ номи "Халиҷи Форс"-ро аз китоби дарсии синфи чаҳоруми мактабҳои ин кишвар берун ё ҳазв кардааст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, рӯзномаи иморотии "Ал-Явм" гузориш додааст, ки вазорати маорифи ин кишвар дар пайи шикоят дар бораи истифода аз номи "Халиҷи Форс" ба ҷои "Халиҷи арабӣ", дар ин китоби дарсӣ, дастур додааст, ки он ҳазф шавад.

Тибқи гузориши "Ал-Явм", вазорати маорифи Имороти Муттаҳидаи Араб гуфтааст, ки китоби дарсии соли чаҳорум, ки як нақша ё харита ба ҳамроҳи номи "Халиҷи Форс"-ро мунташир кардааст, "дар марҳилаи озмоишӣ буда ва дар нусхаи баъдӣ ислоҳ хоҳад шуд. Масъулони Имороти Муттаҳидаи Араб аз пахши барчаспҳое барои пӯшонидани номи "Халиҷи Форс" дар ин китобҳо то охири соли таҳсилӣ ва чопи нави он, хабар додаанд.

Созмони Милали Муттаҳид ва харитаҳои байналмилалӣ аз оброҳаи байни нимҷазираи арабӣ ва Эрон ҳамчун "Халиҷи Форс" ёд мекунад. Ин истилоҳро ҷуғрофиёдонҳои қадими Юнон истифода кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои арабӣ, хусусан шайхнишинҳои атрофи Эрон аз номи "Халиҷи арабӣ" барои ин минтақа истифода мекунанд.

Чанд моҳ пеш дар пайи намоиши як нақша дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Omman Air, ки аз номи "Халиҷи Форс" истифода шуда буд ва интиқодҳои пайдарпайро дар пай дошт, системаи нақшаи ин парвоз қатъ шуд. Эрон шаш сол қабл эълом кард, ба ҳавопаймоҳое, ки дар харитаи парвозҳои худ аз номи "Халиҷи арабӣ" ба ҷои "Халиҷи Форс" истифода мекунанд, иҷозаи парвоз аз ҳарими ҳавоии худро нахоҳад дод.

Ҳаккерҳои эронӣ чанд сол пеш сад сайти кишварҳои арабиро барои истифода аз номи "Халиҷи арабӣ", тахриб карданд. Беҳрӯз Камолиён, раҳбари ин гурӯҳ ба хабаргузории ИРНА гуфта буд, ки дар ин амал зоҳиран вебсайтҳои шуморе аз созмонҳо дар Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Уммон ва Ироқро бо сафҳаи ҳамроҳ бо харитаи Эрон ва номи Халиҷи Форс, тағйир додаанд.

Соли гузашта сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба дабири кулли ин созмон дар вокуниш ба "номи сохтагӣ барои Халиҷи Форс" таъкид карда буд, ки номи Халиҷи Форс "ишора ба пайкараи обӣ миёни Эрон ва нимҷазираи арабӣ решаи амиқ дар таърих дорад ва аз ҳудуди 500 сол пеш аз оғози тамаддуни масеҳӣ, мавриди истифода будааст."

XS
SM
MD
LG