Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Симоби сурх” ва терроризм. Ҷустуҷӯи ду тоҷик дар Русия


Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабари ҷустуҷӯи ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди харидории “симоби сурх” -ро ҷиддӣ гирифтааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, хабарҳои нашршуда дар матбуоти Русия дар бораи бо иттиҳоми терроризм аз сӯи пулиси вилояти Маскав ҷустуҷӯ шудани ду бародар аз Тоҷикистонро ҷиддӣ мегирад ва ин қазияро мӯшикофона таҳқиқ хоҳад кард.

Шабакаи телевизионии “Life News” шоми 21 июл хабар дод, ки ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ва пулиси вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон – Умед ва Абдулаҳад Давлатовро мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд. Манобеи “Life News” гуфтаанд, ин ду бародар қасди анҷоми ҳамлаҳои диверсиониву террористӣ дар Русия ва дар Тоҷикистонро доштанд ва маҳз бо ҳамин ҳадаф мехоҳанд “симоби сурх”, як маводи кимиёиеро, ки дар асл вуҷуд надорад, ба даст биоранд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон рӯзи 22 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин хабар дар воқеъ мавриди таваҷҷӯҳи хоссаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Ҳарчанд мо аз мақомоти Русия то ҳанӯз расман дар бораи ин ҳодиса ягон маълумоти дақиқ дастрас накардаем, аммо азбаски сухан дар бораи таҳдид ба амният ду кишвари шарики стратегӣ меравад, албатта, мо ин хабарро ҷиддӣ гирифтаем.” Оқои Эгамзод гуфт, кормандони масъули табодули иттилоъ бо мақомоти зирабти Русия аллакай дастбакор шудаанд ва ба таври расмӣ ироаи ҷузъиёти қазияро аз ҷониби Русия дархост кардаанд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

“Симоби сурх” як навъ маводи кимиёвист, ки ҳамчун яке аз охирин дастовардҳои саноати силоҳсозии Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ мешавад ва гӯё онро дар сохтани бомби ҳастаӣ истифода мебаранд. Ҳарчанд донишмандон мегӯянд, дар асл дар дунё “симоби сурх” аслан вуҷуд надорад, талоши ба даст овардани он бахусус аз сӯи созмонҳои террористӣ аз замони суқути Иттиҳоди Шӯраавӣ, яъне аз ибтидои солҳои 90 ба ин тараф идома дорад. Гуфта мешавад, афроди корчаллон як грамми “симоби сурх”, маводеро ки дар асл вуҷуд надорад, ҳатто бо нархи то 1 миллион доллар мефурӯшанд.

Мақомоти Русия, ба гуфтаи манобеи “Life News”, бо вуҷуди онки як афсона будани “симоби сурх”-ро медонанд, вале талош доранд, то макони будубоши бародарон У.Ф. Давлатов ва А.Ф. Давлатовро дақиқ кунанд, чунки қисмати дувуми иттиҳоми зидди ин бародарон, яъне қасди ҳамлаҳои диверсиониву террористӣ дар Русия ва дар Тоҷикистон доштани онҳоро хеле ҷиддӣ гирифтаанд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дар таҷрубаи равобити Тоҷикистону Русия ин нахустин мавриди таъқиби шаҳрвандони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми қасди харидории “симоби сурх” аст, вале: “Феълан таҳқиқот рафта истодааст ва мо то дарёфти маълумоти расмӣ аз ҷониби Русия аз шарҳи бештари қазия ва эҳтимоли даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар он худдорӣ мекунем. Танҳо баъди дарёфти ҷузъиёт метавон гуфт, ки оё чунин ҳодиса ҷой дорад ё не, оё он ба шаҳрвандони тоҷик рабт мегирад ё не? Чунки мо дар гузашта мавридҳои зиёде доштем, ки матбуоти Русия атрофи шаҳрвандони Тоҷикистон сарусадои зиёд ба по мекард ва баъдан маълум мешуд, ки ин сарусадоҳо воқеъият надоштааст.”

Намояндаи сафорат аз ҷумла аз як хабари чанд сол қабл нашршуда дар расонаҳои Русия ёдоварӣ кард, ки дар он як шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳияи сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин айбдор мешуд: “Ин қазия сару садои зиёде ба по кард, вале дар ниҳояти амр маълум шуд, ки ин иддао ягон воқеият надорад.”

Дар моҳи марти соли 2008 нашрияи “Твой день”-и Чопи Маскав хабар дод, ки гӯё маъмурони ФСБ дар рӯзи интихоботи президенти ин кишвар дар назди Кремл як марди 24-сола бо номи Шоҳвалад Усмоновро, ки гӯё зодаи Тоҷикистон будааст, бо камони снайперӣ дастгир кардаанд ва бо ин аз талоши сӯиқасд ба ҷони президент Путин ва муовини сарвазир Дмитрий Медведев, ки бояд Путинро дар мақоми президентӣ иваз мекард, ҷилавгирӣ шудааст. Ин хабар билофосила дар расонаҳои дигари Русия низ чоп шуда, сару садои зиёде ба по кард.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита ба вазорати хориҷаи Русия як нотаи эътирозӣ фиристод, зеро маълум шуд, ки Шоҳвалад Усмонов зодаи ҷумҳурии мухтори Доғистони худи Русия будааст, на шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG