Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми табрикии Раҳмон ба Отамбоев дар пасманзари задухӯрди Қалъача


Э.Раҳмон ва А.Отамбоев. Бишкек, 27 майи соли 2013
Э.Раҳмон ва А.Отамбоев. Бишкек, 27 майи соли 2013

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як паёми шодбошӣ ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоевро ба муносибати солгарди 23-юми истиқлоли Қирғизистон табрик кардааст. Ирсоли ин паём дар пасманзари таниши навбатӣ дар марзи ин ду кишвари ҳамсоя сурат мегирад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоевро ба муносибати солгарди истиқлоли Қирғизистон табрик гуфтааст. Дар барқияи табрикии Раҳмон ба Отамбоев, ки матнаш субҳи 31 август дар сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон - president.tj - нашр шуд, бо арзи табрикот ба Отамбоеву мардумаш ва орзуи сулҳу шукуфоӣ ба “халқи бародари қирғиз” аз ҷумла гуфта мешавад: “Қирғизистон барои мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад ва мо барои тавсеа ва таҳкими муносибот миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дорои анъанаҳои бойи таърихианд, ҳавасмандем. Умедворам, ки ба мо муяссар мешавад якҷоя шарикии кишварҳоямонро, ки ҷовобгӯи аслии манфиатҳои ду халқи бародар аст, таҳким бахшем.”

Қирғизистон рӯзи 31 август солгарди 23-юми истиқлолаш аз Иттиҳоди Шӯравиро ҷашн мегирад. Аммо барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Алмосбек Отамбоев ба муносибати солгарди 23-юми истиқлоли Қирғизистон нахустин мавриди расонаишудаи мукотибаи расмии ин ду раҳбар дар пайи таниши ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистонзадухӯрде рух дод, ки бар асари он як марзбони тоҷик ва як сокини рустои Қалъачаи ҷамоати Овчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кушта ва 5 сокини дигари ин русто захмӣ шуданд. Сокинони Қалъача мегӯянд, ки низомиёни қирғиз болои мардуми бесилоҳе, ки алайҳи сохтмони пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон дар ин маҳал эътироз мекард, тир кушодаанд. Аммо мақомоти Қирғизистон дар ин қазия марзбонҳо ва сокинони Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса ба Душанбе нотаи эътирозӣ фиристода, аз ҷумла навишт, ки задухӯрд на дар минтақаи баҳсӣ, балки дар мавзеи Қулунду дар дохили қаламрави Қирғизистон сурат гирифтааст: “Ҳангоми ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва гирифтани пеши роҳи тахриби пул, низомиҳои Тоҷикистон алайҳи низомиҳои Қирғизистон аз силоҳ тир кушоданд, ки мунҷар ба даргирӣ байни низомиҳои Қирғизистону Тоҷикистон шуд. Бар илова, дар ҷараёни даргирии нимсоата посгоҳи марзбонии “Қулунду” таҳти оташи миномёт аз қаламрави Тоҷикистон қарор гирифт.”

Яке аз захмиҳои задухӯрди марзӣ
Яке аз захмиҳои задухӯрди марзӣ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ дар вокуниш ба ин моҷарои навбатии марзӣ ба Бишкек нотаи расмӣ фиристод ва кишвари ҳамсояро бори аввал аз эҳтимоли истифодаи нирӯ ҳушдор дод. Дар иттилоияи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи 26 август нашр шуд, нақзи тавофуқоти қаблӣ ва “кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр” ғайри қобили қабул унвон ва ҳамчунин бо як лаҳни ба таври бесобиқа тунд гуфта мешавад: "ҷониби Тоҷикистон, дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо, ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз нерӯ ва имконоти мавҷуда, раво медонад."

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки то имрӯз аз 970 километраш ҳамагӣ чизе бештар аз 500 километри он таъину аломатгузорӣ шудааст, дар солҳои охир ба як минтақаи танишзо табдил ёфтааст. Рӯшзи 11 январ дар як даргирӣ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон 2 марбози тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуда, дар моҳи апрел аз тири низомиҳои қирғиз як сокини рустои Бедаки Исфара кушта ва 7 ҳамдеҳаи ӯ захмӣ шуданд. Баъди задухӯрди аввал Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро барои 3 моҳ баста, сафирашро низ аз Душанбе “барои машварат” фаро хонда буд.

Марзи Исфара бо Бодканд. Акс аз майи соли 2014
Марзи Исфара бо Бодканд. Акс аз майи соли 2014

Баъди ҳар таниш кумиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон барои баррасии вазъ ва баҳси роҳҳои ҳалл гирди ҳам меояд, вале маъмулан бо таъсиси кумиссиюни муштараки таҳқиқи моҷарои навбатӣ ва ташкили гурӯҳҳои нави корӣ иктифо мекунад. Баъди задухӯрд дар марзи рустои Қалъача бо ноҳияи Лайлак низ ҳайатҳои ду кишвар дар Бишкек ҷаласа барпо карда, барои таҳқиқи ин қазия чунин як кумиссиюни муштарак ташкил доданд. Вале коршиносони ҳарду ҷониб мегӯянд, Душанбеву Бишкек то ҳол барои ҳалли куллӣ ва решаии масъалаи марз иродаи кофии сиёсӣ зоҳир накардаанд ва оташи пурра хомӯшношудаи баҳсҳои марзӣ як мояи аслии дардисарҳои амниятии ҳарду кишвар боқӣ мемонад. Хокистари ин баҳсҳо метавонад имрӯз дар як қитъаи ин марзи 970-километрӣ ва фардо дар қисмати дигараш аланга бигирад.

XS
SM
MD
LG