Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қандаҳор ду кӯдакро сар буридаанд


Мақомоти Афғонистон ҷангиёни Толибонро ба буридани сари ду кӯдак бо ҷурми ҷосусӣ айбдор карданд, вале раҳбарони ин ҷунбиши чирикӣ даст доштани ҷангиёнашон дар ин амалро радд мекунанд.

Ғорзанг Афридӣ - сухангӯи пулиси вилояти Қандаҳор ба Франс Пресс гуфтааст, ки ду кӯдаки яке 10 ва дувумӣ 16-соларо рӯзи якшанбе сар буридаанд. Афридӣ гуфтааст, “кӯдакон аз ин посгоҳ боқимондаи хӯрок ва чизҳои дигарро ҷамъ мекарданд, вале Толибон фикр кардаанд, ки онҳо ҷосусӣ мекунанд ва ба ин далел ҳардуро рабуда, сар буридаанд.” Сухангӯи пулис гуфтааст, ки “онҳо аз хонаводаҳои фақир буданд, ки аз ҳисоби ҷамъоварии пасмондаҳо рӯз мебурданд.”

Пулис мегӯяд, ки сокинони русто аҷсоди сарбуридаи ин ду кӯдакро аз як минтақаи дурдасте дар улусволии Жарӣ пайдо карда, ба пулис хабар додаанд. Ин ҳодисаро ба Франс Пресс Ҷовид Файсал, сухангӯи дигари пулиси Қандаҳор низ тасдиқ кардааст.

Аммо сухангӯи Толибон Қориюсуф Аҳмадӣ, ки аз як маҳалли ношинос бо Франс Пресс сӯҳбат мекард, ҳар навъ даст доштани ин гурӯҳи чирикӣ дар қатли он ду кӯдакро радд кардааст. Аҳмадӣ ин кушторро маҳкум карда, ба гардани Толибон бор кардани масъулияташро “тарғиботи ҷониби давлат” номидааст: “Давлат ба хотири ба дигар тараф тоб додани таваҷҷӯҳ аз ҳамалоте, чун ҳамлаи субҳи душанбе дар Кобул ин корро мекунад.”

Манзури сухангӯи Толибон ҳамлаи субҳи 10 июн дар атрофи фурудгоҳи Кобул аст, ки дар он 7 чирикии толиб кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳамла касе аз нирӯҳои амниятӣ ва мардуми мулкӣ осеб надидааст, вале парвозҳо дар фурудгоҳи Кобул барои чанд соат лағв ё мутаваққиф шуд.

Ҳамин тавр, рӯзи душанбе 6 ҷангӣ ба маркази сабти номи интихобкунандагон ва Шӯрои вилояти ҷанубии Зобул ҳамла карданд. Дар ин ҳамла, ба таъйиди мақомот, ҳамаи ҷангиён кушта кушта, 3 маъмури пулис ва 15 тан аз мардуми мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Куммиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон рӯзи 11 июн дар як баёния сарбурии ду ноболиғ дар вилояти Қандаҳорро ҳамчун "як амали ғайриинсонӣ" маҳкум кард.

Гурӯҳҳои чирикии мухолифи давлати кунунии Афғонистон, аз ҷумла ҷунбиши Толибонро дар гузашта ҳам чанд дафъа ба буридани сари афрод асосан бо ҷурми ҷосусӣ барои нирӯҳои афғону НАТО айбдор мекарданд. Дар моҳи август дар вилояти Ҳилманд 17 тан аз меҳмонони як шабнишиниро сар буриданд ва масъулияти онро ҳам ба Толибон бор карданд.
XS
SM
MD
LG