Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузории Киев ду нафар кушта ва як вакил маҷрӯҳ шуд. ВИДЕО


Дар паи таркише, ки онро мақомот дар Киев як ҳамлаи террористӣ номиданд, ду нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд. Яке аз захмиёни таркиши бомбаи рӯзи 25 октябр - узви Рада Иҳор Мосийчук аст, ки аз ҳизби миллатгарои оппозитсионии Украина намояндагӣ мекунад.

Таркиш лаҳзае рух дод, ки Иҳор Мосийчук ва чанд нафари дигар шоми дер аз студияи телевизионии “Espreso TV6”-и воқеъ дар кӯчаи Соломянскии шаҳри Киев берун мешуданд.

Олена Ҳитлянска, як сухангӯи Хадамоти амнияти Украина ё СБУ дар

Талоши сӯиқасд ба ҷони Мосийчук ба фаъолиятҳои касбиву мавқеи сиёсии ӯ рабт мегирад. Олеҳ Ляшко

саҳифаи худ дар Фейсбук рӯзи 26 октябр навишт, ки ин сохтор аз рӯи ҳодисаи таркиш бо нишонаҳои “амали террористии аз ҷониби гурӯҳи террористӣ анҷомшуда” парвандаи ҷиноӣ боз кард.

“Муфаттишон тамоми паҳлӯҳои ин қазияро мавриди санҷиш қарор додаанд. Маълум шуд, ки афроди ношинос ҳангоми убури вакили маҷлис як мотосиклро дар он макон таркондаанд”, гуфт Ҳитлянска.

Вазорати умури дохила гуфт, ки яке аз кушташудаҳо муҳофизи 30-сола ва афсари полиси вижа будааст. Ҳитлянска гуфтааст, ки дар ин ҳодиса як сокини маҳаллӣ ҳам, ки аз роҳ мегузаштааст, кушта шуд. Ӯ марди соли таваллудаш 1981 будааст. Мушовири вазири умури дохила Зоран Шкиряк дар Фейсбуки худ навишт, ки таркиш нишонаҳои сӯиқасд ба ҷони инсонро дошт ва дафтари Мосийчук гуфт, ҳадафи ҳамлагарон куштори ин сиёсатмадор буд.

Ҳизби Радикал: Ҳамларо душманони Украина анҷом додаанд

Олеҳ Ляшко, раҳбари ҳизби Радикали Украина гуфт, ки “талоши сӯиқасд ба ҷони Мосийчук ба фаъолиятҳои касбиву мавқеи сиёсии ӯ рабт мегирад”. Ляшко гуфт, ки ин кори дасти “хадамоти махфии кишвари душмани мо аст” ва зоҳиран ба Русия ишора кард, ки баъди соли 2014 Украина бо он дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Баъди ғасби нимҷазираи Қрим дар он сол дар шарқи Украина ҷанги миёни нирӯҳоии давлатӣ ва ҷудоиталабони рӯ ба Маскав сар зад. Дар муддати се соли охир дар ин ҷангҳо беш аз 10 ҳазор нафар аз ҳарду тараф қурбон шудаанд.

Иҳор Мосийчук
Иҳор Мосийчук

Худи Мосийчук ҳам, ки баъди ҷарроҳӣ рӯзи 26 октябр аз бистари беморӣ сӯҳбат кард, гуфт, бовар дорад ин кори дасти ҷосусҳои Русия мебошад. Вай гуфт, ки бемористон зери назорати шадиди амниятӣ қарор дорад.

Кремл: Иттиҳомот давоми маъракаи зиддирусия аст

Дар як изҳороташ сухангӯи Кремл Дмитрий Песков иттиҳомотро рад кард ва гуфт, ин ҳарфҳо ҳама беасос аст. Дар ҷараёни як нишасти матбуотие, ки аз рӯи нақша баргузор мешавад, Песков иттиҳомоти садододаро ҳамчун маъракаи зиддирусия маҳкум кард ва гуфт, ин ҳарфҳо дар Киеву саросари Украина паҳн мешаванд. Таркиш яке аз дигар ҳамлаҳо зидди сиёсатмадорон буд, ки дар Киев рух дод.

Павел Шеремет
Павел Шеремет

Вакили собиқи Думаи давлатии Русия Денис Вороненков, ки як мунаққиди Кремлин буд ва ба Киев кӯчид, дар як рӯзи равшани моҳи март дар як хиёбони серодаами Киев аз тири туфанги ҳамлагарон кушта шуд.

Дар паи таркиши як мошини ҳомили бомба моҳи июли соли 2016 дар Киев журналисти зодаи Беларус Павел Шеремет кушта шуд. Шеремет солҳои охир барои нашрияи мустақили “Украинская правда” кор мекард ва бо мавқеи интиқодиаш нисбати сиёсати Русия ва Украина маъруф буд. Ҳардуи ин парвандаҳо то ҳанӯз нокушода боқӣ мемонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG