Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабарҳо дар бораи гӯё бо маводи таркандаи тротил ва аслиҳа боздошт шудани ду шаҳрванди тоҷик дар ҳудуди ноҳияи Ленинои вилояти Маскавро “бо ҷиддият” қабул карда, ин қазияро таҳқиқ мекунад.
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 27 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, хабари боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷаласаи субҳи имрӯзи сафорат баррасӣ шуд ва афроди масъули сафорат супориш гирифтаанд, ки тавассути каналҳои расмӣ то куҷо воқеъият доштан ё надоштани ин хабарро маълум кунанд.
Муҳаммади Эгамзод гуфт: “Мо ин хабарро бо ҷиддият қабул кардем ва пайгирӣ дорем. Пеш аз ҳама бояд маълум кунем, ки он то куҷо воқеъият дорад. Чунки дар гузашта ҳам чунин хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳомоти пурсарусадо дар матбуоти Русия зиёд расонӣ мешуд, вале дар ниҳоят маълум мешуд, ки боздоштшудаҳо ё аслан шаҳрванди Тоҷикистон нестанд ваё ин боз як ба истилоҳ “утка”-и иттилоотӣ будааст.”
Расонаҳои Русия шоми 26 ноябр хабар доданд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Ленинои вилояти Маскав бо силоҳу маводи тарканда дастгир шудаанд.
Елена Алексеева, намояндаи расмии вазорати умури дохилаи Русия рӯзи 27 ноябр гуфт, амалиёти боздошти ин ду шаҳрванди тоҷикро мақомоти ин вазорат ҳамроҳ бо маъмурони бахшҳои ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар шаҳру вилояти Маскав анҷом додаанд.
Ба гуфтаи Алексеева, ҳангоми боздошт аз ин ду нафар, ки расман ягонҷо кор намекардаанд, се туфангча (пистолет)-и Макаров бо тақрибан 50 тир ёфт шудааст. Ҳангоми кофтукоби мошине, ки ба яке аз боздоштшудаҳо тааллуқ дошт, ба гуфтаи ин намояндаи вазорати дохилаи Русия, 171,3 гра маводи таркандаи навъи тротил пайдо кардаанд.
Бино ба хабарҳо, соҳиби мошин баъди ёфтани тротил гуфтааст, ки ин маводи тарканда аз вай нест, балки маводи таркандаро ба мошини ӯ партофтаанд.
Алайҳи ин ду нафар бар асоси қисми якуми моддаи 222-юми Кодекси ҷиноии Русия (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳаву муҳимот) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Ин нахустин мавриди расонаишудаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо чунин иттиҳомот нест. Ҳафтаи гузашта матбуоти Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон дар метрои шаҳри Маскав хабар дода буд. Мақомот гуфтанд, ки ташхис дар либос ва сумкаи онҳо вуҷуди бозмондаҳои нитроглитсерин, як маводи кимиёвиеро, ки дар сохтани бомбҳои худсохт ҳам истифода мешавад, пайдо кардааст.
Беодоб будан хуб нест, чизеро намедонӣ беҳтараш хомуш бош, як назар кунед, ҳазорон ҳазорон мардум ба видоъи ӯ рафтанд, ин магар эҳтиром нест?
Макомот боз дуруггуи мекунад.
Ман мулло нестам ,hushbahtona,vale hususi ovardani korgaron az digar davlatho...charo ne , shoyad ruze chunon rasad. Файзу баракати давлатхои араб az ruzadoriashon nest (onho on kadar dindori surh nestan chun forsho) az naftu gazashon ast!!!
Мавлавӣ Аслуддин? Мунҳасир ба фард ва кайфияти олӣ, шаволеи калом ва шамшер. Намефаҳманд. Боз мегуям, намефаҳманд! Мутаасифона қобилияти дарки ақлии мардуми Тоҷик ҳоло низ барои фаҳмидани Мавлавӣ Аслуддин, заъиф аст. Ну посмотрите, кто сейчас в том же “хукумате”, “амнияте” и стратегическом центре... лично у меня вызывают интеллектуальную блевоту. Люмпены и маргиналы, у которых деформировано интеллектуальное восприятие и эстетика. Этот сброд, никогда не поймёт exclusive high quality chivalry.
Биё хамин худат Кромвел шав