Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти 5 захмии задухӯрди марзӣ


Бемористони Ғафуров
Бемористони Ғафуров

Аз 5 захмии муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафарашро то имрӯз аз бемористон ҷавоб додаанд, вале се тани дигар ҳамчунон дар бемористони шаҳри Ғафуров боқӣ мемонанд.

Ду захмии тирпаронии рӯзи 25 - уми август дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро табибон аз бемористон ҷавоб дода, табобати се маҷруҳи дигар идома дорад. Ин панҷ захмӣ - 4 сокини оддӣ ва як сарбози гурӯҳи марзбонӣ - шоми рӯзи 25 - уми август аз ҷои тирпарронӣ ба бемористони марказии шаҳри Ғафуров интиқол дода буданд.

Мурод Ҷӯраев, сардухтури бемористони мазкур дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2 – юми сентябр гуфт, “захми ду нафари захмӣ, ки ҷароҳатҳои нисбатан сабук доштанд, дар давоми як ҳафта беҳбуд ёфта, табибон иҷозат доданд, ки ба хонаҳояшон раванд.”

Ҳамин тавр, Ҳалимҷон Сатторов, сокини деҳаи деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки порчаи норинҷак ба гарданаш расида буд, дар пайи Мансур Ҷӯраев, ки ба тахтапушту дасташ тир расидаву вале нахоста буд дар бемористон бистарӣ шавад ва ба хонааш баргашта буд, аз бемористон ҷавоб шудааст.

Ба гуфтаи табибон, дар ҳоли ҳозир дар бемористони марказии Ғафуров 3 маҷруҳ : сарбоз - Умед Мирзоеви 19 сола ва дусокини одӣ: Ислом Ҷалилов ва Зайнидин Зиёев ҳанӯз бистарианд ва табобат мегиранд.

Рӯзҳои аввал табибон вазъи Зайнидини Зиёеви 29-соларо, ки низомиёни қирғиз ба баданаш 3 тир задаанд, хеле вазнин арзёбӣ мекарданд ва дар шӯъбаи эҳёи бемористони марказии Ғафуров бистарӣ карда буданд. Ҳоло ба гуфтаи табибони шӯъбаи осебшиносии ин бемористон, ҳолати саломатии ӯ беҳтар шудааст. Яке аз рафиқонаш, ки аз аёдати Зайнидин баргаштааст, дар бораи ҳоли вай чунин гуфт: “Ҳозир ҳолаш хуб. Ба худ омадаааст, гап мезанад. Аз вазнинхона ба шуъбаи умумӣ гузронидаанд.”

Дар тирпарронии рӯзи 25-уми август дар канори ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи Тоҷикистон 2 кушта ва 5 захмӣ барҷой гузошта буд. Яке аз куштаҳо - Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ дар ин хати марз ва ҷияни Абдураҳмон Азимов, собиқ раиси марзбонии Тоҷикистон буда, қурбонии дуюми ин ҳодиса - сокини ҷамоати Овчӣ Қалъача - Нӯъмонҷон Набиев мебошад, ки субҳи 26 август дар маҳалли зисташ ба хок супурда шуд.

Соли равон чандин бор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, муноқиша ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он 7 сокини деҳаи Бедаки Тоҷикистон захмӣ ва як нафарашон кушта шуданд. Дар рӯзи 11-уми январ дар тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар ва аксаран маъмурони милисаи Қирғизистон захмӣ шуданд. Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, сари хатти сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

XS
SM
MD
LG