Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 000 $ - нархи як мансаб дар гумруки Тоҷикистон


Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон барои бори аввал аз як мавриди фурӯхта шудани мансаб дар ниҳодҳои давлатӣ гузориш дод.

Ду корманди масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон хостаанд, як мансаби ин ниҳодро ба 13 ҳазор доллар бифурӯшанд ва ҳангоми гирифтани пул аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Дар изҳороти оҷонсӣ омадааст, ки Анвар Хоҷаев, сардори дидбонгоҳи гумрукии "Терминал"-и раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва сарнозири дидбонгоҳи гумрукии "Регар"-и раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носиров аз як шаҳрванд хостаанд, ки агар мехоҳад ба вазифаи сарнозири дидбонгоҳи гумрукии "Регар"дар шаҳри Турсунзода таъйин шавад, 15 000 доллар диҳад.

Гурӯҳи кормандони оҷонсӣ рӯзи 21-уми январ Шарифхон Носировро баъд аз гирифтани пора ба маблағи 13 000 ҳазор доллар дастгир кардаанд. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, ки дар ин робита парванда боз шудааст. Аммо ин ниҳод ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтиш аз шарҳи бештари воқеа худдорӣ мекунад.

Ин ки мансабҳо дар Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, барои шаҳрвандони кишвар хабари наве нест, вале аз сӯи мақомот ошкор шудани чунин маврид ва боз шудани парванда зоҳиран бори аввал сурат мегирад. Мақомоти зидди фасод ҳоло талош доранд рӯшан кунанд, ки ин падида дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон то куҷо реша давондааст?

​Як бори дигар дар соли 2012 дар пайи қатли Холмӯъмин Сафаров – раиси корхонаи ҷангалу шикори Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ин мавзӯъ ба миён омад. Бархе манобеъ ҳадс мезаданд, ки гӯё Диловаршоҳ Қосимов барои курсии раиси кони тилои Шугнов 300 000 доллар додааст. Вале баъдан мақомот ба ин парванда мӯҳри махфӣ заданд ва вакилони мудофеъи Қосимову шариконаш, ки то 26 сол маҳкум ба зиндон шуданд, низ гуфтанд, ки дар ҷараёни мурофиа баррасии мавзӯъи пардохти пул барои курсӣ комилан “фаромӯш” шуд.

Саймиддин Дӯстов - роҳбари маркази таҳлилии «Индем» мегӯяд, даромади фасодкорони Тоҷикистон танҳо дар ду арса - заминфурӯшиву мансабфурӯшӣ - солона то 100-миллиондоллариро ташкил медиҳад: «Ҳоло аксарият медонанд, ки тақрибан кадом вазифа бо кадом маблағ фурӯхта мешавад. Барои мисол, барои курсии раиси бахши замин дар ноҳияи камзаминтарин аз 30 то 50 ҳазор доллар бояд пардохт кард. Дар мо ҳатто вазифаҳое низ ҳаст, ки то 300 ҳазор доллар «нарх» доранд.»

Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ дар мақоми раиси Хадамоти гумрук тақрибан 60 дарсади аъзои тими роҳбари собиқи он аз кор ронда шуданд ва акнун дар дасти худи ӯст, ки оё метавонад ин ниҳодро аз фасоду ришва пок кунад.

Суоли дигар ин аст, ки оё дар кишвар то куҷо кадрҳои мутахассис ҳастанд, ки битавонанд мақомҳои муҳими давлатиро уҳда кунанд? Ҳукумати Тоҷикистон ахиран ба хотири беҳбуди ҷобаҷогузории кадрҳо мақоми Раёсати хизматчиёни давлатиро то ба ҳадди оҷонсӣ боло бурд.

Грез Қосимов - мувовини раиси Оҷонсии хизматчиёни давлатӣ мегӯяд, ин ниҳод барои таъйини афроди сазовор ба мансабҳои давлатӣ як захираи махсуси кадрҳоро дорад: «Мо захираи кадрҳоро дорем барои мақомоти хидмати давлати шаҳрвандӣ. Худи мақомот рӯйхати ин захираро ба мо пешниҳод мекунанд ва мо дар давоми сол касбият ва маълумоти онҳоро месанҷем, ҳамроҳашон кор мебарем. Баъди муайян намудани дараҷаи тахассусашон мо мусоидат мекунем, ки онҳо ба вазифаҳои баландтар таъйин гарданд.»

Аммо ҷаноби Қосимов афзуд, захираи кадрҳои кишвар, ки тақрибан 19 000 кадрро фаро мегирад, танҳо барои ниҳодҳои давлатии ғайринизомӣ, яъне шаҳрвандӣ рабт дошта, мақомоти қудратӣ кадрҳои хешро мувофиқи салоҳдиди худ тарбия ва таъйин мекунанд ва Хадамоти гумрук низ сохтори интизомӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG