Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи содироти гази Туркманистон ба Эрон


Ду рӯз баъд аз инки Эрон эълом кард, ихтилофҳо бо Туркманистонро дар мавриди қарзҳои газ ҳал кардааст, рӯзи якшанбе Ширкати миллии гази Эрон эълон кард, ки Ишқобод содироти газ ба Эронро қатъ кардааст. Тибқи баёнияе, ки шаби якшанбеи 1 январ дар сайти расмии Ширкати миллии гази Эрон мунташир шудааст, Туркманистон "бо вуҷуди созиши ҳосилшуда", содироти газ ба Эронро ба таври комил қатъ кардааст.

Ин гузориш мегӯяд, ки бар асоси қарордоде, ки аз 20 соли пеш миёни Ширкати миллии гази Эрон ва ширкати "Туркмангаз" имзо шуда шуда буд, минтақаҳои шимолии Эрон бо гази Туркманистон таъмин мешуданд. Эрон соли гузашта ҳудуди 9 миллиард метри мукааб аз Туркманистон газ дарёфт карда буд ва ин рақам назар ба як соли пеш аз ин, ду баробар зиёд будааст.

Эрон мегӯяд, ки бо вуҷуди созиши ҳосилшуда, Туркманистон содироти газ ба ин кишварро ба таври комил қатъ кардааст.

Тибқи гузориши Ширкати миллии гази Эрон, "дар тӯли ин муддат аз тарафи ширкати туркманӣ гоҳ-гоҳ рафторҳое хилофи қарордод сар задааст, ки муҳимтарини он қатъи ҷараёни газ дар авҷи сармои соли 2008 буд, ки мутаассифона сабаби пазируфтани хостаҳои номаъқули ширкати "Туркмангаз" ва афзоиши 9 баробари қимати газ шуд".

Пеш аз соли 2008 қимати гази содиротии Туркманистон ба Эрон ҳудуди 40 доллар барои 1000 метри мукааб буд. Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки Туркманистон иддао дорад, ки Эрон барои воридоти газ дар солҳои 2008 ва 2009 аз он кишвар 1,8 миллиар доллар қарзи газ дорад, аммо Эрон ин рақамро қабул надорад.

Гузориши ширкати миллии гази Эрон мегӯяд, ки "дар 3 соли ахир бо талошҳои суратгирифта, маблағҳои вобаста ба хариди газ ба таври комил ба ширкати "Туркмангаз" пардохта шуд ва музокирот барои чигунагии бозпардохти қарзҳои гузашта низ оғоз шуд, ки дар музокироти ахир мавриди тавофуқи тарафайн қарор гирифт."

Ин гузориш меафзояд, ки "ширкати Туркмангаз ба таври ногаҳонӣ ва берун аз созиши баамаломада ба таври ғайримантиқӣ ва мухолиф бо қарордоди имзошуда бори дигар дар оғози фасли сармо бо ин иддао, ки бояд маблағи мавриди муноқиша ва ихтилофро ба сураът дарёфт кунанд, аз субҳи имрӯз (якшанбеи 1 январ) интиқоли газ ба Эронро қатъ карданд."

Пеш аз ин иддаои ҷониби Туркманистон, мудири иҷроияи Ширкати миллии гази Эрон гуфта буд, ки қарордод ва воридоти газ аз Туркманистон ба Эрон ҳамчунон то панҷ соли оянда барқарор хоҳад буд ва ҳар ду кишвар ба иҷрои он пойбанд ҳастанд. Ӯ хабар дода буд, ки қарор аст дар мавриди ихтилофоте, ки вуҷуд доранд, дар ду моҳи оянда кумитаҳои муштарак тасмимгирӣ кунанд ва натиҷаҳои онро эълон намоянд.

Аммо ҷониби Туркманистон то ба ҳол дар робита ба cабабҳои қатъи газ аз ин кишвар ба Эрон, вокунише нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG